Монографияи нав дар мавриди рушди  хидматрасониҳои  иҷтимоӣ  дар  шароити иқтисодиёти  бозорӣ

Рушди  хизматрасониҳои  иҷтимоӣКитоби “Рушди  хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  дар  шароити иқтисодиёти  бозорӣ”, ки ҳамакнун дастрас шуд, бо қарори Шӯрои илмӣ-методии ДМТ нашр шудааст. Муаллифони он Раҳматулло Мирбобоев ва Ҳисния Саидова мебошанд.

Муаллифон дар сарсухани китоб овардаанд, ки ҳадафи асосии  рушди  соҳаи  иҷтимоӣ  дар  шароити  муосир ба  паст  кардани  сатҳи  камбизоатӣ  ва  баланд  бардоштани  некуаҳволии  мардум, ташкил  намудани  низоми  самараноки ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар  намудани  нишондиҳандаҳои  сифатии  ҳаёти  аҳолӣ,  афзоиши  захираҳои  инсонӣ,таъмини  дастрасӣ,  ба  хизматрасониҳои  иҷтимоии  сифатнок  равона  карда  шудааст. Дар  шароити  нави  соҳаи хизматрасониҳои  иҷтимоӣ метавонад  мақсадҳои  нишондодашударо  тавассути  гузаронидани  ислоҳот  дар  соҳаҳои  он  ва вазифаҳои  гузошташуда  дар  зинаи  муайяни  рушди  иқтисодию  иҷтимоӣ  ҳал  намояд.

Дар  раванди  ташаккулёбии  иқтисоди  бозорӣ  ва  амалигардонии  стратегияҳо  ва  барномаҳои  давлатии  рушди иқтисодиёти   ҷумҳурӣ  корҳои  муайян ҷиҳати  дастрасӣ  ба  хидматрасониҳои  иҷтимоӣ  ва  таъмини  босифати  он ба  анҷом  расонида  шудаанд. Аммо  дар  баробари  ин  пайваста  баланд  бардоштани   сатҳ  ва  сифати  ҳаёти аҳолии  кишвар дар  мадди  аввал  масъалаи  ба  вуҷуд  овардани  шароити  мусоидаткунандаро  барои  зиндагии  инсон  тақозо  мекунад,  ки  дар  навбати   худ  аз  гузаронидани  ислоҳот  ва  дар  ин  замина  баланд   бардоштани  сифати  хидматрасониҳо  дар  низоми  маориф,  тандурустӣ  ва  дигар  хидматрасониҳои  иҷтимоӣ  вобастагӣ  дорад.  Ҳалли  ин  масъалаҳо бе  ҷустуҷў,  коркард  ва  тибқи ҷанбаҳои  нави  ташкилию  иқтисодии хидматрасониҳои  иҷтимоӣ  дар  шароити муосири  рушди иқтисодиёти  бозорӣ  имконнопазир  мебошад.

Гуфтанист, ки дар  монография маъалаҳои  ташкилию  иқтисодии  рушди  хидматрасониҳои  иҷтимоӣ  дар  шароити  иқтисодиёти  бозорӣ  мавриди  омўзиш  қарор  дода  шуда,  таҳқиқи  таҳаввулоти  назарияи  хидматрасонӣ  ва  хидматрасонии  иҷтимоӣ  ҳамчун  категорияи иқтисодӣ  ба  амал бароварда  шудааст.  Инчунин  вазъи  муосири  рушди  хидматрасониҳои  иҷтимоӣ  ва  вижагиҳои  он  дар  низомҳои  хидматрасониҳои  тандурустӣ  ва  таҳсилоти  олии  касбӣ  таҳқиқ  карда  шуда, роҳҳои  баланд  бардоштани  сифати  хидматрасониҳои  иҷтимоӣ  ба  аҳолӣ  оварда  шудаанд.

Муаллифон дар як муаррифии кутоҳ навиштаанд, ки монография   ба  доираи   васеи  хонандагон,  аз  ҷумла  ба  муҳаққиқон, унвонҷўён, докторантон, олимон, омўзгорон  ва  донишҷўёни  муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбӣ  ва  алоқамандони  илми иқтисодӣ  тавсия  шудааст.

Китоби “Рушди  хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  дар  шароити иқтисодиёти  бозорӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Фарзона  ШАРИФОВА,
м
утахассиси  шуъбаи
мукаммалгардонии   фонд.