Тафреҳ. Чанд шеър аз Нилуфари Воҳид
БОЗ БЕ ТУ
Боз бе ту, боз бе ту, боз, боз,
Ғамзаҳову ноз бе ту, боз, боз
Дар ҳавои дӯстдориву умед
Боз ҳам парвоз бе ту, боз, боз.
Шаб ба гӯши моҳи ошиқ то сабоҳ
Дарди дил иброз бе ту, боз, боз.
Баъди уфтодан зи авҷи ошиқӣ
Дар паи афроз бе ту, боз, боз
Мотами паррандаи иқболи мо,
Мотами шаҳбоз бе ту, боз, боз
Рӯи авроқи муҳаббат баъд аз ин
Резиши алфоз бе ту, боз, боз.
Дар гулӯи най ҳамеларзад сиришк,
Нолаҳои соз бе ту, боз, боз.
Дар канори зулмати хилватсаро
Боз бе ту, боз бе ту, боз, боз…
22.11.2022 сол. Соати 23:25.
Шаҳри Тула.
ЗИНДАГӢ
Гоҳ ханда, гоҳ табассум, гоҳ оҳам зиндагӣ,
Қалби хуррам, ғам, алам, ҳоли табоҳам зиндагӣ.
Осмони тираву рангинкамону раъду барқ,
Абру тӯфон, кавкабу хуршеду моҳам зиндагӣ.
Қатраи борониву шабнам ба вақти субҳи нав,
Чашмаву дарёву оби рӯду чоҳам зиндагӣ.
Гаҳ ғулому бардаву гоҳе ҳақиреву асир,
Гаҳ амиру молику гаҳ подшоҳам зиндагӣ.
Боиси уфтоданам, бар по қавӣ истоданам,
Душманам, дӯстам, рақибам, ҳам паноҳам зиндагӣ.
Кӯчаҳои тангу тор, пайроҳаҳои пурғубор,
Пастиву болову чанги шоҳроҳам зиндагӣ.
Бо умеди рӯзи нек оғоз кунам бомдоди худ,
Сӯхтани дирӯзаву дарди пагоҳам зиндагӣ.
Бо ҳама садрангияш такрор наёбад баҳри ман,
Ҳам сафеду ҳам бунафшу ҳам сиёҳам зиндагӣ.
21.04.2021 сол. Соати 16:45.
Шаҳри Тула.
ЁДАТ КУНАМ
Бо тарона, бо фасона, бо алам ёдат кунам,
Орифона, шоирона, бо қалам ёдат кунам.
Ман, ки ҳамрози ҷунуну зулми ишқат гаштаам,
Ҷоҳилона, оқилона, дам ба дам ёдат кунам.
Ҳар нафас, ҳар оҳи ман бо ёди ту ояд бурун,
Бо баҳона, бе баҳона, ҳар қадам ёдат кунам.
Бурдаӣ дилро зи дастам, ҷони ман, бодат ҳалол,
Дилбарона, ошиқона, дилбарам, ёдат кунам.
То ту будӣ дар канорам, оламе буд дар барам,
Дар канори сарду танҳои дарам ёдат кунам.
Ёди ту н-орам дигар, аҳдам бубастам бо замир,
Баршикастам ман саду садҳо қасам, ёдат кунам.
Ҳар куҷо рафтам ба уммеде равад ёдат зи сар,
Хотири он ёди ширини сарам ёдат кунам.
Ман, ки бо ёдат ҳанӯзам зиндаву дил метапад,
Мунтаҳои умри худ, дар мотамам ёдат кунам.
03.07.2022 сол. Соати 11:15.
Шаҳри Хуҷанд.
ДЕР ШУД
Кавкаберо барканӣ аз осмон ҳам, дер шуд,
Оварӣ ҷои саҳоб рангинкамон ҳам, дер шуд.
Аз навои шеъри ман бигрифта илҳоми зиёд
Баҳри ишқи мо бубахшӣ достон ҳам, дер шуд.
Рашки ман завқи туро бар ваҷд меовард, кунун
Бинамат з-ин пас канори ину он ҳам, дер шуд.
Дил, ки баъди андаке аз фурқатат омад ба дод,
Бар гусасти риштаҳои итминон ҳам дер шуд.
Пир гаштам ман зи дарди бедавои ишқи ту,
Баҳри пас овардани умри ҷавон ҳам дер шуд.
Тири дил ҳангоми сайдаш тоб хӯрд бори дигар,
Бар дигаргун кардани хатти нишон ҳам дер шуд.
Оташи борони ҳасрат сӯзадам то умқи ҷон,
Гирди девори равон бар новадон ҳам дер шуд.
Оҳи ман яхпораҳои қалби қисматро набурд,
Даррасид то мо насиби ломакон ҳам, дер шуд.
Зуд фитод аз санҷиши даргоҳи иқбол меҳри мо,
Бар гузашт бори дигар аз имтиҳон ҳам дер шуд.
Нисфи умрамро бароят бахшидам, ёри азиз,
Гар бубахшоӣ бароям нисфи ҷон ҳам, дер шуд.
15.11.2022 сол. Соати 14:55.
Шаҳри Тула.
***** ***** *****
Ишқи мо, эҳсоси мо, сидқу вафои мо ғалат,
Бар ҷароҳатҳои дил тарзи давои мо ғалат.
Ғарқи гул фасли шитову орӣ аз ҳосил тамуз,
Ризқи мо, уммеди мо, обу ҳавои мо ғалат.
Ҷилваи дурдонаҳоро қаъри дарё маскан аст,
Бар шукӯҳи кафки он сатҳи баҳои мо ғалат.
Интиҳои растаи бозори ҳастӣ дур нест,
Гар матоъ аст умри мо, нархи матои мо ғалат.
Арзиши як каф дуоро бишнавед аз пири давр,
Баъди ин нарху наво, ҳатто дуои мо ғалат.
Ҳайфи эҳроми сафеди муслимони дилсияҳ,
Саҷдаҳои ҳоҷиён сӯи Худои мо ғалат.
Гӯшае набвад магар дар рӯи гетӣ бе ҷидол?
Сулҳи мо, айёми мо, ранги ливои мо ғалат.
Чун ба ҳадди ҷонварон андар халоиқ нест меҳр,
Ному ҷисми мо ғалат, қадду лиқои мо ғалат.
Илтифот н-омад зи мо чун дар канори зиндагон,
Оҳи мо, афғони мо, расми азои мо ғалат.
Зиндагӣ маҷмӯи росту иштибоҳи одамист,
Бо вуҷуди ин ҳама дарки хатои мо ғалат.
10.11.2022 сол. Соати 00:40.
Шаҳри Тула.
***** ***** *****
Баҳри ирсоли паёме, дилбарам, вақтат нашуд?
Баҳри ёд аз дилрабои меҳрубон фурсат нашуд?
Ақрабакҳо дар шитобанду саломе аз ту нест,
Умр бигзашту туро аз баҳри ман соат нашуд?
Ҳам замони иттифоқу ҳам дар айёми фироқ
Бо ману ёдам гирифтанҳо нафас одат нашуд?
Бингарам оинаро, дар қаъри он ҳам рӯи ту,
Дар дили оинаат монанди ман талъат нашуд?
Дар рагу пайванди ман ҷорӣ бувад ёдат мудом,
Бо хуни дилдодаам дар байнашон сабқат нашуд.
Дар сарат ёди кадоме ҳамчу меҳмон аст азиз?
Зикри ман бар хони ёдат мисли ӯ даъват нашуд?
Гул бимирад, гар варо айёми дай гирад канор,
Инчунин ҳолат бароят, ҷони ман, ибрат нашуд?
Толибони бахт як-як омаданд бар васли ӯ,
Бар мани Нилуфарат то ҳолиё навбат нашуд.
02.11.2022 сол. Соати 00:05.
Шаҳри Тула.