Нақши Пешвои миллат дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони Истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад. Барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва ҳамзамон мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали Истиқлол буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», “Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028». Ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ  ва танзими муносибат дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашудаи он раҳо мекунанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои пурбаҳсу низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар пайгирӣ мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад.

Тоҷикистон, бо истифода аз асли сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад. Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.

Дар марҳилаи кунунӣ принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои боафзалияти рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуд. Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.

То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд. Бояд хотирнишон кард, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем:

  • соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;
  • соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;
  • соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд;
  • соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Куҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;
  • соли 2013 дар шаҳри Порис дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гардид.

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафи олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардиданд. Корҳое, ки тайи солҳои гузашта анҷом дод, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва нерӯҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд.

Бо истифода аз манбаъҳои

 Вазорати корҳои хориҷӣ

таҳияи Самандар Каримзода.