Чопи китоби “Лутфи Ашӯр Сафар” дар шакли мукаммал
Китоби “Лутфи Ашӯр Сафар”-и устод Гурез Сафар, ки лутфу ҳозирҷавобиҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Ашӯр Сафарро дар бар мегирад, дар шакли мукаммал пешкаши хонандагон гардид.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар дар он ҳамчунин чанд ҳикояи воқеӣ аз ҳаёту рӯзгори ин шоири зиндаёдро ҷой додааст, ки ин ҳикояҳо низ аз лутфу танзу ҳаҷв орӣ нестанд ва умедворем ба мухлисон ва ҳаводорони эҷодиёти ӯ ҳикмате ё ибрате мебахшанд.
Китоб аз тариқи Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо теъдоди 2000 нусха ва бо сарсухани Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад нашр карда шуд.
Дар зер сарсухани устод Абдулҳамид Самад ва ду лутфи устод Ашӯр Сафарро пешкаши шумо мегардонем.
БА ҶОЙИ САРСУХАН
Аз рӯйи мушоҳида ва тасаввури банда ягон лаҳзаи умри шоири ширинкалом Ашӯр Сафар бе ҳаҷву истеҳзо, танзу лутф ва шӯхиву хушгӯйӣ намегузашт. Муаллим зимни нишасту маҳфилҳо мудом бо арзи сипос ёдрас мекард, ки ин «хазина» мероси мактаби устод Саидалӣ Вализода аст, вале худаш зотан чашмаи ҷӯшони базлагӯиву зарофат буд. Лутфи намакин, пурнеш, тунду завқбахш ва нишонраси устод Ашӯр Сафар дар ҳама маврид, дар ҳама сатҳ дар ҳузури кабирону сағирон ранг-ранг бадоҳатан ба гӯш мерасид, шодиву нишот, дасттакониву санохониро меангехт, атрофиёнро сари андеша мекашид ва аз даҳон ба даҳон мегузашту аз қаламрави Кӯлоб берун баромада, ба дуриҳо мерасид. Ин як паҳлӯи ҳунар ё истеъдоди модарзоди устод Ашӯр Сафар буд. Ба қавле, раҳ ба раҳ аз забонаш лутфу истеҳзои дилнишин мерехт.
Муаллим баъзан ҳолат ва қаҳрамони ҳаҷвбоб намеёфт, барои дилхушӣ ва ибрати ҳамроҳон худро бо «тозиёна»-и истеҳзои малеҳ андак-андак менавохт, ки ин нишонаи озодандешиву табъи баландаш буд. Ин сарват моли як фарди эҷодкор маҳсуб мешуд, лекин мояи дилхушӣ, дарси пандомӯзии имрӯзиёну ояндагон.
Хушбахтона, ин сарвати парешони арзишмандро писари устод Ашӯр Сафар – шоир Гурез Сафар тӯли солҳо гирд овард ва бо номи «Лутфи Ашӯр Сафар» соли 2005 ба нашр расонд, ки мақбули хонандагон гардид.
Ин китоб бо лутфу зарофатҳои Шоири халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Ашӯр Сафар акнун комилтар мебарояд. Ба назарам, нашри дубораи он барои хонандагон бисёр муфид аст.
ПУРРА НАВИСӢ, МЕҒЕЛӢ?
Ашӯр Сафару Юсуф Акобиров ду-се рӯз дар ноҳияи Мӯъминобод сайругашт мекунанд. Ҳангоми сафар Юсуф Акобиров аз нақлҳову ҳазлҳои намакини ҳамсафараш лаззат мебарад ва пеш аз хайрухуш ба ӯ чунин ваъда медиҳад: «Ашӯрҷон, ман ба Душанбе ра вам, дар бораи шумо як ҳикояи олиҷаноб менависам».
Дар ҳақиқат баъди чанде дар «Адабиёт ва санъат» ҳикояи ҳаҷман калони Ю. Акобиров нашр мегардад, ки онро ба А. С. бахшида буд.
– Дидӣ, ба ваъдаам вафо кардам?! – ҳангоми дуюмбора вохӯрдан шодиёна мегирад Юсуф Акоби ров. – Ҳикояро хондӣ? Ба ту бахшидам.
– Охир он ҷо «барои А.С.» навиштаӣ-ку?! – мегӯяд Ашӯр Сафар.
– Ҳа, А.С.., яъне Ашӯр Сафар.
– О, ҳамуна пурра нависӣ, меғелӣ, ки хонанда ҳайрон нашавад: барои Атахон Сайфуллоев бошад ё барои Абдулҳамид Самадов? Барои Аъзам Сидқист ё барои Армияи Советӣ?!
БА СИФАТ ДИҚҚАТ НАДОДЕМ
Аввали солҳои 80-уми асри гузашта Ашӯр Сафар бо як дӯсти деринаш, ки ӯро солҳои зиёде надида буд, вомехӯрад.
– Чанд бачча дорӣ? – дар равиши суҳбат мепурсад аз дӯсташ.
–Шукр, дута!
– Ин қадар кам?!
– Ҳа, – каму лекин ҳарду бачаҳои зӯр: яке номзади илм асту дигарӣ сардори як корхонаи калон! – бо ифтихор ҷавоб медиҳад дӯсташ.
–Худат чӣ? Ту чанд бачча дорӣ?
– Ман, – каме ба хаёл рафта, мегӯяд Ашӯр Сафар, – ёздаҳто. Калониш муаллими одӣ асту кӣ шудани даҳтои дигар ҳолӣ маълум нест. Мо, домулло, – хулоса мебарорад ӯ, – ба шумора диққат додему ба сифат не.