Шеърҳое, ки ба Сино нисбат медиҳанд, то куҷо моли ӯ? Посухи академик Бертелс
Китобҳои асосии илмии Ибни Сино ба забони арабӣ аст. Аммо дида мешавад, ки ӯ зарурати бозгашт ба забони модариро дарёфтааст, чунонки хулосаи содае аз маҷмӯаи бузурги ӯ, китоби “Ҳикмат” барои Алоуддавла ба забони порсии дарӣ навишта шудааст. Ин китоб барои омӯзиш ва бозковии таърихи адабиёти Эрон ва порсии дарӣ аҳамияти калоне дорад, зеро яке аз нахустин талошҳо барои падид овардани вожагони илмӣ ба забони порсӣ аст.
Ибни Сино шеър ҳам гуфтааст. Чанд шеър ба забони арабӣ аз ӯ мондааст, ки дар тааллуқи онҳо ба ин донишманд гумоне наметавонад бошад. Бавижа қасидаи “Айния” овозаи густурдае ёфтааст, матни ин шеър озини деворҳои даруни оромгоҳи Ибни Сино Ҳамадон аст.
Медонем, ки рубоиҳое ҳам ба порсии дарӣ ба Абӯалӣ Сино нисбат медиҳанд. По ба пои баҳрагирӣ аз маҳфилҳои тозаву тозатар, шумораи ин рубоиҳо рафта – рафта фузунӣ мегирад. (Барои тафсили бештар дар ин бора муроҷиа шавад ба “Ибни Сино ва адабиёти порсӣ”. Е.Э. Бертелс, “Ахбори Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ”, 1928, ш.1, саҳ. 75 -94). Матни яке аз ин рубоиҳо, ки онро ба Ибни Сино нисбат медиҳанд, ҳатто бар рӯи пояи пайкараи ёдбуде, ки барои донишманди бузург дар Ҳамадон барпо доштаанд, кандакорӣ шудааст.
Ин ёдоварӣ зарурӣ аст, ки то кунун ҳатто як нусхаи хатии куҳан ҳам ёфт нашудааст, ки ин рубоиҳо дар он бошанд. Бино бар маъмул инҳо дар нусхаҳои хаттие ҳастанд, ки аз садаҳои ҳафдаҳуму шонздаҳум дуртар намераванд ва худ гумонбарангез аст. Дигар ин ки мавзӯи ҳамаи ин рубоиҳо забунӣ ва нотавонии хиради одамӣ дар баробари асрорӣ гетӣ аст. Чунин мавзӯъ аз вижагиҳои рубоиҳои Умари Хайём аст ва бо дидгоҳи Ибни Сино, ки дар корҳои илмии ӯ намоён аст, яксара ноҳамсӯ ва ноҳамхон аст. Барои Ибни Сино хиради одамӣ марзе намешиносад ва аз роҳи андешаи мантиқӣ ҳама чиз ҳатто дар моҳияти бағоният шинохта шавад.
Аммо дидмони сӯфиён бино бар маъмул ба он меанҷомад, ки авҷи асрор (яъне бағоният) дар дастраси худи одамӣ нест ва ин ки одамизод, танҳо аз роҳи “ишқ” (мафҳуми “ишқ” дар ин ҷо барои мафҳуми “ҳол” аст), метавонад ба ин рамз даст ёбад. Бад- ин сон метавон бар ин расид, ки ин рубоиҳоро дар садаи шонздаҳум барои суст кардани мулоҳизакории вай ва наздик карданаш ба сӯфиён аз Сино баршумурдаанд. Бозгушоии ҳамешагии ин масъала, танҳо ҳангоме муяссар хоҳад буд, ки мо нусхаҳои хатии бисёр куҳане, ки дар он шеърҳоро аз Ибни Сино дониста бошанд, пайдо кунем. Дар соли1939 бо барасии ин рубоиҳо бар ин бароянд расидам, ки дар онҳо ошноии сарояндаашон бо дониш, дурустар ин ки бо дониши пизишкӣ ва низ сояҳое аз дидмони исмоилия дида мешавад. Ба сухани дигар, бастани онҳо ба Ибни Сино яксара шуданӣ будааст. Ба ростӣ шояд барои ҳамин ҳам, динёрони куҳани ховарзамин ин шеърҳоро аз дарёи бекарони рубоиҳо гирифта ба Ибни Сино бастаанд. Дар соли 1954 бо баррасии дубораи кори пешинаам бар ин натиҷа расидам, ки андаке дигар аст ва хулосаашро дар ин ҷо овардаам.
Хутути асосии дарунмояи суханронии ман дар кунгураи ҳазораи зодрӯзи Ибни Сино, дар 22-уми апрели соли 1954 дар Теҳрон, бад-ин гуна буд. Сипас, ҳангоме ки бароям муяссар шуд бо матолиби кунгураи Ибни Сино, ки дар Бағдод дар соли 1952 баргузор шуда буд ошно шавам, суханонии доктор М.Шариф – “Ибни Сино шоир”, (Китоби заррин, саҳ. 304)-ро ёфтам, ки дар он донишманди араб бар асоси матолиби дигар ба ҳамин паёмад мерасад. Доктор Шариф ҳангоми сухан аз кори Г.Эте, Ибни Сино ҳамчун ғазалсаро, (Avicenna als Lyriker) ёдовар мешавад. Равшан аст, ки пажӯҳиши Эте номуваффақ будааст. Ӯ бисёре аз рубоиҳои Хайёмро бо он ки равшан аст аз Хайём буда, ба Абӯалӣ мебандад. Гавҳарӣ, нависандаи вижаномаи бузург дар бораи Ибни Сино дар китоби худ, “Ҳуҷҷат-ул- ҳақ Абӯалӣ Сино”, Теҳрон, 1954 дар китоби худ менависад: “Бисёре аз ин рубоиҳо, агар ҳам нагӯем, ки дар бисёре аз девонҳо ва тазкираҳо ба муаллифони дигар ҳам нисбат дода мешаванд, аз назари фанни рубоӣ он қадар сусту аз арзиши адабӣ ба дуранд, ки на танҳо касе чун шайх, балки ҳеч шоири бетаҷруба ва мубтадӣ ҳам ҷуръат намекард муддаии сурудани онҳо бошад”, (саҳ.441-442).
Гавҳарӣ дар бораи ғазалҳои Ибни Сино мегӯяд: “нисбат додани ин қитъа ба марде чун Шайх-ур-раис танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ӯ низ ба сони бисёре аз мардуми он рӯзгор, ки худро шоир баршумурда ва шеъри форсӣ мегуфтанд, танҳо барои саргармӣ ин корро карда бошад” (саҳ.440).
Аммо акнун ҳарчанд, ки эҳтимоли сохтагӣ будани ин шеърҳо бузург аст, боз ҳам бояд ин масъаларо масъалаи бозгушуда баршумарем. Хидматҳои Ибни Сино ба дониш чандон бузург аст, ки агар мо ин чаҳор байтиҳои сустро ҳам ба ӯ бубандем, аз номи пуровозааш чизе накостаем.
Аз китоби Евгений Бертелс “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”, саҳ.131-132. Ин китоб соли 2015 аз силсилаи “Тоҷнома” дар Китобхонаи миллӣ нашр шудааст.
Бо матни комили китоб ин ҷо метавонед ошно шуд: “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”
Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА,
Маркази таҳсилот ва
инноватсияҳои китобдорӣ.