Абдуқодир Маниёзов нахустин муҳаққиқи публитсистикаи устод Айнӣ
Абдуқодир Маниёзов яке аз аввалин муҳаққиқонест, ки доир ба фаъолияти публитсистӣ ва назми солҳои 1918-1921-и сардафтари адабиёти муосири тоҷик, шоир, нависанда, ходими барҷастаи илм – Садриддин Айнӣ таҳқиқоти густурда ва ҷолиберо анҷом додааст.
Ў нуктаҳои муҳимми назм ва фаъолияти журналистии устод Айниро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Муҳаққиқ осори дар ин давра таълифнамудаи устод Айниро ба ду давра ҷудо намудааст. Дар давраи аввал, яъне пеш аз Инқилоби Октябр ба шоирӣ машғул гардидани Садриддин Айниро, ки аксарияти эҷодиёти ўро назм ташкил дода буд, марҳилаи дигари фаъолияти адабии ўро, ки ба навиштани мақолаҳои публитсистӣ ва очеркҳои таърихӣ сарф шудааст, таъйин менамояд.
Ҳамин тавр, Абдуқодир Маниёзов ашъори пешазинқилобии ўро ба таври муфассал таҳқиқ намуда зикр менамояд, ки мавзўи ашъори устод Айнӣ дар ин давра асосан ишқӣ-иҷтимоӣ мебошад. Ва ў ашъори худро дар жанрҳои анъанавии назм аз ҷумла ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ, маснавӣ ва инчунин дар шакли байтҳои ҷудогона эҷод намудааст. Дар мавриди назми устод Садриддин Айнӣ чунин зикр намудааст: «Нахустин ва барҷастатарин намунаҳои назми тозабунёди адабиёти советии тоҷик низ ба қалами Садриддин Айнӣ тааллуқ дорад». Аз ҷумла таъкид менамояд, ки устод Айнӣ дар баробари эҷоди назм ба забони тоҷикӣ инчунин ба забони узбекӣ ҳам асарҳо эҷод намуда, дар ташаккул ва тараққии назму насри советии узбек саҳми арзишманди худро гузоштааст. Аз ҷумла, шеърҳои дар замони аввали инқилоб эҷод гардидаи ў асосан бо ду забон ‒ тоҷикӣ ва узбекӣ эҷод гардидаанд. Ва роҷеъ ба ин нукта чунин қайд намудааст: “Нависанда дар ин бобат анъанаи пурифтихори адибони тараққипарвар ва инсониятдўсти халқҳои тоҷик ва узбекро, ки дар замони худ бо рафоқат ва робитаи илмӣ-адабиашон барои беш аз пеш мустаҳкам шудани дўстии ин ду халқи бародарӣ мусоидат намудаанд, давом додааст”. Абдуқодир Маниёзов дар мавзўъҳои мухталиф, аз ҷумла, ишқӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, инқилобӣ, тарғиби илму дониш, мактабу маориф ва ғайра эҷод намудани ашъори устод Айниро таъкид намуда, чунин мегўяд: “Бешубҳа, шеърҳои инқилобии С. Айнӣ, ки идеяҳои револютсиониро тарғиб намуда, оммаи меҳнаткашро дар муборизаи роҳи озодӣ ва сохтмони ҳаёти нав рўҳбаланд мекарданд, ҳамчун аввалин намунаҳои назми советиамон, дар ниҳодани асоси адабиёти реализми сосиалистии тоҷик роли муҳим бозида ва дар он мавқеи сазоворе ишғол менамоянд.”
Ба назари Абдуқодир Маниёзов Садриддин Айнӣ бо мурури замон, бо таъсири дигаргуниҳои иҷтимоии ибтидои қарни ХХ ва ҳамзамон бо таъсири ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш ва пайравони ў ба масъалаҳои муҳимми ҷомеа таваҷҷўҳ намуда, кўшиш менамояд, ки ҳамаҷониба онҳоро дар осори хеш инъикос намояд. Ҳамзамон иштироки фаъолонаи ўро дар корҳои ҷамъиятӣ зикр намуда, китобҳои дарсӣ таълиф намудан, инчунин дар ашъори хеш танқид ва мазаммат намудани тамоми нуқсонҳои сохти амириро таъкид намудааст.
Ба ақидаи Абдуқодир Маниёзов яке аз сабабҳои ба наср рў овардани устод Айнӣ ин пеш аз ҳама дар он буд, ки ў барои инъикоси воқеаҳои ҳамонвақта роҳу воситаҳои дигарро меҷуст ва пай бурд, ки қолаби назм барои инъикоси ин воқеаҳо маҳдуд аст ва устод Айниро водор мекунад, ки ба навиштани мақолаҳои публитсистӣ ва очеркҳои таърихӣ машғул шавад. Устод Абдуқодир Маниёзов омилҳои асосии навиштани мақолаҳои публитсистии устод Айниро пеш аз ҳама дар иштироки фаъолонаи ў дар ҳаёти иҷтимоии ҳамонвақта медонад. Ў ба воситаи ашъори инқилобӣ ва мақолаҳои публитсистии худ вазифаи таблиғотчӣ ва ташвиқотчиро дар роҳи озодии халқи мазлум ва меҳнаткаш анҷом додааст. Яке аз омилҳои дигари фаъолияти публитсистии устод Айнӣ ба назари муҳаққиқ, таъсири бевоситаи ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш мебошад, ки ў дар осори хеш аз тарзи ифода ва воситаҳои бадеии он баҳравар гадидааст. Омили дигари ба публитсистика рў овардани устод Айниро аз пайваста мутолиа намудани матбуоти даврӣ вобаста донистааст. Ҳамзамон ҳанўз пеш аз Инқилоби Октябр бо матбуот шинос шудани устод Айниро дар натиҷаи мутолиаи рўзномаву маҷаллаҳои туркиву тотории «Тарҷимон» ва «Вақт», рўзномаҳои форсӣ аз қибили «Ҳаблулматин», «Парвариш», «Ҷаҳоннамо» ва рўзномаи ҳаҷвии озарбойҷонӣ бо унвони «Мулло Насриддин», ки дар Бухоро интишор меёфт, кайд намудааст.
Абдуқодир Маниёзов қисми зиёди ашъори инқилобӣ ва мақолаҳои публитсистии Садриддин Айниро, ки дар солҳои 1918-1921 навишта шудаанд ва нахустин маротиба дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ва рўзномаи «Меҳнаткашлар товуши» нашр гардидаанд, баррасӣ намудааст. Аз ҷумла ў иқтибоси устод Айниро дар ин бора бевосита чунин хулоса нумудааст: «Дар Самарқанд як журнал бо номи «Шуълаи инқилоб» дар забони тоҷикӣ ва як газета ба номи «Меҳнаткашлар товуши» дар забони узбекӣ нашр мешуд. Ман дар дуи инҳо хизмат мекардам. Дар он вақт аз коркунони маҳаллӣ коркунони адабӣ ҳам кам буданд, бинобар ин гуфта метавонам, ки қисми муҳимми ин журнал ва газетаро бо имзоҳои гуногун ман пур мекардам. Дар ду забон шеърҳо менавиштам, дар ду забон мақолаҳо менавиштам».
Зимни баррасии мақолаҳои публитсистии устод Айнӣ муҳаққиқ онҳоро ба ду гурўҳ ҷудо намудааст. Ба гурўҳи аввали мақолаҳои публитсистии устод Айнӣ масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании ҳамон давра дохил мешавад, ки дар он ў моҳияти ҳодисаҳои инқилобӣ ва дигаргуниҳои беназири иҷтимоиро ба оммаи васеъ фаҳмонида медод. Инчунин халқро ба муборизаи зидди душманони Ҳокимияти Советӣ, барои сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ ва омўхтани илму маърифат тарғибу ташвиқ мекард.
Гурўҳи дигари мақолаҳои устод Айниро ба мақолаҳое, ки дар хусуси масъалаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла вазъияти кишварҳои Шарқ бахшида шудаанд, ҷудо намудааст. Таъкид менамояд, ки устод Айнӣ онҳоро бо ҳисси хайрхоҳӣ ва садоқату самимият ба халқҳои мазлуми Шарқ ва боварӣ ба ояндаи дурахшони онҳо навиштааст. Ва иқтибоси худи нависандаро дар яке аз мақолаҳои худ бо унвони «Инқилоби Октябр ва Шарқ» чунин зикр намудааст: «Аҳолии Шарқ, ки дар хориҷи мамлакати Русия истиқомат доранд, онон ҳам аз ин инқилоби бузург манфиатҳои зиёд ёфтанд… Афғонистон, ки дар зери панҷаи англисҳо асир буд, озод шуда, мустақил шуд… Мисру Ҳиндустон зуд аст, ки озод шавад… Хитое, ки бо ин ҳама бузургӣ мурда ва дар шиками ҷаҳонгирон ҳазмшуда ба шумор мерафт, имрўз бо рўҳи инқилоби октябр дар ҳаяҷон аст. Умед аст, ки ба зудӣ ин миллати серсол ва ин давлати куҳансолро ҳам дар рўи дунё озод ва дар қатори миллатҳи зинда бинем».
Нуктаи дигареро метавон зикр намуд, ки устод Абдуқодир Маниёзов дар баробари таҳқиқи ашъори пеш аз инқилобии устод Айнӣ ва мақолаҳои публитсистии навиштаи ў, инчунин ду асари калони таърихии ў «Таърихи мухтасари ҳаракати инқилобӣ дар Бухоро» ва «Таърихи силсилаи манғития, ки дар Бухоро ҳукм рондаанд»-ро низ аз ҷиҳати публитсистӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Абдуқодир Маниёзов дар ин маврид чунин зикр намудааст: «Ин ду асар, ки қариб дар як вақт, дар арафа ва рўзҳои револютсияи Бухоро навишта шудаанд, аз ҷиҳати мавзўъ ва мазмуни идеявӣ ба ҳам наздик буда, ба як мақсаду маром, яъне фош кардани разолати давраи амирӣ ва нишон додани аҳаммияти бузурги револютсия равона гардидаанд. Аз ин рў онҳо дар ҳамон шароити таърихӣ роли калони таблиғотӣ ва ташвиқотӣ ҳам бозида, маҳз бо ҳамин хусусияти худ бо публитсистикаи нависанда робитаи бевосита пайдо намуданд». Аз ин гуфтаҳои Абдуқодир Маниёзов чунин бармеояд, ки дар ташаккул ва инкишофи насрнависии устод Айнӣ натанҳо мақолаҳои публитсистии ў, балки осори таърихии вай, ки нахустин бор тавассути рўзномаву маҷаллаҳо интишор ёфтаанд, мавқеи намоёнро ишғол менамояд.
Ҳамзамон устод Абдуқодир Маниёзов забону услуби ашъор ва осори публитсистии устод Айниро бо тамоми ҳусусиятҳояш, ки аз забони ғанӣ ва фасеҳи халқ, инчунин истифодаи бамавриди зарбулмасал ва ҳикматҳои он, ки дар ибораҳои мухтасар маъниву мазмуни зиёд касб намудаанд, тавзеҳ додааст.
Устод Абдуқодир Маниёзов таъкид намудаанд, ки омўзиши ҳамаҷонибаи фаъолияти публитсистии устод Айнӣ барои инкишофи жанри публитсистикаи адабиёти тоҷик ва ҳам барои тадқиқи услуби худи нависанда аҳаммияти арзишмандеро дорост.
Ҷанбаи публитсистии шеърҳои устод Айнӣ ва мақолаву навиштаҳои публитсистии насрии ўро нахустин бор бо тамоми паҳлўҳояш Абдуқодир Маниёзов ба таври мушаххас таҳқиқу баррасӣ намудааст.
Зулфия Исматова