Шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ

Шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ яке аз сохторҳои таркибии китобхона ба шумор рафта, мақсаду маромаш ба роҳмондани корҳои илмӣ ва тадқиқотҳо масоили масъалаҳои китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, таърихи китоб ва иттилоотшиносии тоҷик дар байни китобдорону истифодбарандагон мебошад.

Фаъолияти кори дохили шуъба аз чунин корҳо иборат аст:

– коркарди илмии масъалаҳои мубрами соҳаи китобдорӣ;

– ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ ва тадқиқотии сохторҳои таркибии китобхона ва китобхона-марказҳои ҷумҳуриявии соҳа;

– таҳияи барномаю консепсияи рушди фаъолияти китобхона;

– ташкили семинару конфронсҳои илмии китобдорон масоили масъалаҳои китобдорӣ;

– таҳия ва интишори маҷмӯаҳои илмии соҳаи китобдорӣ ва дастуруламалҳои соҳавӣ.

То ба имрӯз шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ корҳои зеринро ба анҷом расонидааст: «Тартиб додан вабеҳтар намудани раванди воридшавии нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ дар солҳои 2000-2010», «Раванди хизматрасонӣ ба хонандагон дар Китобхонаи миллӣ», «Чеҳраҳои мутолиотии донишҷӯёни макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи омаду рафти хонадагон ба КМТ ва диҳиши адабиёт ба онҳо», «Донишҷӯён ва китобхона», «Вазъи ворид шудани китобҳо ба КМТ ҳамчун нусхаи ҳатмӣ», «Китоб, мутолиа ва китобхона дар ҳаёти мо» ва ғайра.

Дар шуъба дастурҳои методӣ, библиографӣ, маълумотномаҳо, воситаҳои таълимӣ, маҷмӯаҳои илмӣ-оморӣ ва маҷаллаҳои соҳаи китобдорӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мавҷуд аст.

 

Реҷаи корӣ:                                                                                 аз 800 то 1700
Рӯзҳои корӣ:                                                                               душанбе-ҷумъа
Сардори шуъба:                                                                        Зафари Гулмурод
Телефон:                                                                                      221-06-33