Ифтитоҳи гӯшаи Ҳошим Гадо дар Китобхонаи миллӣ дар ҳошияи рӯнамоии дастури библиографии ӯ

Хошим-ГадоБахшида ба зодрӯзи Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон”, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи Ҳошим Гадо таъсис ёфт, ки дар он 620 ҷилди китоби ин  ҳунарпешаи нотакрори саҳнаи тоҷик ва расмҳои ҷолиб аз фаъолияти ҳунарии ӯ ҷо дода шудааст. Ин гӯша рӯзи 6 май дар ҳошияи рӯнамоии дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ташаббускори ин чорабинӣ шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ буд.

Профессор Ҷумахон Файзализода – директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронии ифтитоҳии хеш аз хидматҳои бемисли ҳунарманди нотакрор Ҳошим Гадо ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт: Ҳошим Гадо барои олами кинои тоҷик тавлид шуд ва даҳсолаҳо боз барои ин навъи санъат заҳмат мекашаду нақшҳои ҷаззобу дилфиреб ва мондагорро меофарад. Образҳое, ки Ҳошим Гадо дар филмҳои гуногун офаридааст ба дили ҳар бинанда ҷой гирифтааст ва бо боварии комил метавон гуфт, ки номи ӯ чун шахсиятҳои таърихӣ то ҷовидонаҳо боқӣ хоҳад монд.

Ҳошим Гадо Қаҳрамони маҳфили имрўзаи мо на танҳо бо офаридани нақшҳо дар синамову театр маъруфият дорад, балки бо хирад, дониш, маърифат ва нигоҳи олимонаву оқилонаву файласуфонаи хеш, миёни ҷомеаи фарҳанггустарони олам аз маҳбубияти хос бархурдор аст.

Ҳамакнун осори ӯ ба 620 қисм расидааст ва агарчи дар синни мубораки 86 расида бошад, ҳанӯз ҳам олами андешаву эҷоди ӯ дар ҳоли рушд аст ва пайваста асарҳои эҷоднамудааш ба дасти чоп мерасанд.

Тағоймурод Розиқов коргардон, ҳунарпешаи театр ва синамо аз замони фаъолияти устод Ҳошим Гадо дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон нақл кард. Вай гуфт:”Устод замоне ба мо маҳорати актёриро дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дарс мегуфтанд. Борҳову борҳо ба мо дарсҳое додаанд, ки аз ҳеҷ куҷо омӯхтанашон имкон надошт. Нотакрории ҳунар ва маҳорати ҳунарии Ҳошим Гадо на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифта буд ва имрӯз ҳам аз нақшҳои мондагори устод ба некӣ ёд мешавад.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам аз бузургии Ҳошим Гадо ҳамчун як шахсияти арзанда барои миллати тоҷик сухан гуфт. Вай афзуд: “Устод ҳамчун як инсони ҳам ҷисман ҳам рӯҳам ва ҳам аз лиҳози маънавиёту маърифат бузург ҳастанд, ки дар ҷомеа ин гурӯҳ хеле кам ва ангуштшуморанд.Замоне мо дар телевизионҳо нақшофарии устодро тамошо карда ба ваҷд меомадем. Воқеан устод тавонистаанд, на танҳо дар саҳнаи театр, балки нақши хубе дар саҳнаи зиндагиашон бозӣ кунанд”.

Ҳошим Гадо Адиби шинохта Маҷид Салим зимни суханронии худ аз нақши мондагори шоҳ Эдип ҳарф зад ва иброз дошт: “Мисли Ҳошим Гадо ҳеҷ ҳунарманде натавониставу шояд натавонад ин нақшро чунин бо маҳорат бозӣ карда бошад.Чун борҳо мо дидаем, ки ҳатто замоне ин намоишнома то се-чор маротиб ба намоиш гузошта мешуд ва ҳар бор ҳунари асил ифшо мегардиду ҳунарманд соҳиб мақом”.

Рӯзноманигор Ҷумахон Сайдалиев, муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ва чанде дигар аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш низ суханронӣ карданд ва аз Ҳошим Гадо чун нобиғаи санъати тоҷик ёд намуданд.

Гуфтанист, ки дастури библиографии  “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”  аз пешгуфтор, ду қисм ва зерқисмҳои дигар иборат мебошад. Қисми аввали ин маҷмуа Ҳошим Гадо аз назари олимон, сиёсатшиносон ва ҳунармандон ном дошта, чанд мақолаи донишмандони ватанӣ роҷеъ ба ҳунару маҳорати Ҳошим Гадо ҷой дода шудааст.

Қисми дувум иборат аз осорномаи Ҳошим Гадо – асарҳои Ҳошим Гадо, мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва нашрияҳои алоҳида, мусоҳиба, адабиёт дар бораи Ҳошим Гадо, манобеи электронӣ ва кумакфеҳрист иборат мебошад, ки 123 саҳифаро дар бар мегирад.

Дар анҷом аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ барои гузоштани саҳми арзанда дар ҳамкориҳои самарабахш бо шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ва ғани гардонидани фонди Китобхонаи миллӣ ба ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии ҶШСТ, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо  “Ифтихорнома” ва ҳамчунин тӯҳфаи хотирмон супорида шуд.

Наргис  НАЗАРЗОДА