Профессор Асозода: Пайванди рӯҳонии Сайид Нафисӣ бо Садриддин Айнӣ. Бахши 1
Қарни бистум ва нахустин солҳои оғозинаш дар се кишвари форсизабон – Эрон, Афғонистон ва амирсолории Бухоро, ки ба таъбири устод Айнӣ порчае аз Туркистон махсуб меёфт, бо воқеаҳои фавқулодааш таъсири ҳамаҷониба расонид. Воқеаи аз ҳама чашмрас он буд, ки дар ин се минтақа аз солҳои 90-уми садаи XIX сар карда, нишонаҳои ҷомеаи сармоядорӣ сар ворид намуд ва ин ҷиҳат, пеш аз ҳама ба муҳити адабиву фарҳангии кишварҳои марбута таъсири мусбат ворид сохт. Метавон гуфт, ки сарфи назар ва сиёсатҳои мавҷуда табақаи фарҳангии Эрону Афғонистону амирсолории Бухоро ва аз соли 1924 сар карда Тоҷикистон байни худ робитаҳои фарҳангӣ доштанд ва ба воситаи фаъолиятҳои тиҷоратӣ аз эҷоди якдигар воқиф мегардиданд.
Аммо ин раванд, ба хусус аз солҳои бистуми қарни ХХ сар карда рӯ ба ривоҷу равнақ меорад. Ҳамин айём аст, ки номҳое аз чеҳраҳое адабиву фарҳангӣ дар шахси С.Айнӣ, А.Фитрат, М.Баҳор, С.Нафисӣ, М.Тарзӣ ва амсоли онон дар байни сатрҳои навиштаҳо пайдо мешаванд ва аз муштаракияти забону адабиёти форсӣ дар се ҳавзаи адаби форсӣ Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон гувоҳӣ медоданд. Мо ин ҷо сари мавзуи муштаракияти адабиёти форсии Эрон, дарии Афғонистон ва тоҷикии Тоҷикистон баҳс намекунем, зеро бисёрҳо навиштаанду гуфтаанд ва хулосаи илмӣ он шудааст, ки мо як адабиёт дорем, ки аз се шоха иборат аст: форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ (Асозода Х. Адабиёти садаи 20-и форсии тоҷикӣ. Ч 2- Душанбе, 1996 с 8-22).
****
Метавон гуфт, ки устодон Садриддин Айнӣ ва Сайид Нафисӣ аз поягузорони насри муосири форсӣ дар Эрону Тоҷикистон мебошанд. Вақте ки мо истилоҳи “наср”-ро дар мавриди ин ду чеҳраи шинохтаи дунёи форсизабон истифода менамоем, маънияш на он аст, ки онҳо на фақат насри бадеӣ офаридаанд, балки он ҳам мебошад, ки ин ду дар тамоми навъҳои насрӣ бадеӣ, таърихӣ, педагогӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва ғайра асарҳо эҷод кардаанд. Дар таърихи адабиёти форсии муосир бисёр кам ба мушоҳида расидааст, ки нависандае ҳам ҳикояву қисса, роман, ёдддошт офарад ва ҳам китобҳое рӯйи чоп орад, ки оид ба фаъолияти шоирони пешини муосир баҳс менамоянд. Яъне, ҳам С.Айнӣ ва ҳам С.Нафисӣ ба эҷоди осори бадеӣ, тарҷума таҳлили матнҳои форсӣ, таҳкими адабиёт, луғат ва луғатнависӣ, китобшиносӣ ва ғайра машғул буданд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат С.Айнӣ ва С.Нафисӣ бо ҳам қаробати ногусастанӣ доранд. Қаробати дигар он буд, ки С.Айнӣ ва С.Нафисӣ дар оғоз шеър гуфтаанд ва баъд дар ҷодаи насри бадеӣ ва таҳқиқи он қарор гирифтаанд. Боз қаробати фарҳангии дигар ин аст, ки онҳо дар мактабҳои ҷиддии суннатӣ тарбият дидаанд. Дуруст аст, ки С.Айнӣ боре берун аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Маскав ба хориҷ сафар накарда ва тарбияи аврупоӣ нагирифта буд, чунонки С.Нафисӣ аз ин ҷиҳатҳо бархурдор будааст. Албатта, муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии С.Нафисӣ аз муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии С.Айнӣ пешрафтатар буд ва ягона донише, ки С.Айнӣ дар ин боб мехост бардорад ба воситаи тарҷума мебошад. Мутолиаи фаровон боис гардид, ки С.Айнӣ дониши суннатиро ба дониши муосир пайвандӣ мантиқӣ диҳанд. Душвор аст муқоиса кардан, ки дониши кадоме аз эшон боло буд ва нотакрор, вале воқеият ин аст, ки ҳарду адабиёти пешинаи форсро хеле хуб ва дақиқ медонистанд ва мешавад гуфт, ки онҳо ба воситаи эҷоди мунтазам ва мукотибот ягдигарро тавсиа бахшидаанд.
Гумон меравад, ки нахустин ошноии С.Нафисӣ бо С.Айнӣ ба воситаи қиссаи “Одина”, ки соли 1924 дар шумораҳои рӯзномаи “Овози тоҷик” ва маҷаллаи “Роҳбари дониш” ба нашр мерасид ва табиист, ки аз ин шумораҳо хонандагони эронӣ ҳам бархурдор мешуданд, сурат гирифта бошад. Яке аз ин хонандагон бонуи эронӣ Шукӯҳи Ховариён будааст, ки баъд аз мутолиаи “Одина” дар номааш хушнудӣ ва эҳсосоти худро чунин баён доштааст: “Дар шумораи маҷаллаи “Раҳбари дониш” зери унвони “Якумин қиссаи инқилобии тоҷик”, “Одина” асари С.Айнӣ як риштаи навиштаҳое хондам, ки эҳсосоти маро муҳаррик шуд, ки ин муросаларо ба шумоҳо, ки ношири афкори озод ва инқилобии форсизабонон ҳастед, бинависам. Ман ҳанӯз, ин китоби муқаддасро, ки намунае аз нолаҳо ва фарёдҳои бадбахтон ва гирифторони Шарқ аст, надидаам, ҳанӯз фусули ақидаи онро, ки ҳар таблои ҳуснангез хоҳад буд, аз ҷулуи чашмам нагузашта, вале ҳамон навиштаи шумо ба ман ҳам собит мекунад, ки тамоми омол аз орзуҳои меҳнаткашони Шарқ хусусан форсизабонон, дар он ҷамъ хоҳад буд” ( Айнӣ.К. Бист гуфтор аз маънавият- Душанбе. Адиб- 2004с 160-161).
Тахмин кардан мумкин аст, ки ҳамон айём С.Нафисӣ низ аз маҷаллаи номбурда огоҳӣ пайдо намудааст. Гузашта аз ин С.Айнӣ қабл аз ин ки бо супориши ҳукумати Тоҷикистон барои навиштани тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” омодагӣ бигирад, ҷиҳати таваҷҷӯҳи фарҳангиёнро ба ин мавзӯъ ҷалб кардан, 2 марти соли 1925, дар рӯзномаи “Овози тоҷик” бо унвони “Ба ошиқони адабиёти тоҷик…” муроҷиатномаеро ба чоп мерасонанд. Соли 1925, вақте ки ин тазкира дар Маскав бо ибтикори бевоситаи А.Лоҳутӣ рӯйи чоп омад, ҷилде аз он ба Теҳрон ҳам расид, ки хеле ба зудӣ С.Нафисӣ бо дифоъи он баромад ва нахустин форсигӯйи хориҷие буд, ки ба “Намунаи адабиёти тоҷик” тақризеро дар рӯзномаи “Шафақи сурх”, аз 3 марти соли 1927 ба чоп расонида (Ҳамон ҷо.с161), аз ҷумла чунин таъкидро раво дидааст: “Барои ҳар касе, ки дар адаби порсӣ кор мекунад, лозим аст, ки як нусха аз ин китоб бо худ дошта бошад ва ба ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоақал як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони туркистонии мост, бихонанд”(Шафақи сурх, 28 шаъбон,1345)
****
Сайид Нафисӣ 18 июни соли 1895 дар шаҳри Теҳрон аз оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Падараш Алӣ Акбар Нафисӣ бо тахаллуси Нозимлутаббо маъруф буд. Илова бар ин ки ин падар яке аз донишмандони соҳаи тиб буд ӯ дар боби забоншиносӣ ва луғатсозӣ асарҳо дошт. Мавсуф яке аз нахустин маорифпарварони эрони охирҳои қарни XIX буд, ки мактабҳои навъи ҷадидро таъсис додааст. Яке аз чунин мактабҳо “Шараф” ном дошт, ки соли 1898 ба фаъолият пардохтааст. Дар ҳамин замина, Алӣ Акбари Нафисӣ алифбои наве тартиб медиҳад ва доир ба сарфу навҳи забони форсӣ дастури таълимие бо номи “Номаи забономӯз”-ро рӯйи чоп меоранд. Тасаввур мешавад, ки С.Нафисӣ дар ҳамин навъ хонаводаи фарҳангӣ тарбия меёбад.
Сайид Нафисӣ 5-6 сол дошт, ки ба мактаби “Шараф” шомил мегардад ва баъд аз се сол ба мадрасаи “Исломоия” ворид шуда, таҳсилро идома медиҳад. Пас аз дарёфти маълумоти мутавассита озими Сувис мегардад ва дар соҳаи омӯзиши забонҳои Юнони Қадим, лотин ва фаронса ба таҳсил гирифта мешавад. Сипас дар Порис, дар донишкадаи забон ва адабиёти Донишгоҳи Сорбон таҳсилро идома медиҳад. Бо хатми донишгоҳи номбурда ба Теҳрон бармегардад ва то соли 1934, асосан ба касби омӯзгорӣ машғул мегардад. Бо таъсиси Донишгоҳи Теҳрон ба сифати устоди донишкадаҳои ҳуқуқ ва адабиёт пазируфта мешавад, ки ин фаъолият то ҳаводиси таърихии соли 1953 идома меёбад. Оғози солҳои панҷоҳуми асри ХХ дар ҷомеаи Эрон ихтилофҳои сиёсӣ боло мегиранд, ки ин ҷиҳат миёни С. Нафисӣ ва садорати донишгоҳ низ таъсири манфӣ меорад ва боиси ба нафақа баромадани ин устоди шинохта мешавад. С. Нафисӣ умри боқимондаро сарфи пажӯҳишу таҳқиқ ва эҷоди осори бадеӣ менамояд ва ниҳоят 14 ноябри соли 1966 дар бемористони сафоратхонаи Шуравӣ дар Теҳрон зиндагиро падруд мегӯяд.
Устод айнӣ ба ҳисоби тахминие 15 апрели соли 1875 дар хонаводаи Сайидзодаи соктарегии вилояти Бухоро Сайид Муродхоҷа ба дунё омадааст. Садриддин Айнӣ дар олами илму адаб ва фарҳанги форсии солҳои аввали асри ХХ ҳамчун Садриддин Сайид Муродзода Айнӣ шинохта шудааст. Ӯ аз авлоду аҷдоди хоҷаҳои соктаре (Садпирӣ) буда, дар асл Сайид Садриддин хоҷа ном доштааст, ки баъдҳо бо тахаллуси “Айнӣ” машҳур мегардад (Муфассалан ниг: Табаров С. Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899),- Душанбе: Матбуот, 2009).
С. Айнӣ ҳам, тақрибан дар шашсолагӣ ба мактаби деҳ меравад ва бо ҳукми тақдир таҳсилро дар мадрасаҳои Бухоро идома дода, ҳанӯз дар айёми мадрасахонӣ ба яке аз чеҳраҳои фарҳангӣ – динӣ ва адабӣ дар муҳити Бухорои амирсолорӣ манзалати чашмрас ба даст меорад. Устод Айнӣ то Инқилоби Октябр ҳамчун маорифпарвар шӯҳрат пайдо намуда, бо ҳамин гуноҳаш 9-апрели соли 1917 амир 75 чӯб ба пушташ мезанад ва ба “обхона”- и Арк ҳабсаш менамоянд. Бо ибтикори аскарони рус ва неруҳои инқилоби Когон ва маҳбаси амир озод гардида, боз ҳам бо кӯмаку гуфтори русҳо дар муддати 52 рӯз дар шифохонаи Когон 25 амалиёти ҷарроҳиро паси сар намуда, дигар ба шаҳри Бухоро пас нагашта, балки то поёни умр шаҳри бостонии Самарқандро иқоматгоҳи ҳамешагии худ қарор медиҳад.
С. Айнӣ дар тӯли чиҳил соли дар даврони воқеияти сотсиалистии Тоҷикистон рӯзгор дидан ба ҳама мукофоту ҷоизаву манзалатҳои давлатӣ сазовор дониста мешавад. Аввалин доктори илмҳои филологӣ, профессор, академик, нахустин президенти АИ Тоҷикистон, чанд карат узви парламон буд. Ниҳоят дар айёми соҳибистиқлолии воқеии Тоҷикистон соли 1977 ба унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Устод Айнӣ, ки тоҷику Тоҷикистонро сидқан дӯст медошт, моҳи майи соли 1954 аз Самарқанд ба пойтахти Тоҷикистон- Сталинобод омад ва бинобар ин ки саломатиаш рӯз то рӯз рӯ ба бадӣ меовард ба Самарқанд пас нагашт, балки хокҷойи доимиашро дар пойтахти тоҷикон дид ва ҳамин ҷо 15-уми июли соли 1954 аз олам даргузашт. Марқадаш дар боғи худаш- “Боғи Садриддин Айнӣ” қарор дошта, ба зиёратгоҳи адибону фарҳангиёни дунёи мутамаддин табдил ёфтааст.
(Идома дорад)
МАНБАЪ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. Душанбе, 2010.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон