Зиёда аз сад математики муваффақ. Эразм Витело

Эразм ВителоЭразм Витело аз ҷумлаи олимонест, ки дар борааш қиссаҳои зиёде иншо шудаанд. Ин шахс нахустин математик ва умуман олимест, ки дар сарзамини Лаҳистон ба дунё омадааст. Санаҳои аниқи тавлид ва фавти ў аниқ нашудаанд, аммо асос дорем муҳокима ронем, ки Витело дар давраи солҳои 1220 – 1230 дар қарибии Вротославия таваллуд ёфтааст.

Вителло фарзанди зани лаҳистонӣ, ки аз Олмон омада, дар Лаҳистон сукунат дошт, дар замони салтанати Болеслав Стидливий таваллуд шудааст. Витело дар донишгоҳи хориҷ аз кишвараш таҳсил кардааст. Қарибиҳои солҳои 1253 ў дар Париж таҳсил кард. Баъди бозгашт ба Силезия, якчанд сол ба ҳайси омўзгор дар мактаби Легнитск кор кардааст.

Дар давоми солҳои 1262 – 1268 Витело дар шаҳри Падуе ба омўзиши ҳуқуқи фалсафа ва илмҳои дақиқ машғул шуд. Дар мактубаш аз Падуе Витело ҳамчун Витело Плеванус имзо гузошта буд. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки ў барои шахси рўҳонӣ шудан омодагӣ мегирифтааст. Қарибии соли 1269 Витело бо намояндаи ташвиқгари рўҳонӣ ба Рум рафта, дар дарбори папи Клименти 4 зиндагӣ кардааст. Дар Рум Витело, асосан бо математика машғул шудааст. Маълумот доир ба Витело то замони мо расида ниҳоят кам буда, дар онҳо изофаҳо ва нофаҳмиҳо зиёданд, ки қабули онҳоро зери шубҳа қарор додаанд. Масалан, соли 1810 проффесори Университети Краков Юсеф Салтикович гуфта буд, ки фамилияи Витело аз шакли лотиникардашудаи номи аслиаш Сиолек гирифта шудааст. Ин фикри ботил он қадар маъмул гашт, ки ҳатто дар энсиклопедия низ ворид гардид. Пас аз ин, умуман маълум нест, ки оё Ватело пас аз хатми хониш ба Лаҳистон баргаштааст ё не. Аз ин ҷо мефаҳмем, ки алоқаи Витело бо Лаҳистон хеле ноаён боқӣ мондааст, вале ў худро шаҳрванди ин кишвар меҳисобид ва дар китоби Х-и «Оптика»- и хеш дар ин бора аниқ кардааст: “дар сарзамини мо, маҳз дар Лаҳистон, ки дар арзи 50-ум ҷойгир аст.

Маълумоти аниқ доир ба фавти ў низ вуҷуд надорад. Эҳтимолан, Витело қарибии соли 1290 фавтида бошад. Витело дар давраи дар Рум буданаш бо забони лотинӣ ду китоб навишта буд, ки яке аз онҳо «Хулосаҳо аз Ибтидо-и Эвклид» ҳамаи теоремаҳои пас аз Евклид ошкоршударо дарбар мегирифт. Мутаассифона, ин китоб гум шудааст. Асари дуюми Витело «Рисола доир ба оптика» буда, дар даҳ китоб навишта шудааст, ки сарсухани пурраи онро ин тавр навиштан мумкин: Мулоҳизаҳои олими математика Витело доир ба оптика дар даҳ китоб. Яъне, доир ба моҳият, сабаб ва афтиши нури рўшноӣ рангҳо ва шаклҳо, ки бо тарзи одӣ гўем, «Манзара» номида мешаванд.

Ин рисола соли 1272 дар Базел аз чоп баромад. Китоби якум теоремаҳо ва исботҳои онҳоро (аз ҷумла, теоремаҳои аҷиби худи Витело низ), ки минбаъд дар рисолаи дигари ў ёфт мешаванд, дарбар гирифтааст. Дар таърихи илм рисолаҳои Витело нақши бузург бозидаанд: аз онҳо маротибаҳои зиёд нусха бардоштаанд, рўйнавис кардаанд ва онҳоро дар шаклҳои кўтоҳи «Оптика» ва «Перспектива» нашр кардаанд. Боиси таваҷҷуҳ аст, ки гарчанде рисолаҳо идеяҳои навро дарбар нагирифта бошанд ҳам, ҳамчун кори илмии асосӣ доир ба оптика эътироф гардидаанд. Китоби оптикаро ҳамчун китоби дарсии асосӣ истифода мебурданд. Бисёр олимони номдор, аз қабили Коперник, Кеплер, Региомонтан ва ғ. аз он истифода бурдаанд. Кеплер, баъди 400 соли нашри «Оптика»- и Витело яке аз рисолаҳояшро хоксорона «Иловаҳо ба Витело» номида буд. Хидматҳои Витело дар соҳаи оптика он қадар маъмул буданд, ки яке аз танурҳои Моҳ бо номи ин олим гузошта шудааст. Ба он нигоҳ накарда, ки хидматҳои Вителло дар математика назар ба оптика на он қадар зиёданд, онҳо низ боиси таваҷҷўҳанд…

Манбаъ: Асадулло Шарифзода, Алишер Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе, соли 2025.

Ин китобу хубу шавқоварро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.