БО БАЧАҲО. Распе Рудолф Эрих. Қиссаҳои Барон Мюнҳаузен. Бахши 2

Кист Барон Мюнҳаузен? Шахсияти достонӣ ва ашрофзодаи Олмон аст, ки соли 1785 тавассути нависандаи олмонӣ Рудолф Эрих китоби ривоятҳои ӯ аз сафари шигифтангези худ ва муборизаҳо дар Русия таҳияи шудааст. Номи ӯ баъдан дар саросари олам чун шахсе, ки аз ҳаводиси боварнакарданӣ қиссаҳои ҷолиб мебофад, машҳур шуд.

Қисми дуюми китоби “Қиссаҳои Барон Мюнҳаузен соли 2020 чоп шудаву ҳоло онро метавон дар толори хониши кӯдакон ва наврасон пайдо ва мутолиа намуд.

 

                                                                       Тўфон

 Шумо гумон набаред, ки ман фақат дар ҷангалу дашту саҳро сайру саёҳат кардам.          Ҳаргиз! Дар баҳру уқёнус ҳам шино кардам ва он чи аз сари ман гузашт, аз сари ягон кас нагузаштааст.

Боре  савори як киштии бузург ҷониби Ҳиндустон мерафтем. Ҳаво басо хуб буд. Вақте ба як ҷазира расида лангар партофем, нохост тўфон сар шуд. Шиддати тўфон чунон сахт буд, ки чанд ҳазор (бале, чанд ҳазор!) дарахти ҷазираро решакан карду ба фазо бурд.

Дарахтони азим, ки ҳар кадоме садҳо пуд вазн дошт, чунон баланд рафтанд, ки аз поён мисли пари гунҷишк ба назар мерасиданд.

Чун шиддати тўфон пасанда шуд, ҳар дарахт ба ҷойи аввалаш афтид ва ҳамон замон реша давонд. Дар ҷазира аз фоҷиа ному нишон намонд.

Дарахтони аҷиб. Чӣ гуфтед?

Аммо як дарахт ба ҷояш барнагашт. Гап дар сари он ки як деҳқони бечора ҳамроҳи занаш дар шохаҳои ин дарахт буданд.

Барои чӣ онҳо ба дарахт баромадаанд? Барои он ки бодринг бичинанд, зеро дар ин сарзамин бодринг дар дарахт мерўйидааст.

Барои бошандагони ҷазира аз тамоми неъмати дунё бештар бодиринг маъқул будааст. Онҳо ҷуз бодиринг чизи дигар намехўрдаанд.

Деҳқони бечораю  занаш ба балои тўҳфон гирифтор шуда, ноилоҷ дар зери абрҳо хеле сарсон шудаанд.

Чун тўфон пасанда шуд, дарахт ба тарафи замин ҳаракат мекунад. Аммо деҳқону занаш басо фарбеҳу вазнин буданд. Аз ин сабаб дарахт вазнин шуда, самти ҳаракаташро тағир медиҳад ва ба ҷойи сабзшудааш намеафтад.

Вай рост ба боми гумрукхонаи подшоҳи мамлакт меафтад ва биноро мисли гамбусак маҷақ мекунад, яъне кори хуб мешавад.

– Кори хуб мешавад? – мепурсед шумо. – Чаро?

Чунки подшоҳ бераҳм буд ва бошандагони  ҷазираро сахт азоб медод.

Аҳли ҷазира хурсанд шуданд, ки подшоҳашон нобуд шуд ва ҳамон замон таклиф намуданд, ки ба тахт ман нишинам.

– Мюнҳаузени меҳрубон, – гуфтанд онҳо, – илтимос, подшоҳи мо шав. Лутф фармою фармонфармои мо шав. Ту инсони оқилу ҷасур будаӣ.

Аммо ман қатъиян рад кардам, зеро ба бодирингхўрӣ тамоман рағбат надорам.

Миёни шеру тимсоҳ

 Баъди тўфон мо лангар бардошта, боз шино кардем ва ду ҳафта пас сиҳату саломат ба ҷазираи Сейлон расидем.

Писари калонии ҳокими Сейлон даъват кард, ки ба шикор равам.

Аз дилу ҷон розӣ шудам. Ба ҷангалаки наздиктарин раҳсипар шудем. Ҳаво бениҳоят гарм буд ва бояд иқрор шамвам, ки ғайричашмдошт ба зудӣ хаста шудам.

Аммо писари ҳоким ки ҷавону неруманд буд, дар ин гармӣ худро нағз ҳис мекард. Охир вай дар Сейлон ба воя расидааст.

Офтобрўйи Сейлон барояш чизе набуд, вай озоду бепарво дар регзори тафсон қадам мезад.

Ман ақиб мондам. Дар ҷангали ноошно ба зудӣ раҳгум ҳам задам.

Ногоҳ хишир-хишири чизе ба гўшам расид. Сар бардошта бинам, як шери аждаҳоршакл даҳонашро калон кушода, мунтазири наздиктар рафтани ман аст. Чӣ бояд кард? Камонам тир дошт, вале тир сочма буд, ҳатто ба кабк таъсир намекард. Тир кушодам, ин тир дарандаро сахт ба хашм овард ва ў дучанд хашмгину ҳамлавар шуд.

Ба воҳима афтода фирор кардам, лекин медонистам, ки гурехтан ҳам бефоида аст, зеро ин аждаҳорсурат як хез занад, маро ба чангаш медарорад.

Аммо ҷойи гурез ҳам набуд: аз рўбарў як тимсоҳи бузург даҳон кушода, мунтазир буд, то як луқма кунад?

Чӣ бояд кард? Чӣ бояд кард?

Аз ақиб – шер, аз пеш – тимсоҳ, аз тарафи чап кўл ва аз тарафи рост– ботлоқи пур аз мори заҳрнок.

Аз тарс худро ба замин партофтам ва рўйи худро ба сабза пахш намуда, чашмонамро пўшида, ба мурдан таёр шудам.

Нохост аз болои сарам чизе парида гузашт ва садои гурсос зада афтиданашро шунидам. Сар бардошта, андак  чашм боз карда, як манзараи аҷоиб дидам ва бисёр хурсанд шудам: шере, ки ҳангоми ба замин афтиданам хез зада будааст, аз болоям гузашта, рост ба коми тимсоҳ фурў рафтааст.

Сари як махлуқи даҳшатнок дар коми махлуқи дигар буд ва ҳар ду ҷон меканданд, ки аз якдигар халос шаванд…

Ин лаҳза писари ҳокими Сейлон ҳам расида омад ва маро табрик кард, ки ба ду ҳайвони азимҷуссаи ваҳшӣ ғолиб омадаам.

Қиссаи рў ба рў шуданам бо наҳанг

 Акнун шумо фаҳмидед, ки баъди ин воқеа Сейлон бароям ҷойи номувофиқ шуда монд.

Ба як киштии ҳарбӣ нишаста, ҷониби Амрико шино кардам. Дар Амрико – на тимсоҳу на шер.

Даҳ рўз бе гапу кор шино кардем, аммо рўзи ёздаҳум каме дуртар аз Амрико як бадбахтӣ ба сарамон омад: зери киштӣ ба як сахраи зериобӣ бархўрд.

Зарба чунон сахт буд, ки маллоҳи дар сутуни киштӣ нишаста ба фазо парид ва се мил дуртар  ба баҳр афтод.

Хушбахтона, ин лаҳза як куланги сурх дар парвоз будааст. Маллоҳ пеш аз ба об афтодан аз минқори куланг сахт дошта, то расидани мо рўйи об қарор гирифтааст.

Азбаски киштӣ ба сахра ногаҳон бархўрд, ман ҳам ба фазо паридам ва фарқи сарам ба сақфи ҳуҷра бархўрд.

Аз ин зарба сари ман дарун рафт ва рост ба меъдаам даромад. Чанд моҳ лозим шуд. То аз мўйи сар дошта, сари худро аз меъда кам-кам берун кашам.

Аммо сахрае, ки зери киштӣ бархўрд, аслан сахра набуда, балки як наҳанги бузург будааст, ки он лаҳза рўйи об баромада, пинак мерафтааст. Киштӣ ба наҳанг бархўрда, пинакашро парондааст. Вай чунон хашмгин шуд, ки ба лангари киштӣ дандон зада, тамоми рўз – аз субҳ то шом, дар уқёнуси беканор ин тарафу он тараф кашола кард.

Тарафи бегоҳ бахтамон хандиду занҷири лангар канда шуд. Мо халос хўрдем.

Чун аз Амрико баргаштем, дар роҳ ба ин наҳанг дубора вохўрдем. Вай мурда буд, ҷасадаш, ки ним мил дарозӣ дошт, рўйи об мехобид. Ин ҷасади бузурги наҳангро ба думи киштӣ баста, кашида бурдан кори саҳл набуд. Аз ин сабаб фақат сарашро буридем, буридему ба саҳни киштӣ баровардем ва ангушти ҳайрат газидем, зеро дар даҳони наҳанг лангар ва занҷири чилқулочаи киштиамонро пайдо кардем. Ин лангару занҷир андаруни як дандони кирмхўрдаи вай ҷо гирифта буд. Хурсандиамон дер накашид. Киштӣ сўрох шуда будааст, ба таҳхонаи он об медаромад.

Киштиро уқёнус оҳиста– оҳиста ба қаъри худ кашидан гирифт. Ҳама ба ҳарос афтода, фарёд заданд, ба гиря даромаданд, аммо ман чораи халосӣ ҷустам.

Чора ҳам пайдо шуд: ҳатто шимамро накашида, нишемангоҳи худро ба сўрох бурдам. Роҳи об баста шуд.

Киштию киштинишастагон наҷот ёфтанд.

Таҳияи Шабнами Мустафо

                                            МАТОЛИБИ ҲАМСОН: