Бифармоед, фарвардин шавад исфандҳои мо…Чанд сатр дар ёди Қасайри Аминпур
Аминпур Қайсар шоир ва муҳаққиқи эронӣ 22-юми апрели соли 1959 дар деҳаи Гутванди вилояти Хузистони Эрон ба дунё омада ва санаи 30-юми октябри соли 2007 дар шаҳри Теҳрон аз олам чашм пушидааст.
Шоир соли 1989 донишгоҳи Теҳронро хатм кардааст. Яке аз муассисон ва сардабири нашрияи “Сурӯши навҷавонон” дар Эрон буд. Устоди Донишгоҳи Ал-Заҳро (соли 1988) ва Донишгоҳи Теҳрон (соли 1991) буд.
Осори мазмунаш дар маҷмӯаҳои “Танаффуси субҳ” (соли 1984), “Дар кӯчаи офтоб” (соли 1984), “Тӯфон дар паронтез” (соли 1986), “Зуҳри рӯзи даҳум” (соли 1986), “Бе бол паридан”, “Гуфтугӯҳои бе гуфтугӯ” (соли 1991), “Оианаҳои ногаҳон” (соли 1993), “Ба қавли парасту” (соли 1996), “Гузинаи ашъор” (соли 1999), “Гулҳои ҳама офтобгардонанд” (соли 2001), “Шеър ва кӯдакӣ” (соли 2006), “Дастури забони ишқ” (соли 2007) ба табъ расидаанд.
Инчунин Аминпур рисолаи илмиеро дар мавзӯъи “Суннат ва навоварӣ” дар Теҳрон (соли 1997) ҳимоя кардааст.
Аминпур шоири навҷӯй ва навгӯй буд. Дар офариниши каломи манзум тарз ва услуби баёни хоси худро дошт. Аминпур дар қолаби шеъри сафед ва шеъри сунатӣ эҷодиёти ирфонӣ ва ишқӣ дорад. Барои китоби “Мисли чашма, мисли рӯд” ӯ ба гирифтани ҷоизаи Нимо Юшиҷ (соли 1989) сарфароз гардид.
Узви пайвасти Фарҳангистони забон ва адабиёти форсӣ аз солҳои 2003 буд.
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ. 1. – С. 381.
Муаллиф: Расулиён Қ.
Таҳияи: Рубаев Муин
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ
ИН ҒАЗАЛИ ХУБ АЗ ӮСТ:
Бифармоед, фарвардин шавад исфандҳои мо,
На бар лаб, балки дар дил гул кунад лабхандҳои мо.
Бифармоед, ҳар чизе ҳамон бошад, ки мехоҳад,
Ҳамон, яъне на монанди ману монандҳои мо.
Бифармоед, то ин бечаротар кори олам – Ишқ,
Раҳо бошад аз ин чуну чарову чандҳои мо.
Сари мӯе агар бо ошиқон дорӣ сари ёрӣ,
Бияфшон зулфу машкан ҳалқаи пайвандҳои мо.
Ба болоят қасам, сарву санавбар бо ту меболанд,
Биё, то рост бошад оқибат савгандҳои мо.
Шабу рӯз аз ту мегӯему мегӯянд, коре кун,
Ки “мебинам” бигирад ҷойи “мегӯянд”-ҳои мо.
Намедонам куҷоӣ ё киӣ, ин қадр медонам,
Ки меоӣ, ки бикшоӣ гираҳ аз бандҳои мо.
Бифармоед, фардо зудтар фардо шавад имрӯз,
Ҳамин ҳоло биёяд ваъдаи ояндҳои мо.
Шоири маъруфи тоҷик, устод Гулрухсор, ки бо адиб дӯстӣ дошт, рӯзи маргаш ин шеърро гуфта:
Ёде аз дӯсти шоирам Қайсари Аминпур, шоири мумтози Эрон.
Ойина шикаст!
Дили ойина шикаст,
Дил аз хабари марги ту дар сина шикаст.
Ангур набуд ҳанӯз хуни раги ток,
Паймонаи афсонаи порина шикаст.
Бо реҳлати ҷон аз тани фарёди сукут
Шавқу ҳаваси маҳфили дерина шикаст.
Оне, ки зи воло буду боло м ерафт,
Бе зина фазо гирифт, бо зина* шикаст.
Пеши кӣ барам шикоят аз ҷаҳли аҷал?
К-аз рӯзи азал ҳазор оина шикаст?
Марг омаду ҳарфи ишқро ботил кард,
Фардо нарасида нафаси дина шикаст…
Соли 2007