Бо бачаҳо. Азизи Азиз. “Ду хирсак беша рафтанд”

Ду хирсакБуданд,  набуданд, ду  хирсак буданд. Як пагоҳӣ онҳо барои  занбўруғ ба беша рафтанд. Ҳар ду аз хона баромада, аз остона фуромаданд.

Ногоҳ яке гуфт :

– Ваҳ! Мо фаромўш кардем !

– Чиро  фаромўш кардем ?

– Мо сабад  надорем ! Занбўруғро  дар чӣ  мечинем ?

Хирсакҳо ақиб гашта, аз остона баромада, ба хона даромада, яктоӣ сабад гирифтанд.

Баъд, аз хона баромада, аз остона фуромада, аз ҷўйбораке  гузаштанд.

Ногоҳ яке гуфт:

– Ваҳ! Мо фаромўш  кардем!

– Чиро фаромўш  кардем?

– Мо чатр надорем! Борон  борад, дар куҷо паноҳ мебарем?

Хирсакҳо  ақиб  гашта, аз ҷўйборак  парида, аз остона баромада, ба хона даромада, яктоӣ чатр гирифтанд.

Баъд боз аз хона баромада, аз остона фуромада, аз ҷўйборак парида, аз кўпрукча гузаштанд!

Ногоҳ яке гуфт: –Ваҳ! Мо фаромӯш  кардем!

– Чиро фаромӯш кардем?

– Мо ба модарамон хайр нагуфтем! Модарамон куҷо рафтани моро  надонад, хавотир мешавад!

Хирсакҳо ақиб  гашта, аз кўпрукчаю  ҷўйборак гузашта, ба остона баромада, ба хона даромада, ба модарашон хайр гуфтанд.

Баъд боз  аз хона баромада, аз  остона  фуромада, аз ҷўйбораку кўпрукча  гузашта, ба беша расиданд!

Хирсакҳо ду сабадча занбўруғ чида, аз беша баромада, аз кўпрукчаю ҷўйборак гузашта, ба остона баромада, ба хона даромаданд.

– Модарашон  сабадчаҳоро  гирифта, хирсакҳоро  таърифкунон занбўруғҳоро  бирён кард.

Баъд  ҳар се дар сари дастархон нишастанд ва бо иштиҳо  занбўруғбирён хўрданд.

*****    *****    *****

Ин китобча бо ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ соли 2018 чоп шудааст. Ин ва боз даҳҳо ба ин монанд китобчаҳои пурсурату зебо ва ҷолибро шумо метавонед дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Н. Қурбонова,
мутахасиссиси шуъбаи адабиёти
кўдакон ва наврасон.