80 сол бо муаллифи “Фарҳанги Доро”
Устод Доро Наҷот аз миёни адибону донишмандони муосир аввалин шахсест, ки фарҳаннома навишт ва онро ба номи худ номгузорӣ кард. Ин китоби дуҷилда бо номи ”Фарҳанги Доро” соли 2012 бори аввал мунташир шуд ва бори дуюм соли 2021 бо тасҳеҳу иловаҳо дубора чоп шуд. “Фараҳанги Доро” луғатномаи тафсирии навини беназирест. Муаллиф дар ду ҷилд тақрибан 25 ҳазор вожаву ибора, таркиб ва истилоҳро шарҳу тафсир кардааст. Яқинан, ин Фарҳанг суннати деринасоли фарҳангофаринии миллиро тадовим бахшида, дар тарвиҷу таҳкими минбаъдаи забони муштараки форсизабонони ҷаҳон ҳиссаи шоиста хоҳад гузошт.
ДОРО НАҶОТ 4 – уми майи соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ дида ба олам кушода, имсол дар ҳалқаи дӯтону пайвадон, донишмандон ва ҳаводорони ашъораш 80-солагии худро ҷашн гирифт.
Ӯ соли 1961 фориғуттаҳсили мактаби мутавасситаи зодгоҳаш гашта, солҳои 1961-1966 дар Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод таҳсил кардааст. Хидмати аскариро ба ҷой оварда, дар рўзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ кор кардааст. Соли 1978 дар рўзномаи «Тоҷикистон Советӣ» (ҳоло “Ҷумҳурият”) ба сифати хабарнигор ба кор шурўъ карда, то соли 1991 дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст.
Моҳи марти соли 1991 сардабири «Сомон» -ҳ афтаномаи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ таъин шуда, баъдан то нафақа баромадан корманди Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Фаъолияти эҷодии Доро Наҷот дар авохири солҳои шастум оғоз ёфтааст. Муаллифи маҷмуаҳои шеърии «Соҳиби кўҳсор» (1979), «Шабнам» (1983), «Дарав» (1986), «Хирмани Маҳтоб» (1989), «Тулўъе дар ғуруб» (1998), «Меоям аз шигифт» (2013) ва ғайра мебошад. Муаллифи рисолаи «Шайх Абулқосими Гургонӣ»-ст, ки дар авроқи он масоили марбут ба таърихи тасаввуф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд. “Фарҳанги Доро»-и ў луғатномаи тафсирии навини беназирест, ки шарҳи беш аз панҷ ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораҳои рехтаи форсии тоҷикиро дар бар гирифта, суннати деринасоли фарҳангофаринии миллиро тадовим бахшида, дар тарвиҷу таҳкими минбаъдаи забони муштараки форсизабонони ҷаҳон ҳиссаи шоиста хоҳад гузошт.
Доро Наҷот ба сифати яке аз муваффақтарин гўяндагони «шеъри сафед» дар Тоҷикистон эътироф гардида, соли 2012 барои китоби ашъори «Меоям аз шигифт» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ гардидааст. Ашъори алоҳидаи ў ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва дар бархе нашрияҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидаанд. Як идда аз ашъори А. Блок, Ф.Тютчев, А. Ахматова, В. Соколов, М. Дудин, шоири украин Д. Павличко ва шоири ўзбек Омон Матчонро ба тоҷикӣ гардондааст. Аз соли 1987 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мебошад.
ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ АЗ ДОРО НАҶОТ ВА ДАР БОРАИ Ӯ ИН МАТОЛИБ ҚОБИЛИ ДАРЁФТ ВА МУТОЛАА МЕБОШАД:
Осор
Фарҳанги Доро. – Душанбе, 2021. – 593 с.
Меоям аз шигифт. – Душанбе : Адиб, 2012. – 432 с.
Як кашкул ишқ. – Душанбе : Сифат офсет, 2010. – 96 с.
Маҳтобе хамида дар рукўъ. – Душанбе: Адиб, 2006. – 232 с.
Дар бораи адиби маъруф
Доро Наҷот // Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома. – Душанбе: Ношир, 2024 – С.234.
МАНБАЪ:
Доро Наҷот // Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома. – Душанбе: Адиб, 2014 – С.162.
Таҳияи Гулрӯ Исмоилова,
корманди шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ