Чаро устод Айнӣ матни тоҷикии «Таърихи инқилоби Бухоро»-ро чоп накард?
Як асари устод Садриддин Айнӣ бо номи “Таърихи Инқилоби Бухоро” сарнавишти аҷиб дорад. То соли 1987 дар бораи ин асар маълумоти кофӣ дар даст набуд, ҷуз ин ки ҷо-ҷо аз мавҷудияти он ёд шавад. Соли 1987 рӯзномаи “Тоҷикистони Саветӣ” хабар дод, ки донишманди маъруф ва яке аз ҳамнишинони устод Айнӣ Раҳим Ҳошим ин рисоларо аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст ва дар нашриёти “Адиб” чоп мешавад. Хабарнигори ин нашрия Мақсуд Ҳусейн Бо Раҳим Ҳошим вохӯрдаву суҳбате атрофи ин асари устод суҳбат анҷом додааст ва он дар шумораи рӯзи 26 ноябри соли 1983 газета чоп шудааст.
Лозим донистем ин мусоҳибаи таърихиро, ки парда аз асрори то он замон номаълум мондани асар мебардорад, бозчоп кунем. Ҳамчунин Раҳим Ҳошим мегӯяд, ки чаро худи устод Айнӣ дар замони барҳаёт будан матни комили ин асарашро чоп накард ва шакли узбекии он кай ва дар кадом шакли таҳрифшуда рӯи чоп омад.
ИНАК СУҲБАТ:
«ТАЪРИХИ ИНҚИЛОБИ БУХОРО» КУҶО БУД?
– Шумо дар охирсухани рисолаи «Таърихи Инқилоби Бухоро» навиштаед: «хеле ҷои таассуф буд, ки чунин як асари муҳим, ки дар он муаррих ва адиби ҳақиқатнигору муҳақиқ мавриди эътимод асоси тадқиқот, мушоҳидаҳо ва сўҳбатҳояшро қарор додааст, то ҳол дастраси хонандаи тоҷик нагардидааст». Устод Садриддин Айнӣ ин асарро кай навишт ва сабаби то ҳол ба забони тоҷикӣ чоп нашудани он чӣ буд?
– То ҳол дастраси хонандаи тоҷик нагардидани «Таърихи Инқилоби Бухоро» барин рисолаи таърихии нодири адиби бузург боиси афсўс ва надомат буд. Айб аст, ки ин ганҷи устод Садриддин Айнӣ пас аз шасту ҳафт соли таълифаш (дар муқаддима таърихи анҷоми асар 21 декабри соли 1920 қайд шудааст) ба рўи об барояд. Муаллиф ба мисли асарҳои нахустинаш ин рисоларо низ ба забони ўзбекӣ навишт. Нашриёти марказии адабиёти халқҳои СССР-и Москва соли 1926 шакли мухтасари «Таърихи Инқилоби Бухоро» -ро бо муқаддимаи Назир Тўрақулов ба забони ўзбекӣ чоп кард, аммо устод Айнӣ аз нашри асар розӣ нашуда, эътирознома навишта буд, чунки рисолаи таърихиро «парканда» карда, риштаи воқеаву қисмҳои онро гусастаанд ва аз «файз» -и ноширон мазмуни ин «дафтар» (таъбири нависанда) коҳид. Болои сўхта намакоб, баъдтар «Таърихи Инқилоби Бухоро -ро «суфтаву лоғартар» карда, ба «Қуллиёт»-и шашҷилдаи устод ба забони ўзбекӣ ҷой доданд. Бо ин кор ба оташи алами муаллиф равған пошиданд. Сабаби то ҳол ба забони тоҷикӣ нашр нашудани «Таърихи Инқилоби Бухоро» набудани дастнависи муаллиф буд, ки пас аз ҷустуҷўҳо онро дар Китобхонаи оммавии РСС Ўзбекистон дар шаҳри Тошканд (рақами 2125) пайдо кардем. Бо мадади Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакии АИ РСС Тоҷикистон саҳифаҳои дастнависро акс бардошта, ба тарҷумааш шурўъ намудам. Фақат як саҳифаи дастнавис набуд, саҳифае, ки дар бораи паҳн шудани романи ҳаҷвии Зайнулобиддини Мароғаӣ дар Бухоро нақл мекард. Толеъро бинед, ки ин ҳамон дастнависи рисолаи таърихӣ буд, ки банда китобат кардаам. Устод Айнӣ дар сарсухани рисола навиштааст, ки «сабабҳои оташи инқилобро, ки дар моҳи апрели соли 1917 сар зада, дар 29 августи соли 1920 бо даҳшати сахте шўълавар гардида, дар 2 моҳи сентябрь амирро бо тахту бахташ нест карда, сабаби тағйироти бузург гардид, аз замонҳои гузашта ҷустуҷў карданамон лозим аст».
– Хуб мешуд, ки хонандагонро бо мазмуни мухтасари «Таърихи Инқилоби Бухоро» шинос мекардед.
– Он рисолаи таърихиест доир ба сохти давлатии аморати Бухоро, заминаи бедории фикрӣ, пайдо шудани майл ба касби донишҳои замонӣ кўшиш ва ҷадвали ҷавонфикрони Бухоро барои расидан ба қофилаи маданияти нав, масъалаи ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо, таъсири инқилоб солҳои 1905 – 1907, феврал ва октябри соли1917 ба Бухорои кўҳна, мавҷи ҷунбишҳои ҷавонбухориён, ташкили фирқаи онҳо, ваҷҳи сар задани балвои шиаю сунниҳо ва ба мадади аскарони рус фурӯ нишондани он, фисқу фуҷӯри амирони Бухоро, аз ҷумла қиссаҳои духтару амрадбозиҳои амир Олимхон… Чунончӣ, муаллиф дар бораи Бухорои он айём ин тавр навиштааст: “Роҳҳо вайрон, обҳо гандида, тамоми мамлакат харобазор…Халқ бемор, фақир ва муҳтоҷ…” Ҳар як шогирдпешаи қушбегӣ ва мулозими қозӣ дар болои фуқарои бечора як забонаи оташи дӯзах…”
Муаллифи рисола фасоди ахлоқи ҳокимиятдорони Бухороро хеле моҳирона ба риштаи тасвир кашидааст. Масалан, дар «Таърихи Инқилоби Бухоро» шахсе тасвир ёфтааст, ки дар сояи давлати амир Олимхон дар Москва зиста, кораш ҳамин буд, ки ба Бухоро, барои «олампаноҳ» духтарони фоҳиша мефиристод.
–Бар хилофи ин қабил зотҳо, дар Бухоро маорифпарвароне буданд, ки халқи дар ғафлатмодаро ба дунёи илму маърифат ҳидоят менамуданд. Оё мо дар «Таърихи Инқилоби Бухоро» бо онҳо «вомехўрем»? Устод Айнӣ ба он ситораҳо чӣ гуна баҳо додааст?
– Рисола рамзан бо ҷумлаи «Ба шўр омадани Инқилоби Бухоро аз масъалаи мактаб сар мешавад» оғоз ёфтааст. Садриддин Айнӣ ҳамроҳи дўстони маорифпарвараш Абдулвоҳиди Мунзим, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ соли 1908 дар Бухоро аввалин мактаби усули нав кушод, ки толибилмони он дар чиҳил рўз хатхон мешуданд. Онон бо ин кор дар дили мулоҳо ва амалдорон қиёме бархезонданд. Мо дар ин рисола бо Аҳмади Дониш «вомехўрем», ки муаллиф дар ҳаққаш навиштааст.
«Ана, дар ҳамин вақтҳо аз уфуқи тираи Бухоро чун ситораи саҳаргоҳӣ, ки дар поёни шабҳои тордурахшону тобон зоҳир мешавад, ситора едурахшид. Ин ситораи Аҳмад Махдуми муҳандисии Дониш буд, ки ба Аҳмади Калла шуҳрат дошт”. Хонанда дар чанд саҳифаи асар хотираҳои нависандаро дар бораи Аҳмади Дониш қироат мекунад. Дар Бухоро Мирзо Азим ном воқеанигоре буд, ки Садриддин Айнӣ ба вай баҳои баланд додааст: «Бар хилофи таърихнависони кўҳнаи дарборӣ ҳақиқатҳои талхро аз касе натарсида кушоду ошкор ба қалам овард ва дар байни талаба ва уламо, кам ҳам бошад, ҳаяҷоне барангехт».
Шахси дигари таърихӣ Абдуқодир Муҳиддинов – муҳарир ва ношири рўзномаи «Кутулуш» буд, ки дар арафаи Инқилоби Бухоро ҳамчун ифодакунандаи афкори партияи коммунистии Бухоро ба табъ мерасид. Ў ба рўзномаҳои мусулмонони Русия – «Вақт» ва «Тарҷумон» бо имзои мустаори «Бухороӣ» мақолаҳои танқидӣ менавишт. Чунончӣ, вай ба амиру соядоронаш хитобан навишта буд: «Бас аст яғмоҳо ва сафоҳатҳое, ки то имрўз кардаед. Аз ин қадар хиёнати беҳад ба исломият ва инсоният шарм кунед!»
…Садриддин Айнӣ дар рисола Абдурауфи Фитратро ёд карда, навиштааст, ки «ин шахс мустандтарин ва фозилтарин талабагони Бухоро ба шумор мерафт». Мо дар «Таърихи Инқилоби Бухоро» дар бораи маорифпарвар Садри Зиё таърихнигори рус Д. М.Логофет (муаллифи чанд асар доир ба аморати Бухоро дар ибтидои асри ХХ) ва шахсони дигар маълумот мегирем. Муаллиф чанд саҳифаи рисолаашро ба таърихи таъсиси рўзномаҳои нахустин дар Бухоро «Бухорои Шариф» ва «Тўрон» бахшидааст. 11 марти соли 1912 шумораи аввали «Бухорои Шариф» чоп шуд, аммо пас аз як сол ҳар ду рўзномаро бастанд ва бо ибораи устод Айнӣ «ин ду ниҳол, ки акнун ба мева додан даромада буд, бо табари зулму истибдод аз боғчаи халқ решакан шуд». Устод дар ин «дафтар» дар хусуси аз Миср ва Эрон ба Бухоро овардани маҷаллаҳои форсии «Чеҳранамо» ва «Парвариш» низ маълумот додааст.
– Сабаби нигориши «Таърихи Инқилоби Бухоро» чӣ хел аст?
– Устод Айнӣ ин асарашро бо сабки ёддоштнависии муаллифро низ мебинем. Муаллиф воқеаҳои аз тарафи нўкарони амир дастгир шуда, ба обхона афтидан ва ба тахтапушташ ҳафтоду панҷ дарра хўрданашро ҳамчун ҳикоя навиштааст. Ин воқеа дар «Ёддоштҳо» инъикос ёфтааст, зеро Айнӣ ҳанўз ба навиштани ҳодисаҳои ин давр нарасида буд.Устод дар хусуси ин ё он шахси тахрихӣ маълумот дода, шиносоиашро бо вай хотир меоварад.
– Сабаб чист, ки кас ҳангоми қироати «Таърихи Инқилоби Бухоро» тарҷума будани онро ҳис намекунад?
– Ба назари устод Айнӣ ин рисоларо тоҷикӣ фикр карда, ба ўзбекӣ навиштааст.
– Пас, барои чӣ устод Айнӣ онро дар вақти ҳаёти худ тарҷума накардааст?
– Муаллиф фурсат наёфт, набошад, ин корро ба анҷом мерасонд.
– Нависанда «Таърихи Инқилоби Бухоро»-ро чӣ тавр ҷамъбаст кардааст?
– Ба фикри Садриддин Айнӣ «Инқилоб дар қалби мардум ҷўшидаву расида, дар тўли солҳо оҳиста- оҳиста Бухоро як инқилоби илмӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва умумие буд, ки бо иштироки тамоми миллатҳои сокини Бухоро, бо иштироки зан ва духтарони онҳо ба вуҷуд омад. Пойдории бамуваффақияти чунин инқилобе маъмул ва ҳатмист». Айём гуфтаи устод Айниро тасдиқ намуд.
Нигорандаи сўҳбат
М. Ҳусейнов.
«Тоҷикистони советӣ» 26 ноябри соли 1987.
Таҳияи Фирӯза РАҲИМОВА, муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.