Се Камол. Яке хаттот, дуи дигар шоир

Дар таърихи адабиёту хушнависӣ аз се Камол ёд карда шудааст: Камоли Ғиёс, Камоли Сабзворӣ ва Камоли Турбатӣ. Аз онҳо ёд мекунем.

Камоли Ғиёс

Камолуддин Ҳусайн ибни Ғиёсуддин Муҳаммад шоири форс-тоҷик мебошад. Дар Ироқ, Форс ва Озарбойҷон зиста, дар ҳалқаи надимони Султон Иброҳим – писари Шоҳрух фаъолият доштааст. Девони ў аз ғазалҳо, қасидаҳо ва қитъаҳо иборат буда, бештар ба суханбозӣ ва санъатҳои лафзӣ майл доштааст. Намунаи ғазалҳои ў бо вуҷуди дар мақтаъ тахаллуси Камоли Ғиёсро доштан, ба Ҳофиз нисбат дода шудаанд.

Масалан:

Дилбари ҷонони ман бурд дилу ҷони ман,                                   

Бурд дилу ҷони манн дилбари ҷонони ман.

Ашъори Камоли Ғиёс дар маҷмўаву баёзҳо ва тазкираҳо бештар вомехўрад. Дар тазкираи «Хулосату-л-ашъор ва зубдату-л-афкор»-и Тақиуддини Кошӣ миқдори зиёде аз ашъори Камоли Ғиёс дида мешавад, ки ҳукми девони мухтасарро дорад. Ҳамчунин аз осори Камоли Ғиёс манзумае ба номи «Ташреҳу-л-бадан» ёдоварӣ мешавад, ки маҳфуз намондааст.                                                                              Камолиддин Ҳусайн ибни Ғиёсуддин Муҳаммад соли 1444 дар Шероз вафот кардааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2010. – Ҷ.9. – С. 362.

Муаллиф: А. Афсаҳзод.

КАМОЛИ САБЗВОРӢ

Камоли Сабзворӣ хаттоти форс-тоҷики охири асри 15 –авали асри 16 мебошад. Ҳунари хушнависиро аз падараш Мавлоно Абдулҳаққи Сабзворӣ, ки аз устодони хушнависи Хуросон буд, омўхтааст.

Дар навиштани хатти ситта ва сулс маҳорати баланд дошт. Бино ба маълумоти муаллифи «Гулистони ҳунар» Қозӣ Мир Аҳмад, ки бо Камоли Сабзворӣ дар Машҳад (соли 965 қ.) мулоқот доштааст, ў хатҳои шашгона (насх, сулс, риқоъ, муҳаққақ, райҳон)-ро хуб навишта, ҳамеша ба китобати Каломуллоҳ ва дуоҳои «Дувоздаҳимома» машғул будааст.

Бештари маҳсули ҳунари Камоли Сабзворӣ (асосан ба сурати мураққаъ ё қитъаҳо) бо хатти насх ва сулс боқӣ мондаанд. Дар зери навиштаҷот, қитъаҳо ва мураккаоти хаттотикардаи худ «Шайх Камол Абдулҳақ», «Шайх Камол ибни Абдулҳаққи Сабзворӣ», «Камолуддин Маҳмуд ибни Абдулҳаққи Сабзворӣ» имзо гузошттаст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2010. – Ҷ. 9. – С. 362-363.

Муаллиф: М Нурова

КАМОЛИ ТУРБАТӢ

Камоли Турбатӣ шоири форс-тоҷики асри 15 мебошад. Зодгоҳаш ноҳияи Турбати Ҳайдария буда, дар назди ҳамон ҷо ба камол расидааст.

Камоли Турбатӣ асосан дар Табрезу Машҳад зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ў ҳангоми сафари ҳаҷ дар Машҳад бо Навоӣ вохўрда, дар масъалаҳои шеъру шоирӣ ва муаммокушоӣ суҳбатҳо кардааст. Бино ба маълумоти Навоӣ,  Камоли Турбатӣ аз шоирони машҳур ва хуштабъу ҳозирҷавоби Хуросон будааст. Баъди сафари ҳаҷ дар зодгоҳаш Турбат вафот кардааст.                                                                      Камоли Турбатӣ бо мухаммасҳояш бар ғазалиёти Ҳофиз машҳур шудааст, маҳорати ўро махсусан ҳамзамононаш дар навиштани муаммо эътироф кардаанд. Навоӣ дар «Маҷолису-н-нафоис» муаммои зерини ўро намуна овардааст, ки ҷавоби он «Қутб» аст.

Оне, ки дар ҳавои сари зулфи ёри мост,  Аз сар гузашта аввалу дар охираш ҳабост.

Падари Камоли Турбатӣ Ҳофиз ном дошта, табиб будааст. Камоли Турбатӣ «дар камоли хуштабъӣ ва зарофат қитъаҳои мутоибаомез ба падараш гуфтааст», ки намунае аз он чунин аст:

То ки Ҳофиз табиби Турбат шуд,
Кушта шуд ҷумлагӣ кеҳу меҳи ў,                                                      

Муш дар шарбаташ фитоду бимурд,                       

Марги муш аст шарбати беҳи ў

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2010. – Ҷ. 9. – С. 363.

Муаллиф: А. Ҷалол.

Таҳияи Ҳусния Назарова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ