Саратони гарданаки бачадон. Гузашта ва имрӯзи муолиҷаи он

Саратони-гарданаки-бачадон“Саратони гарданаки бачадон” монографияи номзади илмҳои тибб,  дотсенти кафедраи онкология, ташхис ва муолиҷаи шуоии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки ахиран чоп шудааст. Тавре аз номаш пайдост, монография натиҷаи як пажӯҳиши фарогири ин бемории хатарнокро дар бар гирифтаву ҳоло дар шакли китоб чоп шудааст.

Сарсухани муаллиф ба бисёре аз суолҳо посух медиҳад ва тасмим гирифтем онро бо каме ихтисор чоп кунем.

Пешгуфто

Зиёдшавии давомноки миқдори беморони гирифтори омосҳои бадсифати узвҳои системаи репродуктивӣ, душвор будани сари вақт ташхис кардан ва натиҷаҳои ғайриқаноатбахши муолиҷаи омосҳо таваҷҷуҳи ҷиддии саратоншиносони тамоми дунёро ҷалб намудааст.

Муваффақияти муолиҷаи саратони гарданаки бачадон асосан аз маҳалаи ҷараёни беморӣ ва мавҷуд будани метастазҳо дар гиреҳҳои лимфавии регионарии кос вобаста аст, ки дар 16-18% -и ҳолатҳо ҳангоми марҳалаи Ibдида мешавад.

Мутаасифона, ба он нигоҳ накарда, ки паст кардани сатҳи фавт аз саратони гарданаки бачадон аз бисёр ҷиҳат ба беҳтарсозии ташхиси барвақтӣ иртибот дорад, натиҷаҳои муолиҷаи шаклҳои ибтидоии инвазивии саратони гарданаки бачадонро қаноатбахш ҳисобидан мумкин нест. Бештари муҳаққиқон чунин меҳисобанд, ки муолиҷаи марҳалаи барвақти саратони гарданаки бачадон мушкилоти зиёдеро ба бор намеорад, гарчанде таҷрибаи бисёрсолаи марказҳои бонуфузтарини дунё баръакси инро собит кардаанд. Онҳо ҳатто ҳангоми сари вақт ошкор намудани саратон ҳам босуръат пеш рафтани ҷараёни бемориро таъкид мекунанд. Миқдори омилҳои пешгўйӣ ҳангоми саратони гарданаки бачадон, ки барои зиндамонии гирифтори ин беморӣ таъсир мерасонанд, монанди марҳалаи беморӣ, мавҷуд будани метастаз дар гиреҳҳои лимфавии регионарӣ ва ғайра такмил ёфта истодаанд ва ислоҳ мешаванд.

Омили асосии пешгўйӣ, албатта, паҳншавии саратони гарданаки бачадон мебошад, ки бешубҳа, дараҷаи инвазияи омос дар строма ва мавҷуд будани метастаз дар гиреҳҳои лимфавии кос нохуб мебошанд.

Мутахассисон бовар ҳосил намуданд, ки усулҳои ҷарроҳӣ ва муолиҷаи шуоии саратони гарданаки бачадон дар марҳалаи Ib, ҳамчунин комбинатсияҳои гуногуни онҳо ҳангоми мувофиқат кардани усули ҷарроҳии муолиҷа бо ҳамин гуна муолиҷаи омехта нишондиҳандаҳои асосии зиндамонӣ маҳсуб мешаванд. Оризаҳои ҷараёни омос, ҳатто баъд аз ҷарроҳии радикалӣ ҳам (гастроэктомияи васеъ бо лимфаденэктомияи кос ё экстирпатсияи гарданаки бачадон бо ҳуҷайрабофти парасервикалӣ ва ғайра) пайдо мешаванд.

Иҷро кардани муолиҷаи шуоии вояаш баланд боиси кам шудани басомади пешравии мавзеии омос мегардад, аммо аз шуоъ осеб дидани бофтаҳо ва узвҳои коси хурд имкониятҳои минбаъд зиёд кардани вояро маҳдуд месозад.  Иҷро кардани танҳо муолиҷаи шуоӣ бисёр вақтҳо имконият намедиҳад, ки минбаъд муолиҷа бо роҳи ҷарроҳӣ ё химиотерапия анҷом дода шавад.

Яке аз тактикаҳои эътирофшудаи муолиҷаи шаклҳои ибтидоии саратони гарданаки бачадон ҳангоми калон будани андозаи омоси аввалия иҷро намудани муолиҷаи шуоии пешазҷарроҳӣ дар реҷаҳои гуногун буд, аммо, тавре ки таҷриба нишон дод, пас аз муолиҷаи шуоии фосилавии баъдиҷарроҳии лонаи ибтидоӣ ва ноҳияи регионарии метастазшуда зиёда аз 40% -и беморон дар муқоиса аз беморони дар онҳо экстирпатсияи васеи бачадон дар марҳалаи якум (24,2%) ва бемороне, ки дар онҳодар марҳалаи якум гамма – муолиҷаи дохилиҷавфӣ (27,5%) иҷро карда шуда буд, дорои оризаҳои барвақти пасазҷарроҳӣ буданд. Сабабҳои ғайри қаноатбахш будани натиҷаҳо ва оризаҳои чунин намуди муолиҷа тағйироти фиброзӣ пас аз муолиҷаи шуоӣ буд, ки дар реҷаи пешазҷарроҳӣ гузаронидан шуда буданд.

Беҳтар сохтани зиндамонӣ ва сифати ҳаёти беморони гирифтори саратони гарданаки бачадонро муҳаққиқон асосан ба васеъ будани нишондиҳандаҳо ба муолиҷаи бисёркомпонента ва ба барнома ворид намудани муолиҷаи гиёҳӣ – воситаҳои ситостатикӣ вобаста медонанд, ки метавонанд на танҳо дар минтақаи сабзиши ибтидоии омос, балки берун аз ҳудуди амалиёти ҷарроҳӣ ва муолиҷаи шуоӣ низ садди роҳи инкишофи ҳуҷайраҳои омосӣ гарданд.

Химиотерапияи саратони гарданаки бачадони ибтидоӣ вазифаи мушкили клиникӣ мебошад, пеш аз ҳама муқовиматпазирии (резистентнокии) саратони ҳуҷайра – паҳни гинекологӣ нисбат ба аксари бештари ситостатикии мавҷудбуда душвориҳоро ба бор меорад.

Таҳлили маълумоти адабиёти махсус нишон медиҳад, ки самаранокии аксари бештари ситостатикиҳое, ки дар реҷаи монохимиотерапия, ҳангоми саратони гарданаки бачадон истифода мешаванд, фақат 10-25% – ро ташкил медиҳанду бас. Тайи ду даҳсолаи сипаришуда барои муолиҷаи саратони паҳнҳуҷайраи гарданаки бачадон зиёда аз 50 химиопрепаратҳо истифода шуданд, ки танҳо 20 адади онҳо дар ҳудуди 15 -20% фаъолнокии муайяни муолиҷавӣ зоҳир карданд, аммо фақат баъзе аз онҳо мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтанд. Ҳамин тавр, масъалаи нақш ва мавқеи муолиҷаи гиёҳӣ ва имкониятҳои ҷарроҳии радикалӣ дар муолиҷаи маҷмуии саратони гарданаки бачадон омўзиши минбаъдаро тақозо мекунад, мушкилоти беҳтар сохтани натиҷаҳои муолиҷаи ин беморон бошад, ҳангоми мавҷуд будани осебҳои метастазии гиреҳҳои лимфавии регионарӣ барои клиникаи муосири онкологӣ масъалаи актулӣ боқӣ мемонад…

Таъкид кардан ба маврид аст, ки оид ба омўзиши муолиҷаи саратони гарданаки бачадон, марҳалаи Ib қаблан дар Тоҷикистон таҳқиқот анҷом дода нашудааст. Натиҷаҳои бадастовардаи муаллифи рисола имконият доданд, ки нишондиҳандаҳои зиндамонии беморони гирифтори саратони гарданаки бачадон, марҳалаи Ib ва муолиҷашавандагии онҳо беҳтар карда шавад.

Бо  дарназардошти он далел, ки дар Тоҷикистон 25,8% -и аҳолиро занҳои синну соли қобилияти бороварӣ (наслронӣ) ташкил медиҳанд, проблемаи ҳифзи солимии репродуктивии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ шуда мемонад.

Дар монография усули муолиҷаи маҷмуии беморони гирифтори саратони гарданаки бачадон, марҳалаи Ib, ки аз тарафи мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба таври муфассал таҳлил шудааст. Самаранокии усули омехтаи муолиҷаи онҳо, натиҷабахшии тартибҳои гуногуни иҷрои марҳалаҳои он бо дарназардошти аломатҳои пешгўйи кунандаи онҳо муайян карда шуд, аз ҷумла: амиқии инвазияи омос, ҷойгиршавии он, хусусияти нумуи омос ва андозаи он, сатҳи патоморфози шуоии омос, мавҷуд будани НРV – сироят, дараҷаи тафриқпазирии омос, синну соли бемор, статуси иммунӣ, намуди муолиҷа имконият доданд, ки натиҷаҳои дури муолиҷа беҳтар карда шаванд. Истифодаи полихимиотерапияи неоадъювантӣ ба сифати миолиҷаи маҷмуии саратони гарданаки бачадон, марҳалаи Ib натиҷаҳои умедбахш медиҳад ва имконияти муолиҷаи ҷарроҳӣ ва муолиҷаи шуоиву усулҳои иммунологии муолиҷаро фароҳам месозад. Нақшаи таҳияшудаи полихимиотерапияи неоадъювантӣ самаранок аст ва баҳамтаъсиррасонии системавиро дар омоси ибтидоӣ ва роҳҳои метастазшавии регионарӣ таъмин менамояд.

Як қатор муаллифон ба таври эътимодок исбот кардаанд, ки дар минтақаҳои захираҳояшон маҳдуд муолиҷаи саратони гарданаки бачадон, марҳалаи Ib – ро бо роҳи истифодаи муолиҷаи полихимиотерапия ва муолиҷаи шуоӣ, ҳамчунин муолиҷаи ҷарроҳӣ дар вариантҳои гуногун дар доираи муолиҷаи маҷмуӣ беҳтар сохтан мумкин аст.

***********      **********      *************

Китоби “Саратони гарданаки бачадон”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Мавзуна Назарова,
Сармутахассиси Маркази
такмили ихтисос
.