Тағйироти кадрӣ дар Китобхонаи миллӣ. Ду муовини директори Китобхона муаррифӣ шуданд
Дар ҷаласаи нимаи аввали имрӯзи Китобхонаи миллӣ ду нафар чун муовинони Директори Китобхона муаррифӣ шуданд. Сайфиддин Камолзода ба вазифаи муовини директор оид ба илм, захираҳои иттилооотӣ ва хидматрасонӣ ба истифодабарандагон ва Зафар Саидов муовини директор оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таъин шуданд.
Сайфиддин Камолзода 3-юми феврали соли 1970 таваллуд шуда, соли 1992 факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро бо ихтисоси китобдор-библиограф хатм кардааст. Аз соли 1988 инҷониб фаъолияти меҳнатиашро оғоз намудааст. Номзади илмҳои педагогӣ аст.
Зафар Саидов то имрӯз сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Директори Китобхонаи миллӣ,доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода зимни муаррифии муовинон изҳори умед кард, ки таъини ду роҳбари нав дар тақвияти фаъолиятҳои пурсамари Китобхонаи миллӣ такони нав хоҳад буд.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.