Пешвои миллат ва ҷаҳони имрӯз. Бахши охир

Пешвои миллатМактаби Фарҳанги сулҳ бо ҳама бурду бохтҳояш барои мо як мактаби бузурги ҳаёт, як сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ гардид. Аз шарофати сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ мо нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳоро пеш гирифта, қисме аз онҳоро ба сомон расондем. Ва боз ҳадафҳои бузурги созандагие дар пеш дорем, ки ба асри оянда нигаронида шудааст. Эҳёи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни шак бузургтарин дастовардест, ки барои миллати тоҷик муяссар шудааст. Яъне, дар пойгоҳи давлати кӯҳанбунёди Сомониён давлати миллии тоҷикон қомат афрохт ва чун ворисони шоистаи Оли Сомон рисолати давлату давлатдории деринаро умри тоза бахшид.

Раванди нави таърих бар дӯши давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, пурмасъулият ва вазнин гузошт. Мо бояд ба равандҳое, ки дар микёси ҷаҳони имрӯза сурат мегиранд ва баъзан чун зилзилае ин ё он гӯшаи сайёраро такон медиҳанд, баҳои муносиб дода, роҳи дурусти пешрафтро интихоб карда тавонем. Албатта, дар остонаи асри XXI, ки китъаҳои Осиё ва Аврупо чун вулқоне гирифтори нооромиҳост, муайян кардани роҳи ояндаи пешрафти Тоҷикистон дучанд мушкилтар мебошад. Зеро Тоҷикистон ҳам аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва ҳам аз лиҳози минтақаи геополитикӣ дар чорсӯйи бархӯрди манфиатҳои давлатхои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсию идеологӣ қарор дорад. Фақат ёдрас намудани роҳу равиши хосаи Ҷумҳурии Эрон бо низоми сиёсии ислом, Ҷумҳурии Халқии Хитой бо низоми коммунистӣ ва Федератсияи Россия бо раванди навхези демократия бароямон басандааст.

Вақте ки сухан аз боби Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна меравад, дар пешорӯйи ҷумҳурии мо хоҳу нохоҳ муайян кардани муносибати худ ба дини ислом қарор мегирад. Зеро дини ислом дар давлатҳои ин минтақа вобаста ба роҳи интихобкардаашон нақши гуногун дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон озодии виҷдон, эътиқод, ақида ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсияи мамлакат кафолат дода мешавад. Мӯътақидони дини ислом ва дигар оинҳои мавҷуда дар адои маросимҳои динӣ озодии комил доранд ва Иди саиди Фитру Иди мубораки Қурбон чун идҳои умумихалкӣ – рӯзи истироҳати аҳолии кишвар эълон шуда, аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд.

Мо ба дини мубини ислом чун як сарчашмаи покизаи маънавӣ, руҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем. Вале, сарфи назар аз ҳамаи ин, бояд фаромӯш накунем, ки мамлакати мо дар тӯли 70-сол дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт ва бархилофи кишварҳои шарқи исломӣ бисёр принсипҳои ҷомеаи мутамаддинро пазируфт ва аз тарзи зиндагии дунявӣ баҳравар гардид.

Мо аллакай як маротиба меваи талхи ба инобат нагирифтани хусусиятҳои хоси ҷомеаи Тоҷикистон ва пайравиро аз идеологияи бегона чашидем. Бо назардошти вазъи минтақа ва талошҳои геополитикӣ, халқи тоҷикро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, гирифтори бегонапарастӣ ва идеологияи таҳвилёфтаи кишварҳои манфиатдор нагарданд.

Принсипи бидуни зӯроварӣ бунёд намудани ҷомеаи демократии дунявӣ, бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии халқи тоҷик, роҳест, ки мо интихоб намудаем ва бо ҳамин роҳ пеш меравем. Ин роҳи пешгирифта ҳуқуқ ва озодиҳои кулли шаҳрвандони мамлакатро таъмин намуда, зиндагии осоишта, меҳнати осудаҳолона, тарзи ҳаёти дунявӣ, фаъолияти иҷтимоӣ ва сиёсии доираҳои васеи мардумро пуштибонӣ менамояд. Яъне раванди қатъии бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ягона роҳи осоишта ва муносибест, ки сокинони Тоҷикистонро ба сӯйи асри XXI ҳидоят менамояд. Ин роҳест, ки халқ, интихоб намудааст ва ҳеч неруе ҳақ надорад, ки аҳли ҷомеаи моро аз роҳи интихобкардааш боздошта, тарзи ҳаёт, ақидаю идеология, шакли руҳоният ё фарҳангу оини худро ба сари мардум зуран бор намояд.

Самтҳои асосии сиёсати давлати мо дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва башардӯстона, бидуни ташаккули иқтисоди пешрафта ва тавонои миллӣ ҳамчун организми том ва худтанзимкунанда имконнопазир аст. Азбаски аксари кулли кишварҳои тараққикардаи олам муносибатҳои бозориро ба таври катъӣ интихоб намуда, дар тӯли даҳсолаҳо бо ин роҳ устуворона пеш мераванд, мо ҳам аз ин дурнамои иқтисодӣ дар канор буда наметавонем. Мо роҳи эҷод ва бунёди муносибатҳои солими бозориро пеш гирифта, дар самтҳои пешрафтаи хеш сиёсати иқтисодиеро пуштибонӣ менамоем, ки моҳияти иҷтимоӣ ва башардӯстона дошта бошад. Ҳадафи асосии ин сиёсат таъмини адолати иҷтимоӣ дар чорӯбаи арзишҳои демократӣ ва вобаста ба шароити мушаххаси ҷугрофӣ ва табиии Тоҷикистон пеш бурдани иқтисодиёти мамлакат мебошад.

Инқилоби илмию техникии асри XX дар пешорӯйи инсоният мушкилоти нав – муносибати оқилона бо табиат ва ба инобат гирифтани қонуниятҳои экологияро мегузорад. Яъне, ба эътибор нагирифтани қонуниятҳои табиат, дарҳам шикастани мувозинати мавҷудаи муҳити зист, ифлоскунии атмосфера, хароб шудани қишри Замин, заҳролуд гаштани ҳавзаҳхои об ва дигар кирдорҳои кӯтоҳандешонаи инсон, ки худро ба табиат муқобил мегузорад, боиси аксуламалҳои ҷавобӣ хоҳад шуд. Ҳанӯз дувуним ҳазор сол аз ин муқаддам файласуфи юнонӣ Гераклит гуфта буд: «Хирадмандӣ, адолат ва ҳикмати бузург дар он аст, ки мувофиқи қонунҳои табиат амал кунӣ, ба он гӯш диҳӣ ва ҳақиқатро дарёбӣ».

Мувофиқи маълумоти олимон дар қишри пиряхҳои рӯйи Замин, ки асосан дар Гренландия ҷойгиранд, аз ғояти гармшавии иқлим, обшавии яхҳо сол то сол меафзояд. Тайи садсолаи охир аз яхҳои обшудаи ин ҷазира оби уқёнусҳои олам тақрибан 50 миллиард тонна афзуд. Бино ба тадқиқоти мутахассисони амрикоӣ ҳар сол ин ҷазираи азими яхпӯш беш аз 17,6 километри квадратӣ захираҳои яхашро аз даст медиҳад. Ногуфта намонад, ки 91 фоизи яхҳои курраи арз дар Антрактида ҷойгиранд ва гармшавии иқлим ба обшавии пиряхҳои бузурги ин қитъа сабаб мегардад. Дар натиҷа оби уқёнусҳои ҷаҳонӣ афзуда, барои бисёр мамлакатҳои дар водиҳои пасти Замин ҷойгирбуда хатарҳо эҷод мекунад ва боиси обхезиҳо мегардад.

Дар мисоли шароити табиӣ ва ҷиҳатҳои хосаи ҷуғрофии Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ низ мо метавонем таъсири равандҳои глобалиро муқоиса намоем. Олимони Тоҷикистон дар асоси муқоисаи харитаи геодезӣ ва аксҳои кайҳонии вазъи пиряхҳо дар моҳҳои август-сентябри панҷоҳ соли охир ба хулосае омаданд, ки захираҳои оби яху барфи яке аз калонтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ –пиряхи Федченко дар Помир қариб сеяк баробар кам шудааст. Агар таъсири номатлуби иқлими сайёра, ки алҳол давраи гармшавиро аз cap мегузаронад, бо ҳамин минвол рафтан гирад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко асаре бокӣ монад.

Ин муқоисаи изтиробангези олимон, ки аз шароити ҷугрофӣ Ва табиии кишвари мо бармеояд, ҳушдор медиҳад, ки агар барои нигоҳ доштани захираҳои обии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида нашавад, он гоҳ барои тамоми мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ давраи вазнин ва пурфоҷиае фаро мерасад. Модом ки барои рӯёндани 1 тонна ғалла ҳазор тонна об ва барои эҳтиёҷоти ҳар инсон дар як сол қариб 10 тонна оби нушокӣ сарф шавад, пас зарурати дар соли байналмилалии об расидан ба қадри ҳар қатра оби нушокӣ дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дучанд меафзояд. Чунонки мебинем проблемаи зикршуда хусусияти глобалӣ дорад ва ҳамкориҳои мустақими ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиро тақозо менамояд. Яъне, тағйир ёфтани вазъи табиат ва cap задани хатарҳои экологӣ, гузашта аз ин кам шудани захираҳои ашёи хом ва сузишворӣ дар назди башарият ва давлатҳои хурду бузурги сайёра талаботи қатъие пеш мегузорад, ки дар асри XXI ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ оқилона, хайрхоҳона ва эҳтиёткорона муносибат намоянд.

Бартараф намудани хатарҳои экологии дороӣ миқёси глобалии имрӯза тундравиро намеписандад. Ин проблемаҳо вақтҳои наздик ба мадди аввал баромада, тамоми низоми муносибатҳоро на танҳо дар саросари Осиёи Марказӣ, балки дар минтақаи фарогире барои даҳсолаҳои асри XXI муайян хоҳад кард, ки ба он проблемаҳои баҳри Арал, кӯли Сарез ва ғайра ғамроҳ мегардад….

Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Душанбе, 2009

Таҳияи кормандони Медиатекаи Президаентӣ
Марзия Зардодхонова
Меҳрангез Муҳаббатова