Рӯзи ҷаҳонии оила. Мизи мудаввари “Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ» дар Китобхонаи миллӣ

Дирӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба  Рӯзи  байналмилалии  оила  таҳти  унвони “Фарҳанг ва маърифати  оиладорӣ” бо иштироки меҳмонон, кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони ВАО  баргузор  гардид. Созмондиҳандагони ин ҳамоиш Шӯрои  бонувони Китобхона ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ буд.

Мизи мудавварро бо суханони муқаддимавӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуда, дар бораи  маърифати  оиладорӣ  сухан ронд ва изҳор дошт, ки хушбахтию сарчашмаи  ташаккул ва инкишофи ҳар инсон дар оила зуҳур ёфта, бунёду  нигоҳдошти  оила  муқаддас ва қарзи  виҷдонию инсонии ҳар  яки  мост.

Дар мизи мудаввар доктори илмҳои педагогӣ, профессор Юнусова Нафиса Муродовна дар мавзӯи “Аҳмияти муҳаббат  дар инкишофи психикии кӯдак”,  корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Юсуфзода Файзигул, намоянда аз Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сабоҳат Рустам дар мавзӯъи “ Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ” суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар мизи мудаввар оилаҳои намунавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Гулсун Шарипова корманди собиқадори КМТ ва Сайдалӣ Муҳиддинов доктори илмҳои таърих, профессор,  Назаров  Шоҳобуддин-мудири шуъбаи таҳрир ва интишорот, Ҳамидова Мадина – мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, Ҳамидиён Илҳомҷон–роҳбари маркази таҳрир ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаии иҷроияи марказии ҲХДТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти факултаи журналистикаи ДМТ, Давлатова Шаҳодат – мутахассиси шуъбаи котибот, Мавлонов Хуршед – корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ дар бораи хушбахтиҳои оиладорӣ ибрози андеша намуданд.

Сипас, дар доираи мавзуъ миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт ва бо супоридани туҳфаҳо ва бахши фарҳангӣ мизи мудаввар анҷом ёфт.

Маврид ба ёдоварист, ки баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар ватани азизамон Тоҷикистон таваҷҷуҳи Ҳукумати ҶТ махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба бунёди оилаи соли равона шуд. Пешвои муаззами миллат оилаи солимро асоси ҷомеаи солим номиданд ва дар яке аз суханрониҳои худ барҳақ фармуданд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик, ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфахмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

   Соли  2015 дар Тоҷикистон Соли оила эълон шуд ва ҳадаф аз он таблиғи арзишҳои башариву фарҳангии оила ва оиладорӣ буд.

Ҳамасола Тоҷикистон низ Рӯзи ҷаҳонии оиларо таҷлил мекунад ва мизи мудаввари “Фарҳанг ва маърифати  оиладорӣ” ба ҳамин муносибат ташкил шуда буд.

Сурайё Одинаева,

сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва

баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.