Китоби нав. Шераки Ориён. Дашти турнаҳо ва ё Данғара

Дашти-турнахоНависандаи маъруфи тоҷик Шераки Ориён бо ҳамин ном китобчаеро интишор додааст. Дар оғоз омада, ки “саргузашти мухтасари Данғара ва мардумони он барои мактабиён ва навҷавонон ва ҳамаи синну соли дигар”. Китоб аз шарҳи маънои номи Данғара оғоз мешавад. Муаллиф менависад:

Кўҳҳо ва талу теппаҳои мўъҷизабор, ки аз бару зерашон сар задаанд. Чашмаҳои кўҳ, яъне об. Аз ин боис ин ҷоро аз қадими қадим Данғара ном мебурданд.

Он замон «дон» ба маънои об буд, чунон ки дар таркиби дарёҳои Дон, Донистер (Днестир), Донепир, (Днепер) воқеъ бошад.

Дар вожаи Дон+ғара ҳиссаи  «ғара» ба маънои кўҳ омадааст .

Хуллас ин мавзеъ ОБИ КЎҲ ном бурда мешуд, ОБИ ДОМАНАКЎҲ гуфта мешуд, оби бари кўҳ зикр мегардид, яъне Донғара, ки аз рўи  талаффузи хозира Данғара ифода кунанд.

Чун ин мавзеъ хушманзар ва накунишон буд «дон» ба маънои НАКЎ ҳам омада, яъне  НАКУҶОе. Яъне кўҳу талу теппаи  накўманзар ва заминҳои   доманию   миёни онҳо.

Китоб аз ҳикоёти хурд-хурде тартиб ёфта, басо шавқовару ҷолиб аст.

“Дашти турнаҳо ва ё Данғара”-ро ҳоло шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Зебонисо  Давлатова