Оё Абурайҳони Берунӣ ба тахти Ҳинд мансуб шудани Сайфуддавла Маҳмудро пешгӯӣ карда буд?

Абурайҳони Берунӣ Ин ҳам як баҳси таърих аст, ки ба қасидаҳои шоирони аҳли дарбор иртибот мегирад. Маъмулан шоирони дарбор мисли солноманависон дар қасидаҳои худ фатҳу кушоиҳои шоҳонро ситоиш мекарданд ва то ҷое чигунагии ин пирӯзиҳоро дар либоси назм баён мекарданд. Аммо баъзан дар ин тасвирҳо хеле иғроқ ҳам дида мешавад, ки ба воқеъияти таърих дуруст намеояд. Як чунин даъво он аст, ки мегӯянд ба салтанати Ҳинд нишастани Сайфуддавла Маҳмудро пештар Абурайҳони Берунӣ пешгӯӣ карда буд.

Евгений Эдуардович Бертелс дар “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” (Душанбе, 2015) ҳамин баҳсро ин гуна ба риштаи таҳлил кашидааст ва хулоса баровардааст:

Ба сухане дигар, ӯ  андаке пеш аз бар тахт нишастани Иброҳими Ғазнавӣ 450 – (1058/1059-и тарсоӣ) дида ба ҷаҳон гумшудааст. Иброҳим дар соли 469 (1076/1077-и тарсоӣ) писари хеш Сайфуддавла  Маҳмудро ба фармонравоии мутасаррифоти Ҳинд гумошт. Масъуд Саъди Салмон ба муносибати рухдод қасидае сурудааст, ки бо ин байт оғоз мешавад:

Чу рӯи чарх шуд аз субҳ чун саҳифаи сим,
Зи қасри шоҳ маро мужда дод боди насим.

Мужда, ҳамоно хабари гумошта шудани Маҳмуд бо фармонравои  Ҳинд аст. Шоир мегӯяд, ки рухдод пешгӯӣ шуда будааст:

Ба соли панҷоҳ з-ин пеш гуфт, Бурайҳон,
Дар он китоб,ки кардаст номи ӯ тафҳим.

Ки подшоҳе соҳибқирон шавад ба ҷаҳон,
Чу соли ҳиҷрат бигзашт, “т”-у “син”-у се “ҷим”

Пайдост, ки ин ҷо модаи таърих аз рӯи Абҷад омада ҳамоно 400+60+3х3 ва баробар аст бо 469 ногуфта пайдост Абурайҳон, ки дар ин ҷо сухан аз ӯ меравад, донишманди хоразмӣ Абдурайҳон Муҳаммади Берунӣ аст, ки ба ростӣ китобе ба номи “Алтафҳим лиавоил саноат аттанзим” (“Равшансозии оғози ҳунари ахтаршиносӣ”) дар бораи  ҳандаса, ҳисоб, ахтаршиносӣ ва ахтарбинӣ навиштааст. Берунӣ ин китобро дар  соли 421 (1030-и тарсоӣ), яъне чиҳилу ҳашти соли қамарӣ, пеш аз рухдоди  ёдшуда навишта аст,  менамояд, ки гуё ёдоварии шоир дуруст буда бошад. Аммо, дар нусхаҳои хаттии асари Берунӣ, ки бар он огоҳӣ ҳаст, чунин  пешгӯие нест. Нохудогоҳ ин андеша меояд, ки оё шоир хаёлбофӣ намекунад?

Шояд ӯ умедвор буда, ки фармонравоён, ки  чандоне ҳам ба  корҳои илмӣ иштиёқе надоштаанд, ин хабарро баррасӣ нахоҳанд кард ва афзун бар он “тафҳим”-ро овозае чун китоби дарсии “ситорабинӣ” буда, аз ин рӯ касе дар шигифт намешудааст, ки дар он пешгӯӣ ҳам бошад. Агар чунин бошад, он гоҳ дар баробари мо намунаи кунҷковбарангези ин нукта аст, ки шоирони дарборӣ, чӣ гуна кор мекардаанд. Аммо  пайдост, ки шояд ҳам шоир маҳақ аст ва он нусхаи “Тафҳим”, ки пешгӯӣ дар он буда, ҳанӯз ёфт нашудааст. Ба ҳар ҳол, яксара метавонем бипазирем, ки ин қасида оғозитарин чакомаи таърихдори Масъуд аст. Дар бештари зиндагиномаи Масъуди Саъд гуфта мешавад, ки дар он ҳангом (яъне дар соли 469-ҳиҷрӣ), вазифаи  шоирӣ дар дастгоҳи шоҳзода Маҳмуд ба ӯ супурда шуд. Аммо М.Қазвинӣ ёдовар  шудааст, ки ин додаҳо ҳеҷ бунёде надорад ва шоир, пештар ҳам ба Сайфуддавлаи Маҳмуд вобаста будааст. Пайковии девон, ин дидмони М. Қазвиниро яксара устувор мекунад. Масъудро падараш дар Ғазнин ба шоҳзода муаррифӣ карда будааст:

Раҳӣ писарро ин ҷо ба ту супурд имрӯз,
Ки дӣ раҳеро он ҷо  ба ту супурд падар.

Менамоям, ки пеш аз ин интихоб ҳам, Масъуди Саъд ба ҳангоми  лашкаркашӣ ба Ҳинд ҳамроҳи Маҳмуд будааст. Чунончи, қасидае дар барги сесаду ҳафтоди девон меёбем, ки бо ин байт оғоз мешавад:

Ду саодат  ба вақти фароз омад танг:
Яке аз гардиши солу яке аз шӯриши ҷанг.

Аз китоби Е.Э.Бертелс “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” таҳияи Малика Абдуллоева.