Сироҷиддин Икромӣ: “ХУБӢ” (ҳикоя)

ХУБӢРӯзи 9 май нависандаи маъруф Сироҷиддин Икромӣ зодрӯз доранд. Ба ин муносиба як ҳикояи наввисандаи хушзавқро ин ҷо меорем ва барояшон беҳтарин хушиҳои оламро таманно мекунем. Ин ҳикоя пандҳое барои хонанда дорад ва мутолиаи он кори беҳуда нахоҳад буд. Бовар намекунед? Пас бихонед.

****    ****    ****

Аз кор ба хона баргаштам. Чун ҳамеша истиқбол аз сӯйи зеби хона гарм сурат гирифт. Чунин пазироӣ собиқаи сисола дорад. Барои ҳамин одаташ сафобахши хонаро дӯст дорам ва дуогӯям, ки ҳамеша чунин бимонад. Ҳолати ҳукмфармо болидагӣ оварду дар тараддуди табдили либос будам, ки садои занги телефони ҳамроҳам баланд шуд. Шумораро ношинос ёфтам. Хилофи одат тасвири гӯшии сабзи рӯйи пардаи телефонро бо ангушти ишорат пахш кардам. Ҳамин ки “бале” гуфтаму садо аз он сӯ ба гӯш расид, дарҳол шинохтам, ки каси зангзада ҳамсояи қабати боло Анвар аст. Ӯ салому ҳолпурсиро зиёдатӣ дониста, якбора сари матлаб омад:

– Ака, мошинтона зада, пачақ кард!

– Кӣ? – пурсидам ва ҳамзамон ба тарафи балкон роҳ пеш гирифтам.

– Соҳиби як “Камаз”.

– Куҷо шуд?

– Рафт. Аммо он тараф роҳи баромад нест, аз ҳамин роҳ пас мегардад…

Аз балкони хонаамон, ки дар қабати ҳафтуми бинои нуҳошёна қарор дорад, ба поён нигаристам. Анвар дар пеши мошин меистод. Касоне, ки дар берун буданд, як-як, ду-ду ба сӯйи ӯ, дақиқтараш ба тарафи мошин меомаданд. Аз боло хисороти ба мошин расида чандон баръало набуд. Ба назарам чунин намуд, ки Анвар аз воҳима кор гирифтааст. Ба ҳар ҳол ба поён фуромаданро зарур донистам. Чун пойпӯшҳоямро мепӯшидам, очаи бачаҳо ҳайрон пурсид:

– Ба куҷо? Тинҷист?

– Кадом ронандаи “Камаз” мошинро задааст.

– Сахт наравед.

– Не…

Маълум шуд, ки сарпӯши бағоҷ каме пачақ шудаву қаноти чархи тарафи чап харош хӯрдааст. “Ба хайр аст”, – гузашт аз дилам.

Анвар баъди даст додану салом кардан ба тавзеҳи қазия гузашт:

– Як мошини “Камаз”-и болояш пур аз хишт аз ин роҳ мегузашт, бо сабаби монеаи болои роҳ чархҳои чапаш дар ҳаво хест ва чанд дона хишт омада, ба болои мошини Шумо афтод.

– Ронанда инро надид?

– Дид.

– Наистод?

– Не, тарафи маҳаллаи хонаҳои ҳавлидор рафт. Ака, паст наоед, ҳазор сомониашро канед…

– Рост мегӯяд, – тасдиқ карданд дигарҳо.

– Аввал бинем, ки худаш чӣ мегӯяд, – гуфтам бо оромӣ.

– Э, не, ака. Суст намонед. Гунаҳгор аст. Товони зарарро диҳад…

Бо гузашти каму беш аз бист дақиқа аз пушти бинои мо “Камаз” пайдо шуд. Ронанда ҳаросон ба издиҳом нигарист. Даст бардоштаму ба маънои “ин кори дасти туст?” ба сӯяш ишора кардам. Бо такон додани сар тасдиқ кард. Бо имо фаҳмондам, ки мошинашро канор гузораду биояд. Каллаҷунбониаш аломати қабулро дошт…

Соҳиби “Камаз” марде буд тахминан сӣ-сиюпанҷсола. Болобаланду лоғарандом. Сабзина. Серабрӯ. Рухсораҳояш дамида. Либоси нимдошт ба бар. Чашмонаш каме хунгирифта, шояд бар асари тарсу ҳарос. Парсинги рӯйи лабҳояш бармало. Баъди салом гуфтам:

– Бародар, бор мекашонию қоидаро риоя намекунӣ. Болои боратро пӯшонӣ намешавад? Нозирони роҳ маънат накарданд?

– Бубухшед, ака. Ҳамин хел шуд.

– Чӣ кор кунем, акнун?

– Ака, рости гап рӯзи дароз интизор шудам, корам барор нагирифт. Як соат пеш як корафтода пайдо шуд. Ҳамин борро бар ивази 200 сӯм овардам. Агар бо ин маблағ мошини Шумо рост шавад, садқаи сар.

“И мардак мазоҳ мекунад?”, “бо ин маблағ усто бо ту ҳатто салом намекунад”, “аз ҳазор сӯм кам нагиред”, “ҳуҷҷатҳояшро гиред, то мошинро таъмир накунад, онҳоро пас надиҳед”…, – маслиҳат медоданд шоҳидони ҳол.

– Бародар, рӯзадорӣ? – рост ба чамонаш нигариста, пурсидам аз ронанда.

– Рӯзадорам, – кӯтоҳ посух дод ӯ.

– Ин хел бошад, додарам, дар ин моҳи муборак ман ба ҳеҷ ваҷҳ ба худам иҷозат намедиҳам, ки нони даҳони кӯдакҳои туро аз худ кунам. Бахшидам. Раведу бо ин маблағ ягон хӯрдании бомазза бихареду ҳамроҳи зану фарзандон нӯши ҷон бикунед.

Ӯ маро мешуниду бовараш намеомад. Моту мабҳут меистод. Гӯё ба ҳайкал табдил ёфта буд.

Даст ба кифташ ниҳодаму гуфтам:

– О, бародар, ифтор наздик омад. Наист. Рав. Кӯдаконат чашм ба роҳанд, ки падарамон ин бегоҳ чӣ меоварда бошад.

Ба худ омад. Маро дар оғӯш гирифт. Раҳо кард. Дастамро фишурд.

– Раҳмат, ака, раҳмат ака, – мегуфт ба такрор.

Аз ҳаяҷони зиёд ҳарфи дигаре ба нӯги забонаш намеомад.

Пас гашту давида рафт.

“Ҳай кори савоб кардед”, “ҷавонмардӣ нишон додед”, “дар рамазон савоби ду дунёра гирифтед”…, – мегуфтанд ҳамонҳое, ки чанд лаҳза қабл барои аз ронанда рӯёндани ҳазор сомонӣ маро ташвиқ мекарданд. Бидуни он, ки ҳарфе ба забон овардам, аз ин чандрӯйии одамон ҳайрон дар зинаҳо рӯболо шудам…

Ҳамон бегоҳ бародарзодаам Мубинҷон, ки солҳо боз дар Русия ба тиҷорат машғул буду ҳатто боре ҳам занг зада, ҳол намепурсид, меҳмони мо шуд. Ҳамроҳ рӯза кушодему то дер аз ину он суҳбат кардем. Ҳангоми гусел то зинаҳо аз пушташ баромадам. Вақти хайрухуш даст ба кисааш бурду чанд сӯме бароварда, ба ҷайби пеши бари ман ниҳод. Ҳарчанд рад кардам, напазируфт. Гуфт:

– Ака, бубахшед, ки як бор ҳам суроғ накардам. Дар ҳаққи ману фарзандонам доугӯ бошед.

Давида аз паллаҳо фуромад.

Чӣ ҷойи пинҳон кардан? Тоқат накардам. Дар ҳамон ҷо даст ба ҷайбам бурдаму пулҳоро берун овардам. Сесад дуллор буд. Зери лаб аз худ пурсидам: “Барои кадом кори хайрам?”. Пеши назарам сурати ронандаи “Камаз” падидор шуд.

Хубӣ кунед, даҳчанд подош мегиред.

Сироҷиддин ИКРОМӢ

 ****    ****    ****

Сироҷиддин-ИкромӣМУАРРИФӢ: Сироҷиддин Икромӣ 9 майи соли 1964  дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №3-и зодгоҳаш ва   шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1990) ба ҳайси китобдор, китобшиноси пешбар,  ходими   калони илмӣ, мудири шуъба, муовини директори Хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ) (1987-2015) кор кардааст. Ба сифати директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» аз моҳи майи соли 2015 то моҳи декабри соли 2020 фаъолият намуд. Аз моҳи январи соли 2021 ба ҳайси мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  фаъолият дорад.

Аз соли  2017 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2001) аст.

Муаллифи маҷмўаи ашъор ва қиссаву ҳикояҳои “Ошёни меҳр” (“Ирфон”, 2000), “Дар ҳасрати дидор” (“Ирфон”, 2010), “Баъди борон” (“Ирфон”, 2012), “Як қадам то варта”, (“Адабиёти бачагона”, 2014), “Аз зулмот ба сафо” ( 2014), “Вақте ки насиб накард” (“Бебок”, 2015),  “Боздошти муҳоҷир” (“Ирфон”, 2018), “Подош” (“Адиб”, 2020). Дар Озмуни китоби сол ду китоби адиб, “Боздошти муҳоҷир” ва “Подош” солҳои 2018 ва 2020 дар бахши наср сазовори ҷойи аввал дониста шуданд.

Соли 2015 қиссаи “Аз зулмот ба сафо” дар Озмуни  байналмилалии адабии “Евроосиё”, дар нуминаи “Осори адабӣ” соҳиби ҷоиза гардидааст.

Намунаи осори муаллиф ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд.

Даҳ филмро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Мукофотҳо: Аълочии матбуоти Тоҷикистон (1999), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2017), Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2014).

Манбаъ: Сомонаи Ит.нав.