Ширкати муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода дар конференсияи байналмилалӣ
Ассамблеяи китобхонавии Авруосиё XVIIғумин Конференсияи байналмилалии «CentralғAsiaғ2024»: интернет ва захираҳои иттилоотӣғкитобхонавӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва тиҷорат»ғро дар шаҳри Ҷиззахи Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор намуд.
Намояндагони китобхонаҳои Тоҷикистон низ дар он ширкату суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, муовини директор оид ба илм, захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасонӣ ба истифодабарандагони МД «Китобхонаи миллӣ», номзади илмҳои педагогӣ Сайфиддин Камолзода, директори Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Панҷакент Зарина Бомуллоева, иҷрокунандаи вазифаи муовини директори Китобхонаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёдгорбек Бердизода иштирок ва суханронӣ карданд.
Созмондиҳандагони ҳамоиш, Ҳукумати вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах, Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардўстонаи давлатҳои аъзои ИДМ, Ассамблеяи китобхонавии Авруосиё, Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои умумии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Китобхонаи миллии Ўзбекистон ба номи Алишер Навоӣ буданд.
Дар Конференсияи байналмилалӣ намояндагони китобхонаҳои миллӣ, китобхонаҳои марказии шаҳриву ноҳиявӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз кишварҳои Россия, ИМА, Туркия, Белорусия, Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва ғайра ширкат варзиданд.
Сайфиддин Камолзода, муовини директори Китобхонаи миллӣ дар конференсияи мазкур дар мавзуи «Манбаъҳо ва самтҳои асосии тарбияи насли ҷавон» (дар мисоли тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаи китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) суханронӣ намуд.
Ў зимни суханрониаш дар ин ҳамоиш баён дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар, робитаи олимону мутахассисони соҳа бо ҳамтоёни хеш дар кишварҳои хориҷа, бахусус кормандони китобхонаҳои аъзои Ассамблеяи китобхонавии Авруосиё хуб роҳадозӣ гардида, дар ин росто, чандин Созишномаҳо ба тасвиб расидаанд. Зикр карда шуд, ки баробари беҳбуд ёфтани раванди тарбияи кадрҳои китобдорӣ дар кишвар, аз ҷумла, аз рўи 3 ихтисос ба таълиму тарбия фаро гирифта шудани донишҷўён дар факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг ба номи Буйдоқови н. Рўдакӣ ва Коллеҷи санъати ш. Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз, инчунин таъсис ёфтани Маркази таҳсилот ва инноватсияи китобдорӣ дар Китобхонаи миллӣ, шуъбаву бахш дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва дар назди Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутии ш. Душанбе ва Китобхонаи вилоятии Бохтар ба номи Ш. Шоҳин, ба фаъолият шуруъ кардани маркази бозомўзӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои кормандони муассисаҳои китобхонавӣ ибрози андеша намуд.
Дар интиҳои суханронӣ ў ёдовар гардид, ки соли равон, бо ибтикор ва сарпарастии Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз иқдомҳои наҷиби роҳбарияти муассиса ва кормандони соҳаи китобдорӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки тайи солҳои наздик баргузор гардидани чунин конференсияҳои сатҳи баланд, бо ширкати олимони соҳа аз кишварҳои ИДМ ва китобдорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ташаббусҳои навбатии Китобхонаи миллӣ хоҳад буд.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.