Рӯзи Артиши миллӣ муборак!

Рӯзи-Артиши-миллӣ

Ҳар давлат дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ дар ҷумҳурӣ кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.

Ҳамин тавр 23 феврал – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуд ва ҳар сол ин рӯзро дар сар то сари Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукўҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд.

Вобаста ба ин рўзи фархунда 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон карда шуд.    Ҳамакнун, мо мардуми саодатманд ва сарбаланди тоҷик 31 солагии рӯзи Артиши миллиро ҷашн мегирем.

Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ барои Тоҷикистони навистиқлол лозим омад, қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис диҳад, ки он тавоноии таъмини истиқлолият ва ҳимояи мардумро дошта бошад. Дар суханрониҳои худ Асосгузо­ри сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд.

Бо мурури замон Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз нерӯҳои пурқудрат табдил ёфт. Ин албатта, кӯшишу ғайрати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу амният, осоиштагии ҳаёти мардум, мустаҳкам кардани марзу буми кишвар мебошад.

Тайи 31-соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карданд, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбанд.

Бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қисмҳои сохтори давлатии мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ҳифзи Истиқлолият ва ҷузъиёти марзии он дар ҳолати ҳуҷуме ҷанг пешбинӣ шудааст.

Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43-юм омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

Дар ҳақиқат ҳам ҳифзи ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳам ҳар сол ҷавонони Тоҷикистон бо азму иродаи хеш барои хидмат дар сафи қувваҳои Артиши миллӣ мераванд ва содиқона дар сафҳои артиш хидмати Модар – ватанро ба ҷо меоранд ва хидмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавон вазифаи аввалиндараҷа мебошад.

Бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ ҳамаи ҳамватанон, падарону бародарон ва кулли мардуми сарбаланди Тољикистонро табрику таҳният ва муборакбод мегӯем!

Идатон муборак, родмардону далерони Ватан!

Фархунда Қурбонова, мутахассиси
Маркази “Тоҷикшиносӣ” – и
Китобхонаи миллӣ