Силсилаи “Тоҷнома”. “Мероси хатии бостон”

Мероси хатии бостонШоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ дар пешсухани китоби “Мероси хаттии бостон”, ки аз силсилаи “Тоҷнома” соли 2014 аз ҷониби Китобхонаи миллӣ нашр шудааст, менависад, ки “дар ин ҷилд қисме аз осори қадима ба тозагӣ аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик тарҷума ва таҳия гардидааст. Қисмати дигар маҳсули заҳматҳои олимони муътабари Эрон ва ҷаҳон аст, ки бо камоли сипосгузорӣ истифода карда шуд.

Ин ҷилдро мо пойгоҳи муносиб ва заминаи устувор барои кӯшишҳову ковишҳои оянда медонем”.

Донишманди марҳум, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов  дар мақолаи хеле мухтасар аз сарнавишти осори хатии ниёгон ёд кардааст, ки онро пурра меорем:

****    ****    ****

Адабиёти паҳлавии китобӣ умдатарин бахши осори форсии миёна маҳсуб мегардад. Ин осор шомили рисолаҳову матнҳои бузургу кўчак буда, дар онҳо матолиби гуногуни диниву фалсафӣ, ҳуқуқиву ахлоқӣ, таърихиву адабӣ ва мавзўоти ҷудогона дар мавриди заминшиносиву кайҳоншиносӣ, ҳандасаву тиб, ҷонваршиносиву гиёҳшиносӣ ва дигар мазмунҳои марбут ба фарҳангу адаб ва суннатҳои Эрони аҳди Сосониён ва даврони бостон баён гардидааст. Дар осори паҳлавӣ бештар мазомини таърихиву асотирӣ, ки дар онҳо аз гузаштаҳои дури зиндагии мардумони эронӣ нақл меравад, гирдоварӣ шудааст. Аз ин рў навиштаҳои паҳлавӣ дар ин боб ягона манбаъ дониста мешаванд.

Бештари рисолаҳову матнҳои паҳлавӣ дар даврони Сосониён ва иддаи дигар пас аз замони Сосониён дар қарнҳои аввали ислом таълиф гардидаанд. Қобил ба ёдоварист, ки чанде аз китобҳои бузург ва арзишманд, аз қабили «Динкард», «Бундаҳшн», «Додистон-и дениг», «Шиканд гумониг-визор», ки шомили бисёр матолиби ҷолибанд, дар асри IX-и м. навишта шудаанд. Бинобар он танзими осор пас аз мансух гардидани забони форсии миёна ва қатъ гардидани суннати навиштории паҳлавӣ низ аз ҷониби донандагони хат ва забони форсии миёна замоне чанд идома кардааст. Ин нуктаро низ бояд тазаккур дод, ки дар ин давра ба хотири наҷоти чунин як осори бузург дабиронро лозим буд, то бархе аз рисолаҳоро ихтисор намуда, матолиби дилхоҳашонро дар нусхаҳои нав рўйнавис кунанд. Дар натиҷаи чунин бархурд бахшҳо ва пораҳову бандҳои ҷудогонаи чанде аз китобҳои паҳлавӣ аз байн рафтаанд. Бо иллати кутоҳ сохтани оғози матнҳо ва ё ба тамом аз байн рафтани онҳо бисёр матолиби муқаддамотӣ, ки муҳтавои китобро дарҷ менамоянд, норавшан ва печида мемонад. Чунин костагиҳо дар бархе аз рисолаҳову матнҳо мушоҳида мешавад.

Осори паҳлавӣ ҳанўз аз нимаи дувуми асри XVIII мавриди таваҷҷуҳи донишмандони Ғарб қарор гирифта буд, ки нахустин бунёдгузор дар ин роҳ Анкетил Дюперрон дониста мешавад. Вай якҷо бо китоби Авесто, матни Бундаҳишн ва чанд намунаи дигарро аз осори паҳлавӣ тарҷума намуда ва онро соли 1771 дар Порис дар ду ҷилд нашр кардааст [А.Duperron 1771]. А.Дюперрон ҳам дар тарҷумаи Авесто ва ҳам матнҳои паҳлавӣ, аз ҷумла Бундаҳишн (с. 343-432-и китоби А.Дюперрон) таҳти таъсири дастурони зардуштии Ҳинд қарор дорад. Вай вожаҳои паҳлавиро низ тибқи усули хониши дастурону мубадони зардуштӣ овонавишт кардааст. Ногуфта намонад, ки А.Дюперрон тарҷумаи Авесторо на аз рўи матни асл ва ё матни холис, балки дар асоси тарҷумаҳои паҳлавӣ (Занд) ва ташреҳу тафсилоти шифоҳии ин дастурон анҷом додааст. Бинобар он кори А.Дюперронро метавон ҳамчун такрор ва идомаи усули хониш ва ташреҳи суннатии дастурони зардуштии Ҳинд маънӣ кард.

Замоне чанд пас аз ин, аз нимаи дувуми асри XIX гирдоварӣ ва таъбу нашри матнҳои паҳлавӣ аз рўи дастнависҳо оғоз мегардад. Ин давра яке аз марҳалаҳои бисёр самарбахш дар чопи осори паҳлавӣ дар Ҳинд ва Аврупо маҳсуб мешавад. Донишмандон аз марказҳои эроншиносии Аврупо дар ҳамкорӣ бо донишмандони зардуштии Ҳинд ба чоп, овонавишт ва тарҷумаи рисолаҳову матнҳои ҷудогона оғоз намуда, то аввали асри ХХ бештари ин осорро аз ин роҳ нашр ва ба дастраси мутахассисон қарор додаанд. Аз ин рў пешрафтҳои баъдии эроншиносӣ дар омўзиши адабиёти паҳлавӣ дар бештар маврид ба дастовардҳои ин донишмандон, ба вижа донишмандони порс, ки бештари онҳо дастурону мубадон будаанд, иртибот дорад.

Яке аз корҳои судманд пас аз нашри осор танзими вожаномаи матнҳои ҷудогона мебошад. Таҳияи чунин вожаномаҳо дар ташхиси луғоту истилоҳоти вижаи матнҳо ва чигунагии сабки нигориши нависандагони рисолаҳои паҳлавӣ арзиши хос дорад. Ҳама вожаномаҳои матнҳо новобаста ба иштибоҳоти бархе аз таҳиягарон дар хонишу ташреҳи вожаҳо яке аз манобеи асосӣ дар танзими фарҳанги осори паҳлавӣ маҳсуб мегарданд.

Омўзишу баррасии адабиёти паҳлавӣ, яке аз мавзўъҳоест, ки маротибае чанд мавриди таваҷҷуҳи эроншиносон қарор гирифтааст. Э.Уэст [West 1896-1904, 75-129] нахустин муҳаққиқест, ки дар оғози асри ХХ дар асоси дастнависҳо ва манобеи чопшуда дар мавриди адабиёти паҳлавӣ пажўҳишеро анҷом додааст. Пас аз ним асри нашри мақолаи Э.Уэст ин матлаб бо истифода аз манобеи баъдан ба табъ расида мавриди омўзиши Ҷ.Тавадиа [Tavadia 1956] қарор мегирад. Аз охири солҳои шаст то ба оғози солҳои ҳаштод адабиёти паҳлавӣ бо дарназардошти пажўҳишҳои анҷомгирифта дар эроншиносӣ аз ҷониби М.Бойс [Boyce 1968, 31-66], Я.Рипка [Рипка 1970, 48-89], Де Менаш [Menasce 1983, 1166-1195] таҳқиқ гардидааст. Мавзўи фавқ зимни баррасии осори замони Сосониён бо ёддошти чанде аз рисолаҳову матнҳо ба таври бисёр фишурда ва мухтасар дар чанд таҳқиқоти дигар низ баён шудааст. Дар ин маврид ниг: Оранский 1968, 172-178; Барагинский 1972, 154-162; Расторгуева, Молчанова 1980, 12-15. Адабиёти динии паҳлавӣ дар мақолаи ҷудогона аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо арзёбӣ гардидааст. Ҳамчунин тафсилотеро дар мавриди ҳар кадом аз китобҳову матнҳои паҳлавӣ, нусхаҳои дастнависҳо ва таърихи омўзиши онҳо метавон аз муқаддимаи нашри гуногуни ин осор, ки беш аз як аср идома дорад, пайдо кард. Тафсилоти арзишмандеро дар мавриди адабиёти паҳлавӣ аз китоби Аҳмади Тафаззулӣ «Таърихи адабиёти Эрон пеш аз ислом» метавон ба даст овард [Tafazzoli 1376]. Бо вуҷуди пажўҳишҳои анҷомгирифта, на ҳама рисолаҳову матнҳои паҳлавӣ ҳамчунон ки мебояд, ба таври ҳамаҷониба мавриди омўзиш қарор гирифтаанд. Бештари ин осор аз нигоҳи дастовардҳои эроншиносии муосир ниёз ба ташреҳу тавзеҳи тозаи забоншиносӣ ва таърихӣ доранд, ки чанд пажўҳиши охир пиромуни китобҳову матнҳои ҷудогона шоҳиди ин даъво буда метавонад.

Дар пажўҳишҳои пиромуни адабиёти паҳлавӣ анҷомёфта на ҳама он матнҳое ки аз рўи каталоги дастнависҳо маълуманд, шомил гардидаанд. Ба таври мисол, агар Э.Уэст дар бораи 93 рисолаву матнҳои бузургу кўчак маълумот фароҳам оварда бошад, М.Бойс 30 рисолвау матнро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҳамчунин таърихи дастнависҳои матнҳо ҷуз мақолаи Э.Уэст дигар дар ҳеч кадом аз пажўҳишҳои ба осори паҳлавӣ иртиботдошта арзёбӣ нашудааст. Дар робита бо ин бояд ёдовар шуд, ки чанде аз нишонаҳои ихтисории дастнависҳо, ки Э.Уэст аз рўи коллексиюнҳои шахсии дастурони зардуштии Ҳинд овардааст, бо иллати аз байн рафтани чунин китобхонаҳои шахсӣ имрўз бо нишонаҳои дигар ёд мешаванд.

Тамоми адабиёти паҳлавӣ тибқи осори то ба мо расида, ҳам аз ҷониби донишмандони зардуштӣ ва ҳам хориҷӣ ба се гурўҳ бахш гардидааст. Ин гурўҳбандӣ, бинобар нахустин пажўҳишҳо,чунин аст: 1. тарҷумаҳои паҳлавии Авесто; 2. китобҳо ва матнҳои динӣ; 3. матнҳои паҳлавии ғайридинӣ. Э.Уэст теъдоди ин осорро бо басомади вожаҳо дар ҳар кадом аз ин бахшҳо ин тавр овардааст: тарҷумаҳои паҳлавии Авесто – 27 рисолаву матн (141 000 вожа); китобҳо ва матнҳои динӣ – 55 рисолвау матн (446 000 вожа); матнҳои паҳлавии ғайридинӣ – 11 рисолаву матн (41 000 вожа). Бархе аз эроншиносон ин адабиётро ба таври умум ба осори динӣ ва ғайридинӣ тақсим кардаанд. Аммо ҳамчунон ки аз матолиби осори паҳлавӣ бармеояд, тамоми ин осорро аз нигоҳи мавзўъ метавон ба бахшҳои дигар низ ҷудо намуд. Дар чанде аз матнҳои паҳлавӣ матолиби динӣ ва ғайридинӣ (ё урфӣ) якҷо омадаанд.

Яке аз осоре, ки онро ба қатъият наметавон динӣ ва ғайридинӣ номид, андарзномаҳо мебошанд. Дар бештари андарзномаҳо мавзўоти диниву ғайридинӣ аз роҳи интихоби пораҳои ҷудогона аз гуфтор ва ҳикматҳои бузургони дин ва шоҳону фарзонагони замони Сосониён нақл гардидаанд.

Ҳамчунин адабиёти ғайридинӣ низ аз нигоҳи мавзўъ дорои чандин бахши мустақил мебошад. Бо дарназардошти ин вижагиҳо адабиёти паҳлавиро метавон ба чунин бахшҳо шомил сохт: осори паҳлавии зардуштӣ (аз ҷумлаи донишномаҳо ва матнҳои диниву фалсафӣ); адабиёти ғайридинӣ (осори таърихиву адабӣ ва ҳамосӣ, матнҳои ҷуғрофиёӣ, рисолаҳои ҳуқуқӣ), андарзномаҳои паҳлавӣ; фарҳангномаҳо; тарҷумаҳои паҳлавии матни Авесто. Ҳама ин осор дар маҷмўъ аз манобеъи арзишманди забони форсии миёна ва луғоту истилоҳоти он маҳсуб мегардад. Бештари масоили вожашиносиву вожасозӣ ва таркиботу истилоҳоти форсии миёна аз ҳамин адабиёт гирдоварӣ шудааст.

Китоби ҳозир, ки барои омўзандагону алоқамандони таърихи адабиёт ва шинохти мутуни куҳан пешкаш мешавад, шомили рисолаҳову навиштаҳои адабиву таърихӣ ва ҷуғрофиёии форсии миёна ва ё паҳлавӣ мебошад. Дар манобеи давраи исломӣ забони форсии миёна ва осори замони Сосониён (солҳои 224-551 м.) дар расмулхати паҳлавӣ таҳти номи паҳлавӣ (дар осори форсии миёна Рahlawig) ё паҳлавонӣ (дар осори форсии миёнаи монавӣ Рahlawānig) ёд мешавад. Чун дар даврони пас аз Сосониён истилоҳи порсӣ (аз форсии миёна pārsg) ва ё гунаи муарраби он форсӣ барои забони форсии нав ё форсии дарӣ дар расмулхати арабӣ истифода шуд, онгоҳ барои тафовути забон ва осори ин ду давраи гуногун барои забони форсии миёна номи паҳлавӣ татбиқ гардид. Аз ин рў забон ва осори давраи сосониён ба номи паҳлавӣ хонда шуд.

Адабиёти ғайридинии паҳлавӣ дар муқобили адабиёти динӣ камтар маҳфуз мондааст, ки иллати онро бештар дар суннати шифоҳӣ ҳифз гардидани достонҳову ривоятҳои асотириву таърихӣ мебошад. Пас аз замони Сосониён ва матрук гардидани забони форсии миёна ва қатъи суннати навиштории паҳлавӣ таваҷҷуҳи бештар ба ҳифзи осори динӣ сурат гирифта, бештари достонҳову ривоятҳои ғайридинӣ ба дасти фаромўшӣ супурда шуданд, ки зикри номи чанде аз китобҳои паҳлавӣ дар манобеи арабиву форсӣ ва ҳамчунин тарҷумаҳои осори ҷудогонаи паҳлавӣ ба ин забонҳо далели гуфтаҳои боло мебошад. Ҳамчунин аз он достонҳову ривоятҳо ва қиссаҳое, ки дар замони Хусрави Анўшервон – шоҳи сосонӣ аз гуфтори доноёну пешиниён гирдоварӣ ва танзим гардида будаанд, низ огоҳии камтар дорем.

Мазмун ва муҳтавои чанде аз рисолаҳои паҳлавии то ба замони мо расида, аз қабили «Корномаи Ардашери Бобакон», «Ёдгори зарирон», «Шатранҷнома», «Ёдгори Бузургмеҳр» ва ғ. аз тариқи худойномаҳо ба «Шоҳномаи»-и Фирдавсӣ ворид шудаанд. Мисли ин осор манбаи дигар достонҳои «Шоҳнома» бар асоси худойномаҳо низ адабиёти суннатии шифоҳӣ ва осори паҳлавӣ мебошад.

Додихудо Саймиддинов узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳияи Райҳона Раҳматова

Матни электронии китобро шумо ин ҷо метавонед мутолиа намоед: “МЕРОСИ ХАТТИИ НИЁГОН