Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст…
Дар як назарсанҷӣ дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки бо ибтикори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Мутолиа: равишҳо ва аҳмияти он» анҷом шуд, 243 нафар иштирок карданд. Натиҷаи ин назарсанҷӣ дар кутоҳтарин фурсат расонаӣ хоҳад шуд.
Фаъолияти китобдорӣ ва анъанаи китобхонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Ин пеш аз ҳама қабули як қатор санадҳои меъёрӣ, ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, таҷлили “Рӯзи китоб”, бунёди биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, баргузории озмунҳои “Китобдори сол”, “Китобхонаи беҳтарин”, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошанд, ки мақому манзалати китоб ва китобдориро дар ҷомеа боло мебаранд. Яъне бешак метавон гуфт, ки ба намояндагони ин касб ҳам давлату ҳукумат ва ҳам ҷомеа ба қадри кофӣ арҷ мегузоранд.
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 июли соли 2022, №АП-227 дар тамоми муассисаҳои таълимӣ озмуни ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 баргузор карда шавад.
Дар ин росто даври xамбастии озмуни «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» аз санаи 24 то 28 ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.07.2022, №АП -227 Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешиданд.
Тибқи омор дар даври якуми озмун 43169 нафар довталаб аз саросари кишвар ширкат намуданд ва дар даври хотимавӣ яъне даври чоруми озмуни мазкур 115 нафар довталаб роҳат ёфтанд, ки рақобати онҳо аз сани 24 то 28-уми моҳи ноябр баргузор гардид. Довталабон маҳорату қобилияти худро дар нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян, сухандонӣ, асосноккунии рўйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик, донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик, сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ аз ҷумла китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик нишон доданд.
Аз рӯи натиҷаи холҳои бадастовардаи довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11) шаш нафар ғолиб дониста шуд.
Аз 28 нафар иштирокчии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) шаш нафар бо гирифтани холҳои зиёд ғолибият насибашон гардид.
Аз миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ низ шаш нафар бо ба даст овардани холҳои зиёд ғолиби ин озмун шуданд.
Аз гурӯҳи калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун низ шаш нафар ғолиб дониста шуд.
Бо истифода аз ҳузури намояндагони синну соли гуногун ва касбу кори мухталиф аз шаҳру ноҳияи кишвар дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ дар байни иштирокчиёни озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» пурсишнома таҳти унвони «Мутолиа: равишҳо ва аҳмияти он» анҷом дода шуд. Тибқи нақша пурсишнома бояд дар миёни 250 нафар гузаронида мешуд, ки дар он 243 нафар иштирок намуда, ба суолҳо посухҳои худро доданд, ки 97,2%-и ширкаткунандагонро ташкил дод.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки сол аз сол дидгоҳи аҳли ҷомеа ба китоб ва мутолиаи он дигаргун шудааст, яъне мо метавонем бигӯем, ки миллати тоҷик аз қадимулайём дӯстдори китобу китобхона буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ натиҷаи пурсишномаи ёдшударо дар фурсатҳои наздик тариқи сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ ва матбуоти даврӣ манзури хонандагон хоҳад гардонид.
Исмоил САИДЗОДА, корманди шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ.