Табрикоти Директори Китобхонаи Миллӣ Файзализода Ҷумахон Хол бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумахон-ФайзализодаАфсарон ва сарбозони гиромӣ!
Ҳамдиёрони азиз,

Ба арзи иродат ва эҳтиром Шуморо ба ифтихори Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори обод ва дар фаъолияти ҳаррўзаатон барору муваффақиятро таманно менамоям.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистони азиз дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот таҷлил менамояд.

Хушбахтона, дар ин муддат афсарону сарбозони Артиши миллии мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аз озмоиши ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагию далерӣ ва шуҷоат, набардҳои сангин сарбаландона гузашта, хору хасу обу хоку сангу нанги ин Ватанро пос дошта, арзишҳои фарҳангии сарзамини аҷдодӣ ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву эҳтироми ватандӯстонаи худро ба ҷой меоваранд.

Ҳамон тавр ки аз таърихи давлатдории ниёгон ба мо маълум аст, миллати кўҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз ибтидои давлатдории хеш ба ташкили лашкари боэътимод диққати аввалиндараҷа медоданду аз асоситарин пояи амният ва осоиштагии мардуми худ ба он арҷ мегузоштанд. Аз инҷост, ки гузаштагони мо ҳанӯз аз лаҳзаи таваллуди писар ӯро ҳамчун ҳомии Ватан муаррифӣ мекарданд ва ба ин ниҳоди сипари миллату давлат арзиш қоим буданд.

Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки тоҷикон дар ҳеҷ давру замон чашми ҳарис барои ғасби кишварҳои бегона надоштанду надоранд, вале ба хотири якпорчагии марзу буми Тоҷикистон, побарҷо нигоҳ доштани ҳар зарраи хоки он буданд ва дар гуфтору рафтор содиқу вафодор. Аз ин нигоҳ, Истиқлоли Ватани маҳбубамон Тоҷикистон, ки ба осонӣ ба даст наомадаву ҷонбозиҳои беназир сарфи ҳимояи он шудааст, моро лозим аст, ки баҳри ояндагон, баҳри бақои кишвари азизамон талошҳои ҷиддӣ ва ҷасорати баланд дошта бошему дар амонати аҷдодони хеш хиёнат накунем ва ҳимояи марзу буми онро қарзи фарзандиамон донем.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватан таҳти сарварии хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ бо садоқати бепоён нисбат ба давлату миллат баҳри таҳқими интизоми ҳарбӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва иқтидори мудофиавии кишвар талош намуда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, миллату давлат бо сарбаландӣ иҷро хоҳанд кард.

Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
муборак!