Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи 18 марти соли равон дар саҳни бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз  таҳти унвони  “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» чорабинии бошукўҳ баргузор шуд.

Чорабинии идона бо иштироки директори Китобхонаи миллӣ,  доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ва кормандони китобхона ҷараён дошт.

Қабл аз оғози чорабинӣ саҳни Китобхонаи миллӣ барои истиқболи меҳмонон ба ҷашни зебои Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба таври идона ороста шуда, хонҳои зебои “ҳафт син”-у “ҳафт шин” бо шукӯҳу шаҳомати хос ба саҳна ҷиллои дигар зам намуд.

Директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода ва ҳайати намояндагони вазорату идораҳои кишвар ба намоиши омоданамудаи кормандони Муассиса ошно шуданд ва ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд.

Оғози ҷашни Наврӯз дар боргоҳи муқаддас ва кохи маърифати Китобхонаи миллӣ бо суханони Ҷумахон Файзализода оғоз гардид. Мавсуф сараввал меҳмононро хушомадед гуфта, оид ба таърихи Наврӯз ва оинҳои наврӯзӣ ҳарф зад. Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла, зикр намуд ки “…Ҷашни Наврӯз аз омаданаш ба дилҳо гармӣ ва сурур мебахшад. Ин ҷашни шодиву нишот аст, бигзор хонадони кулли мардуми шарифи Тоҷикистон мисли Наврӯз ҳамеша пурфайзу бобаракат бошад”.

Дар ҷамъомад намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони дигар суханронӣ ва кормандони Китобхонаи миллиро ба фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод карданд.

Дар поёни ҳамоиш як барномаи хубу дилкаши фарҳангӣ ҳам тақдими ширкаткунандагон шуд.

Ёдовар мешавем, истиқболи Наврӯз дар Китобхонаи миллӣ аз рӯзи 16 уми март бо баргузории озмуни “Кадбонуи беҳтарин” оғоз шуда буд.

Наргис Назарзода,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.