Арзиши китоб ва заҳмати китобдор неъмати бузург аст

Ҳамасола дар Тоҷикистон рўзи 4-уми сентябр ҳамчун «Рўзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни мазкур хоси китобхонаву китобдорон аст. Ранҷу заҳмати кормандони китобхонаҳо, ки барои дар дастрасӣ ҳар хонанда қарор додани маводи дахлдор пайваста талош дорад, васфнопазир аст.

 

Фаъолияти рўзмарраи китобдор ба зоҳир саҳлу сода менамояд. Бо ин ҳол фосилаи роҳ аз китоб то хонанда тӯлонӣ печида ва хело пурмашаққат аст. Кормандони китобхона барои дар дастраси хонанда қарор додани маводи лозима кори бузургу ноаёнеро анҷом медиҳанд. Мо ҳамчун китобдор кўшиш мекунем дар чорабиниҳо ба хонандагон дар бораи афзалияти китобхонӣ ва илму дониш суҳбатҳо доир намуда ҳар чӣ бештар онҳоро  ба китобхона  ҷалб менамоем ва китобҳои шавқоварро ба онҳо тавсия  медиҳем. Аз ҳамин ҷост ки китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ пояи таммадуни ҷаҳони мутамаддин хоса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик  Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст.

Китоб қадимтарин падидаи фарҳангии инсоният ба шумор меравад. Китоб воситаест, ки шахс пас аз хондани он чизеро аз худ мекунад ва ё аз чизе ки қаблан намедонист огоҳ мешавад. Агар китоб намебуд ҳеҷ миллату давлате аз таъриху фарханги худ огоҳ намешуд  ва аз гузаштаи худ таҷриба намегирифт.

Китоб дуст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, хамдил ва ҳамболи инсон аст. Китоб ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣ нуҳуфта аст. Ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Оинаест, ки инсон тамоми камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонад. Хазинаест, ки тамаддуну маърифати мардуми сайёра дар оғӯшаш аст.

Шахсе, ки пайваста китоб мехонад, монанди дарахтест, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро тавону дармон мебахшад. Китоб василаест барои  дур кардани ғаму андуҳ аз бекорӣ.

Хуллоса, китоб дўсти вафодор, содиқ, устувор, ҳамдилу ҳамзабони инсон мебошад. Месазад, ки аз ў дар таҷрибаи рўзгор новобаста аз вазъи он ҳимоят намуд. Имрӯз ҳам китоб шиносномаи миллати мост.

Тавваҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба китобхонӣ ва гузаронидани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҷалби доираи васеи ҷомеа дар ҳар сол идомаи фармудаҳои хирадмандона ва маърифатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Фазолат Наботова, Сармутахассиси шуъбаи

хизматрасонии библиографӣ.