Омори ҳафта: Дархости 4951 китоб дар ҳафт рӯз

Китобхонаи миллӣ Нигина Давлатова, сармутахассиси шуъбаи Абонементи байни китобхонаҳои Китобхонаи миллӣ мегӯяд бознишастагону солмандоне ҳастанд, ки тӯли сол пайваста аз хидматрасониҳои ин шуъба истифода мекунанд. Барои мисол вай аз Муҳаббатшоҳ Мамадвафоеву 80-сола ёд кард, ки номзаи илмҳои геология-минерология аст ва ба синну солаш нигоҳ накарда, ҳамеша меояд ва китоб мебараду меорад. Нигина Давлатова аз чанд нафари дигар, аз ҷумла аз Ҷӯрабой Раҷабов ном бурд, ки 72 сол дорад ва яке аз хонандагони фаъоли ин шуъба аст.

Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо (АБК) ба хонандагон ҳамарўза хидмат расонда, онҳоро бо ғизои маънавӣ, ки китоб аст, таъмин менамояд. Масалан хонандагоне, ки узви ин шуъба ҳастанд, аз адабиёти классикии тоҷик китобҳои  «Таърихи Табарӣ», «Қобуснома», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Гулистон», «Чор дарвеш», ва аз адибони ҷаҳон бештар Гогол,Уилям Шекспир, Ҳамлет, Жюл Верн, Чехов, Эмил Золя, Иван Бунин, Дастоевский, Лу Син, Пушкин,Тургенев, Абай дархост мекунанд.

Ба иттилои Нигина Давлатова як зумра аз касоне, ки китоби бештар дархост мекунанд, довталабони ширкат дар озмунҳо мебошанд. Баъзеҳо имкони омада дар китобхона китоб хондан надоранд, аз ин рӯ аз имтиёзи китоб ба хона истифода мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки хонандагоне, ки узви ин шуъба мебошанд, метавонанд на танҳо китобҳо, балки маҷаллаҳоро ҳам ба муҳлати то 14 рӯз бигиранд. Тавре Нигина Давлатова гуфт, бештар маҷаллаи “Садои Шарқ” дархост карда мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки аз 20  то 30-уми октябри соли равон  589 нафар соҳиби корти хонанда гардидаанд. Дар ин муддат 3040 нафар вориди Китобхона шуда, 4951 китоб дархост кардаанд.

Раҳима Бобоева