Телефони дастӣ мусибат ҳам меорад…

Вақте мо ҷавонон бо мардуми куҳансол аз қабили бибиву бобоҳо ва дигар шахсони солхӯрда ҳамсӯҳбат мешавем, аз суҳбаташон онро мешунавем, ки дар даврони бачагии онҳо канори аксар деҳот ё мобайни он болои симчӯбе баландгӯяк насб гардида будааст. Мардум тавассути он аз рӯйдодҳои навин бохабар гашта,мусиқӣ ва дигар барномаҳоро мешуниданд. Он замон ҳар як манзил дорои баландгӯяки бо хати симҳои махсус пайваст буд, ки мардум онро “радиои панҷсӯма” меномиданд.Аммо садои баланди марғуладори баландгӯяки болои симчӯб ҳаловату таъсири дигаре дошт.

Аз парвози нахустин кайҳонавард Юрий Гагарин ба кайҳон ва дигар ҳодисоти рӯи олам мардум маҳз тавассути радиои болои симчӯб огаҳӣ меёфт. Бояд гуфт, ки радиои болои симчӯб ё панҷсӯма дастовардҳои навине ба шуор мерафтанд, ки айёми тифлии онҳо дастрас буд ва ифтихори умум ба шумор мерафт. Пешрафти илм боис шуд,то одам ба кайҳон парвоз намояду дигарон лаҳзае пас аз он воқиф шаванд.

Чанде баъд ба ҳаёти мардум оинаи нилгун ворид шуд, ки ин навгонӣ ҳамаро ба ҳайрат андохта, ҳаётро дигаргун сохт. Умуман мардуми калонсол зимни сӯҳбат дар чунин мавзӯъҳо аҷаб дастовардҳое гуфта,он замонҳоро ёд меоранд. Имрӯзҳо мо ба камол расида истодаем ва бо техналогияҳои навини асри хеш ҳамқадамем. Яке аз он техналогияҳои навини имрӯза ,ки он телефони дастӣ аст, дар ҷайби ҳар яки мо ҷой дорад. Масалан кампираке дар кӯча ба душворӣ қадам мениҳад. Овози телефони дастӣ, ки садо дод, бо азобе онро аз ҷайб берун меорад ва ба бехи гӯш ниҳода, бо садои хирросӣ базӯр овоз бароварда, “алло”мегӯяд. Ҳангоми радду бадал кардани сухан бо телефон кампирак як гӯшро ба кафи даст пӯшонда,телефонро ба гӯши дигар сахт часпонда, баланд-баланд ҳарф мезанад. Гуфтугӯро бо ҳамсӯҳбат анҷом дода, бо азобе телефонро ба ҷайбаш ҷо карда, роҳашро идома медиҳад.

Ҳоло ки ҳама дар ихтиёр телефони дастӣ доранд, дар ҳама ҷо бахусус дохили нақлиёти ҷамъиятӣ-чӣ автобусу тралейбус ва маршуткаҳо баръало метавон мушоҳида намуд, ки ҳамагон овора ва побанди телефони дастианд. Ҳангоми тамошои ин ҳолат ба назар чунин мерасад, ки даруни телефон гӯё ганҷи Қорун нуҳуфтааст. Духтараке табассум дар лабон ва телефон паҳлӯи гӯш бо касе гарму ҷӯшон сӯҳбат дорад. Шояд бо дӯстдошта ба якдигар рози дил баён доранд.Гоҳҳо механдад. Лек кӯшиш дорад атрофиён аз гуфтори пурмеҳри эшон воқиф нагарданд. Ба ин хотир гуфтораш хеле паст.

Бемуҳобо телефони имрӯза ё дақиқтараш мобилӣ инқилобест дар ҷодаи пешрафти илму техника,ки ҳоло техналогияи навин ном мебарандаш. Ва яке аз дастовардҳои беҳтарини инсоният ба шумор меравад. Паҳлуи манфии ин масъала ин аст, ки ҳоло телефони дастӣ боис шуда, ки имрӯзҳо бисёр ҷавонон паси панҷара кашида мешаванд.Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар гуна ахбору нигоштаҳо ва маълумот вохӯрдан мумкин аст. Байнашон маълумотҳои иғвоангезе низ ҳастанд, ки онҳоро гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ паҳн месозанд.Ҳолатҳое рух медиҳад, ки нафаре худ бехабар аз бозиҳои муғризонаю пурҳадафи гурӯҳҳои ифротӣ бо андак амали ноҷо гирифтори ҳар гуна банди бало гаштанаш мумкин. Барои мисол маъқул донистани матлаби нашршуда аз ҷониби чунин гурӯҳҳо ва рақибони ба назар дӯстнамо бо баёни маъруфи имрӯз “лайк”-гузорӣ яъне маъқул донистан далел шуда метавонад. Саргармӣ бо телефони дастӣ барои як нафари миёнсол қариб ба баҳои ҷон табдил ёбад.

Нафаре тавассути пиёдараҳ лаб-лаби рӯди Душанбе қадамзанон саргарми телефони дастӣ буд. Билохира ба канори зинапояҳо расид.Ба атроф аҳамият надода,ҷониби зинапояи бетонӣ тоб хӯрд,ҳатто ба пеши пояш нигоҳ надошт. Бепарвоёна хост ба зинаи дигарӣ по гузорад. Якбора мувозинаташ гум гардиду сарозер рӯи зинае афтод. Ғелзанон то назди пойи одамони майли савор шудан ба микроавтобус қарор гирифт. Дар атроф чанд адад дандонҳои шикастааш пош хӯрд. Аз як кунҷи лабаш хуни рехта, изи ҷӯяки хеле борикро ташкил медод. Ҳини афтидан телефон аз дасташ раҳо ёфту сахт ба асфалт бархӯрд.Аз таъсири зарба ба ду қисм ҷудо гашта,чанд ҷузъи дохили он ба ҳар тараф пош хӯрд.

Мусофирон саворшавиро гузошта,гирди марди афтида ҷамъ шуданд. Аксар аз саросемагӣ ба ӯ чӣ гуна ёрӣ расонданро намедонистанд. Ронанда безобитагии одамон ва поин гаштани онҳоро дида, худ низ аз нишастгоҳ берун гашту паҳлӯи дигари нақлиёт пури одам қарор гирифт. Марди беёд хобидаю хунолудро дида,  ҳуш аз сараш парид. Гумонаш зери нақлиёт мондааст. Рангу рӯяш канда, лабонаш тамоман бе хун, чӣ гуфтанро намедонист. Вазъи ӯро дида, пулчинак асли воқеъаро барояш фаҳмонд. Инро шунида,чеҳраи рангпаридаи ронанда тағир ёфту каме ба худ омад. Вай нафаси сабук кашид.

Тахминан 10-15 дақиқа пас мошини ёрии таъҷилӣ расиду марди захмиро ба он савор карданд. Нафаре аз мусофирон телефони шикастаро аз замин бардошта, ба дасти яке аз табибон часпонд. Мусофирон паси якдигар ба нақлиёт савор шуданд. Рӯи роҳи қирпӯш бошад, қисмҳои аз телефон пошгашта  чун далел аз ҳодисаи рухдода ва ба касе нолозим парешон мехобид. Ду ҷавондухтари резаандом  овора бо телефонҳои дастӣ аз ҷониби дигар пиёдароҳро убур доштанд. Ҳар ду болои пораҳои аз телефон боқимонда по ниҳода,хабар надоштанд,ки андаке пеш ин ҷо чӣ ҳодисае аз боиси саргармӣ бо “инқилоби аср” рух дода буд…

Телефонҳои мо ин гуна фоҷеаҳоро ҳам ба сарамон оврада метавонанд. Ман, ки худ шоҳиди ин рӯйдод будам, лаҳзае ҳолати он мард аз пеши назарам дур намешавад. Охир ман ҳам яке аз касонема, ки телефон дорам. Ва мову манҳо танҳо нестем…

Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.