Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мирзо Ҳасан Воҳиби Исфаҳонӣ

Бумага-и-пероСоҳиби фаҳму идроки олӣ буда, дар замони шоҳ Аббоси сонӣ алами тафаввуқ бар амсолу ақрон меафрохта. Дар шоирию таърихгӯӣ ниҳояти маҳорату қудрат дошта. Таърихи итмоми (дари) масҷиди ҷомеи ҷадиди Аббосиро ӯ гуфта ва дар дарвозаи масҷид, ки ба сими хом аст, ба зари аҳмар нақш кардаанд.

Байти ахири он қитъа, ки дар моддаи таърих аст, ин аст:

Фикри таърих кард Воҳибу гуфт:

«Шуд дари Каъба дар Сифоҳон боз/1046//1636-37».

Дар таърихи ҷулуси шоҳ Сафӣ рубоиёти ситтаи Мавлоно Муҳташамро ҷавоб гуфтааст, ки санаи 1038/1628-29 таърих аз онҳо  бармеоянд. Мирзо Ҳасани мазбур дар ҳине, ки муставфии Язд буда, дар он ҷо фавт шуд.

Ва ин ашъор ӯрост:

То ба кай чун Хизр бошам дар ҳисоби зиндагӣ
В-аз нафас шероза бандам дар китоби зиндагӣ?

Ба пирӣ хоки бозигоҳи  тифлон мекунам бар сар,
Ки шояд бишнавм з-он хок бӯйи хурдсолиро.

Ба ҳангоми тавозуъ дӯш медонӣ чиҳо кардӣ?
Маро соҳибсаломат гуфтию худро дуо кардӣ.

Оташи афсурдае аз корвон вомондаем,
Ҳамраҳони рафта хокистарнишинам кардаанд.

Ишқ аз куҷову мартабаи ҳусн аз куҷо?
Маҷнун саги қабилаи Лайлӣ намешавад.

Шарми исён садди роҳу раҳмати Ҳақ беҳисоб
Суҳбати маҳшар ба ҳам хӯрдаст, то мо мерасем.

Дар ин замона, ки киштӣ ба хушк баста муҳит,
Ғанимат аст, ки аз дида об меояд.

Мардонагӣ зи лаззати дунё гузаштан аст,
Номарду мардро бо ҳамин метавон шинохт.

Сар чӣ бошад, ки ман аз теғи ту имсок кунам?
Тарсам, ӯро гираҳи хотири фитрок кунам.

Шудааст наргиси сабзи ту сурх, пиндорӣ,
Ки дар пиёлаи фирӯза кардаанд шароб.

Бӯйи  ҷон аз лаби он ғунчадаҳан меояд,
Акс дар оина бо ӯ ба сухан меояд.

Дӯш дар майхона як ҷоми шаробам зинда кард,
Моҳие будам бахокафтода, обам зинда кард.

Мирзо Иброҳим Адҳами марҳум ин рубоиро гуфта, аз вай тахаллус хоста буд:

Воҳиб, зи кашокашам раҳонӣ, хуб аст,

Номам ба тахаллусе расонӣ, хуб аст.

Хоҳӣ Калбӣ бихону хоҳӣ Абдӣ,

Моро сагу банда, ҳар чӣ хонӣ, хуб аст.

Вай дар ҷавоб гуфта:

Хуршеди сипеҳри аъзамат мехонам,
Беҳтар зи тамоми оламат мехонам.

Шоҳию зи дарвеш тахаллус талабӣ,
Ман Иброҳими Адҳамат мехонам.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Малика Абдуллоева,
мутахассиси шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.