Пешвои сулҳпарвари миллат
Чунин унвон дорад мақолае, ки дар китоби “Эмомали Раҳмон – сиёсатмадори барҷастаи даврони нав” (нашриёти “Ношир” Хуҷанд, 2020) ба қалами Ваҳҳоб Набиев ба забони узбекӣ чоп шудааст. Гуфтанист, ин китоб ба сурати маҷмуаи мақолаҳо ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ ба нашр расидааст, ки дар зер мухтасари мақолаи узбекии дар боло зикршударо меоварем.
Дар таърихи куҳан ва деринасоли халқи тоҷик давраҳои ҳассосу ноором ва ҳамчунин даврони созандагиву бунёдкорию рушду инкишоф вуҷуд дошт. Даврони Сомониён намунаи барҷастаи ин гуфта аст. Бахусус, Исмоили Сомонӣ бо рўҳияи сулҳпарваронаи худ ин давлатро ба оромию осудагӣ расонд ва ба пешрафту созандагию бунёдкории ин давлат машғул шуд. Пас аз фурӯпошии собиқ давлати тавонои Шўравӣ ва пеш омадани муноқишаҳои дохилӣ ва нофаҳмиҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ин вазъиятро пушти сар гузошт. Пас аз чанд муддат, бо барқарории сулҳу субот ва истиқлоли Тоҷикистон Пешвои тавонои миллат Эмомалӣ Раҳмон рушду нумуъи давлати Сомониёнро хотирнишон кард. Сарвари давлат Эмомали Раҳмон суханони худро тақвият дода, мегўянд: “Мо бояд ифтихор кунем, ки мардуми тоҷик аз азал сулҳпарвар, фарҳангдўст ва созанда буд”.
Эмомалӣ Рамон, ки дар як даврони ошуфтаву бебандубор зимоми ҳокимиятро ба даст гирифта буданд, дар аввалин суханронӣ аз сулҳ ҳарф заданд ва бо боварии комил эълон доштанд, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам”. Сарвари давлат тӯли замони роҳбарӣ ба ҳамин савганду ба ҳамин сухани худ содиқ монданд ва дар ҳақиқат барои миллати худ, барои мардуми Тоҷикистон ҳамин сулҳро оварданд.
Ҳазорон нафар овораҳо ба Ватан баргаштанд ва ободонии кишвар шуруъ гардид. Шукуфоии имрӯзаи кишвар, рушди Тоҷикистон ин ҳама самараи талошҳои ҳамин абармарди таърих аст.
Дарвоқеъ, агар сулҳ намешуду ҷанг идома мекард, магар мо Тоҷикистонро имрӯз чунин ободу шукуфон медидем?
Хонандагони азиз китоби “Эмомали Раҳмон – сиёсатмадори барҷастаи даврони нав”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Зебонисо, Давлатова,
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.