ДАҲ СОЛИ БЕ ШАКУРӢ…
Аз реҳлати академик Муҳаммадҷон Шакурӣ даҳ сол сипарӣ шуд. Ба назар мерасад ҷояш абадан холӣ монд. Ҳар сол аз ӯ дар ин рӯз ёд мекунем, мегӯему менависем ва ҳар сол ба назар мерасад ҳоло ҳам дар бораи ӯ чизе нанавиштаем.
Пешвои миллат дар суханронии худ зимни вохўрӣ бо зиёиёни мамлакат (19.03.2018) қайд намудаанд, ки «… зиёиён, аз ҷумла аҳли қалам дар назди забон, адабиёт ва завқи мардум масъулияти зиёд доранд» ва бо эътимоди комил ва боварӣ гуфта буданд, ки «… ба нерўи созандаи шумо – зиёиёни ватан такя карда дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сўйи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ хоҳем кард. Зиёиён ҳамеша нерўи пешбаранда ва раҳнамои имрўзу фардои неки миллати тоҷик хоҳанд буд» ва ё дар суханронии дигар (18.03.2020) низ таъкид кардаанд, ки «Мо бовар дорем, ки олимону зиёиени эҷодкор ва аҳли маорифу фарҳанг ба Ватану давлати хеш садоқати бепоён доранд, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ талош менамоянд, ба арзишҳои бузурги миллӣ ва умумиинсонӣ арҷ мегузоранд, хотираи таърихии халқро пос медоранд, ки ин ҳама бузургтарин сифатҳои зиёиёни асил мебошад».
Фарзонафарзанди миллат Муҳаммадҷон Шакурӣ як умр бо тамоми тавон аз забон, адабиёт ва фарҳанги халқаш дифоъ намуд, дар ҳама маврид бо нигоҳи хосса, диди нав афкори қавиро иброз дошта, ҳамчун ғаввоси моҳир сар ба умқи баҳр фурў бурд ва ҷавоҳиру дурри андешаи олиро фаровон бурун овард. Устод Шакурӣ бо ковишҳои бикру беназираш бобҳои заррине дар адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, услубшиносӣ, фарҳангшиносӣ, истилоҳшиносӣ ва ғайра афзудааст. Рўди хомааш ҳамеша хурўшону мавҷзан буд, хештанро чун кашшофи ҳақгў ва нуктасанҷ муаррифӣ сохт, ҳаёташро пурра ба хушбахтии миллаташ пайванд зад. Кам касоне дар баррасии паҳлўҳои гуногуни адабиёту фарҳангамон ба андозаи ин устоди беназир заҳмат кашидаю ишқу алоқа нишон додаанд, ба кулли масоили матраҳ бо назари амиқи олимона ва ҳамаҷониба нигаристаанд.
Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон донишманди барҷаста Муҳаммадҷон Шакурӣ ба як чеҳраи воқеан мондагори сиёсӣ низ табдил ёфт, бешубҳа, дар радифи сутунҳои пойдевори худшиносии миллии қарни XXI қарор гирифт.
Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба сони чароғдор ҳаммеҳанонро аз зулмот ҳамеша сўи хуршеду гармӣ раҳнамун месохт ва ҳазорон-ҳазор ҳаммиллатон аз омўзаҳои ин абармарди илму маърифат ниёз бардоштаанд. Ҳоло ба хотири шинохти бештари мақоми ин фарзонафарзанд ва посдошти ёди ў санаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти эшонро қайд менамоем.