Академик Имомзода: “Ҳамнавои дили халқ”.

Эмомалӣ Раҳмон Дар ин маҷмуа мақолаҳои публитсистии дар солҳои охир эҷоднамудаи академик Муҳаммадюсуф Имомзода Сайдалӣ гирд ҷамъ омадаанд, ки ба кору фаъолияти таърихиву ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд.

Интихобан аз ин маҷмуа чанд мақоларо манзури шумо мекунем.

ДИДАИ ҚИЁС

Адолати ў тулўи субҳи саодати ҳар рўзи миллат аст. Агар нуфузу шуҳрату эътибораш барои халқи азизаш мояи муҳаббат бошад, пас барои ҳасудони нотавонбинон омили бузурги рақобат гардидааст. Ба ин ваҷҳ дар сиёсати пешгирифта муқобили ҳама таҳдидҳову хавфҳо устуворона қадам мегузорад. Гуногунқоидиро эҳтиром мегузорад, агар он дар маҷмуъ ваҳдати миллатро сабаб шуда тавонад. Чизеро имрўз мегўяд, ки онро дигарон фардо мегўянд ва бо таҳқиқу ташхиси дурнамо оқибати роҳи пешгирифтаро медонад. Яъне қонунияти «идора кардан – дида тавонистан»-ро воқиф аст.

Сулҳ овардан, ҷангро барҳам задан, ҳукумат рондан, давлат сохтан ва мавҷудияти давлатро нигоҳ доштан кори осон нест. «Кори осон» ҳамон аст, ки гурўҳе аз дуру наздик ба ғайбату танқиду ҳасодат машғуланд. Солҳои навадум дар Тоҷикистон садои тиру тўп баланд буд ва хун мерехт. Кишвар дар бунбаст қарор гирифта буд ва роҳзанону силоҳбадастон бо мили силоҳ ҳукумат рондан мехостанд. Касе ба ояндаи нек бовар намекард. Эмомалӣ Раҳмон аз миёни халқ бо нангу номуси баланд роҳи наҷоти миллатро пеш гирифту муваффақ гардид. Системаи бисёрҳокимиятӣ ва ё беҳокимиятиро барҳам зад ва нагузошт, ки ҳар як гурӯҳ тақдирсозу тақдирсўзи миллат шавад.

Биёед ба таърихи ҷангҳои шаҳрвандии феълӣ дар баъзе кишварҳо нигарем. Барои ба иззати нафси халқу миллатҳои алоҳида нарасидан номи онҳо сарфи назар мешавад. Ҳар як хонандаи ин сатрҳо медонад, ки дар кадом нуқтаи сайёра ҷангҳои хонумонсўзи дохилӣ ҷараён дорад. Мо орзуманду ҷонибдори сулҳу сафои ин халқҳои мазлумем, аммо саволи матраҳ он аст, ки чаро ин кишварҳо сулҳу ваҳдати худро таъмин карда наметавонанд? Демократия мегўянд, озодӣ мегўянд, ҳар замон роҳбар иваз мекунанду ин роҳбарро муҷриму гоҳо қатл месозанд, аммо наметавонанд, ки оташи ҷангро хомўш гардонанд. Дар майдону минбарҳо на қотилро шинохтан мумкин асту на мақтулро ва маълум нест, ки ғолибу мағлуби майдони ҷангу набардҳои онҳо кист?

ДАР ҚАВЛ ВАФОДОР

Пешвои миллат аз оғоз ба қавли худ устуворанд. Ба ёд меорем, ки дар аввалин соатҳое, ки роҳбарии кишварро ба дўш мегирифтанд, чи гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ба қавл вафо карданд ва бузургтарин неъматро барои ҳамватанонаш ҳадя карданд. Гуфта буданд, ки то охирин гуреза ба ватан барнагардад, худро ором ҳис намекунанд. Ҳама шоҳидем, ки халқи бечораву мазлум ба хонаву дари худ баргаштанд. Дар печидатарин рўзҳои буҳронӣ мушкилтарин нақбҳоро алорағми мухолифону мункирон дар қисматҳои ҷанубу шимоли кишвар месозем, гуфтанд ва сохтанд. Солҳое қабл НБО – и Роғунро коре карда месозем, гуфтанд ва сохтанд. Бовар бояд кард, ки дар чанд саҳифа ҷо додани шумораи ин қавлҳои иҷрошудаву корнамоиҳои Пешвои миллат аз имкон берун аст.

Миллати тоҷик имрўз нодор нест ва дар қиёс бо солҳои пеш аз ҳама лиҳоз фарқ дорад. Ганҷу сарвати мо муҳаббату ваҳдат аст, ки моро аз он рўзҳои наҳси миллат берун овардааст ва он ваъдаву қавли Пешвои миллат аст, ки дар иҷлосияи таърихии Хуҷанд садо дода буд. Ин ливои муҳаббат ҳамеша ҳамроҳи Пешвои миллат аст. Рўзҳое, ки миллати мазлум овораву гурезон буд, Эмомалӣ Раҳмон ба халқи худ бо муҳаббату меҳр гуфта буд, ки як пора нонро бо ҳам мебинем. Он рўз ва имрўз мо ҳама чизро бо ҳам дида истодаем.

Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқ асту аз миёни халқ рўйидааст ва ҳамин аст, ки ў дардошнои дили мардум мебошад. Мактаби бузурги ҷавонмардиро гузаштааст ва аз ин ваҷҳ ягон қавли худро барои беҳбудии рўзгори мардум иҷронашудаву дар канор боқӣ намемонад.

Манбаъ: “Ҳамнавои дили халқ”, Душанбе, « Эр-граф» 2022

Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ