Хушбахтӣ ҳам осон ба даст намеояд

Ин оилаи муваффақ ба хотири расидан ба ҳадаф роҳҳои пурпечутоберо пушти сар гузоштааст. Сарнавишти апаи Кавгиннисо мисоли равшани талошу азхуд гузаштанҳо хориву уфтоданҳо буд, ки ба азму талош ба ҳадаф  расид. Ин зани қавиирода, содиқ ба шавҳар, модари мушфиқи  чаҳор фарзанд ва бибии  сездаҳ набера аст. Зане, ки дар миёни авлоду ва деҳа соҳиби обрӯ шудааст.

Кавгиннисо дар оила  фарзанди сеюм буд. Сесола буд, ки аз падар маҳрум шуданд. Модари сиёҳбахт чор кӯдаки ятимро бардошта ба хонаи волидонаш омад. Ба хотири сарбори касе нашудани фарзандонаш дар фермаи чорводорӣ говҷўш шуд. Дар ҳавлии падар бародараш дар гӯшае барояшон хонаи алоҳида сохт.  Дар ҳамин муҳит Кавгиннисо бо бародарону хохар, гоҳ  уфтодаву хеста, гоҳ ғамгину гаҳи дигар шод  бо ҳам бузург шуданд. Дӯсти роздону муниси танҳоияш танҳо китоб буд, ки то нимашабӣ мутолиа мекард. Ҳама мехобиду Кавгиннисо ба модари хастааш халал нарасонда, то нимашабӣ китоб мехонду дарс тайёр мекард. Аз ҳама ҳамсинфонаш дида хушхону босавод буд.

Алимуҳаммад баъди хатми мактаб хонда, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ба кор даромад. Ҳуриннисоро ба шавҳар доданд. Алимуҳаммад дар маркази ноҳия соҳиби хона шуд, модар ва хоҳарону додарашро ба ноҳия бурд.

 Мақсади ягонаи Кавгиннисо, ки идомаи таҳсил буд, баъд аз талошу зориҳои зиёд модарашро розӣ намуда  билохир ҳуҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино месупорад ва муваффақ мегардад. Дар он солҳо духтарони деҳоту ноҳияҳои дурдастро намемонданд таҳсил кунанд, илм омӯзанд. Ҳақи онҳо танҳо ба камол расидану шавҳар кардан буд. Вале ин духтараки нексиришти дар аҳд устувор тавонист модарашро розӣ кунад.

Дар Донишгоҳи тиббӣ бо баҳои аъло мехонд. Алимуҳаммадро модар хонадор мекунад. Соҳиби ду фарзанд мегардад. Кавгиннисо дар курси сеюм мехонд, ки модараш аз фишори баланд ногаҳонӣ аз олам мегузарад. Ин духтари  ғамзада ва уфтода оби чашмашро пинҳонӣ пок мекарду дар курсии донишҷўӣ менишаст, чун медонист, ки дигар на умеде барояш монда ва на асое, ки бо такяи он дар зиндагӣ пеш равад.

Барои модари пурҳасрати чилсола хунҷигар буд, месӯхту ниҳонӣ аз дигарон ашк мерехт. Вале пайи орзу ва амалӣ шудан ниятҳояш талош мекард. Бо ин ҳама мушкилиҳои равонӣ ба таҳсилаш идома дод ва ниҳоят баъди хатми донишкада ин духтари маҳрумшуда аз навозишҳои модару пуштибонии падар бо дипломи сурх ба деҳааш баргашт. Танҳо чизе, ки ӯро бештар ғамгин мекард, азоби рӯҳии бемодарӣ буд. Орзу дошт модар самараи талошҳои духтарашро бубинад. Чуноне мегӯянд, ҳеч кас ёрӣ ғам шуда наметавонад. Дарди танҳоиро танҳо худаш медонист, ки чист.

Аз ҳамсабақони донишгоҳияш Искандаршо, ки дар факултаи муолиҷавӣ  таҳсил карда буд, ба хостгорӣ меояд. Онҳоро хонадор мекунанд. Худованд бузург аст. Баъди ғаму ғуссаи зиёд ба Кавгиннисо хушбахтӣ ато намуд. Дар зиндагӣ бо маслиҳату пешниҳоди ҳам қадам ба оянда мегузоштанд. Дар шаҳри  Кўлоб ба мардум хизмати содиқона мекарданд.  Ҳар як муваффақият ҷиҳати асосии худро дорад. Илму дониш доштан, таҳамулпазирӣ дар зиндагӣ,  дўст доштани касби интихобкарда, ҳамаи ин гуфтаҳо  дар зиндагӣ шиори ҳаррўзаи Искандаршо ва Кавгиннисо буд.

Онҳо аз зиндагии ширину саршор аз меҳру муҳаббат соҳиби се духтар ва як писар шуданд. Зиндагии боз ҳам зебову лабрез аз хушбахтӣ идома дошт.  Фарзандонро он гунае, ки аз падару модар тарбия ёфта буданд, ба камол расонданд.  Нилуфар Донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанбе, Асрорҷон Донишгоҳи Бизнес ва маркетинги шаҳри  Истамбул, Фарзона  ва Парвина Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанберо бо муваффақият ва дониши аъло тамом намуданд. Ҳоло ҳар   кадомашон оиладор соҳиби оилаҳои хубу фарзандони солеҳанд.

Искандаршову Кавгиннисо соҳиби сездаҳ набераанд ва аз ин давлати худодод пайваста шукри Офаридгорро мекунанду аз бахти некашон меболанд.

Ҳоло дармонгоҳи хусусии “Асрори тибб”, ки зану шавҳар дар шаҳри Кӯлоб боз карданд, дар хидмати мардум аст.

Ойҷонбӣ Азизова.