Дар Китобхонаи миллӣ дастури библиографии “Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким” муаррифӣ шуд
Дастури билиографии “Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким”, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллии китобхона омода шудааст, бо ҳузури гарми ҷамъе аз адибон, донишмандон, муҳаққиқон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва хонандагон рӯнамоӣ шуд. Шоири халқии Тоҷикистони дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Аскар Ҳаким аз ҷумлаи шоирони маъруфи кишвар аст, осораш миёни ҳаводорони шеъру адаб маъруфияти зиёд дорад. Устод пайваста дар ҷустуҷӯву эҷод аст ва ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрияҳои кишвар ашъори тозаи худро ба ҳаводорони шеъру нақд пешкаш мекунад.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар суханронии муқаддамотии худ аз иқдомоти охири ин боргоҳи маърифат ҷиҳати таҳия ва чопи дастурҳои библиографӣ ҳарф зад ва гуфт, ки кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар баробари хизматрасонӣ ба доираи васеи хонандагон, баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ инчунин ба тарҷумаву таҳияи китобҳои соҳавию таърихӣ ва нашри дастурҳои методию библиографӣ низ шуғл меварзанд. Таҳияи дастурҳои библиографӣ дар бораи рўзгору осори шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва адабу таърихи кишвар тавассути шуъбаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, хизматрасонии библиографӣ, адабиёти хориҷӣ, адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, библиографияи миллӣ ва дигар марказу шуъбаҳои Китобхона сурат мегирад.
Директори Китобхонаи миллӣ бо ёдоварӣ аз пешинаи таҳияи дастурҳои билиографӣ дар идомаи суханрониаш афзуд: Дар ду соли охир Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади танзиму феҳристбандӣ ва омўзишу тарғиби осори адабии адибони номвари тоҷик Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Гулназар Келдӣ ва Назри Яздон дастурҳои библиографии осори онҳоро дар шакли нисбатан комил омода намуда, ба аҳли илму адаби кишвар ва доираи васеи хонандагон пешниҳод намуд.
Имрўз мо дар рўнамоии дастури библиографӣ бо унвони “Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким: маҷмўаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” қарор дорем, ки идомаи мантиқии ин риштаи фаъолияти Китобхонаи миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар нишаст ҳамчунин адибону донишмандони маъруфи кишвар Кароматулло Олимов, Боймурод Шарифзода, Муҳаммад Ғоиб, Шаҳрия Аҳтамзод, Анзурат Маликзод, Сайфиддин Назарзода, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Муллозуҳур Тоҳирӣ, Абдуллоҳи Раҳнамо ва дигар суханронӣ карданд ва дар бораи паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти адиби шинохта изҳори назар намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дастури библиографии “Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким” аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ омода шуда, мураттибони он Ҷўрабой Раҷабов, Фазолат Набобова мебошад. Муҳаррир Г. Маҳмудов, пажўҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Сабоҳат Иброҳимова, Бибикубрия Қурбонова, Хуршеда Ҷураева мебошанд.
Маҷмўа зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар нашриёти «Меҳроҷ Граф» бо теъдоди 100 нусха дар ҳаҷми 303 саҳифа рӯи чоп омадааст.
Дастур аз пешгуфтор, ду қисми асосӣ ва кўмакфеҳристҳо иборат мебошад. Дар қисми аввал номгўйи осори дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи осори дар нашрияҳои даврии чопӣ ва электронӣ интишорёфта гирдоварӣ шудаанд.
Қисми дуюми дастур адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти эҷодии Аскар Ҳаким ва маводҳо дар бораи ўро дар бар мегирад.
Номгўйи ҳамаи асарҳо ба забони асл ва тибқи меъёрҳои стандартӣ оварда шудаанд. Мундариҷаи асарҳои калонҳаҷм ба таври мухтасар шарҳ дода шуда ва асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ комил гардонида шудаанд.
Номгўйи ҳамаи асарҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тасвир шудаанд.
Дастури мазкур маводи чопию электронии солҳои 1978-2019 нашршударо низ дар бар мегирад. Он дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб-сайтҳои шабакаи умумиҷаҳонии Интернет таҳия шудааст.
Библиографияи миллӣ.