Ашъори наву куҳани шоирон дар ситоиши Бадахшон

Зарфи чанд рӯзи ноамнӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз баҳс буд ва бахше аз ин навиштаҳо ашъори пурмуҳтавои шоирони тоҷик буданд, ки ҳамеша накҳати сулҳу оштӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро ба машом мерасонданд. Чанде аз онҳоро ин ҷо гирд овардем.

 ГУЛРУХСОР. Пораи қалби бузурги Тоҷикистон аст, Помир!

Парчамафшони ғурури ман, Бадахшоно, бимоно,

Ман дигар Суҳроби қурбонӣ надорам, Ориёно!!!

Ғалабаи адли солиму хиради комил, муборак бод, ганҷинадори Ориёнои бузург, Бадахшон!

Дарахтони баландро барқ мезанад. Бадахшон, эй баландтар аз ҳама баландиҳо, эй хонаи хуршед, эй хиттаи нозанини Ватан, ҳама гуна барқу офат аз сари гардунписандат дур бод!

ПОРАИ ҚАЛБИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН АСТ, ПОМИР!

“Куҷо кӯҳ аст, Инсон аст!…”*

Кӯҳи рӯҳи Меҳану меҳанпарастон аст Помир,

Пораи қалби бузурги Тоҷикистон аст Помир,

Дар китоби санг, дар девони сабзи кӯҳсор,

Достони безаволи меҳри Яздон аст Помир!

Рози кайҳон аст Помир!

Нест осон вориси халқи баландандеш будан,

Бо уқобон пар кушудан, бо ғизолон хеш будан,

Дар сари гаҳвораву тобут салламно сурудан,

Оламе аз олами пайдои пинҳон аст Помир!

Кӯҳи ирфон аст Помир!

Исми Помир дар забони худшиносон исми хос аст,

Лаҳҷаву лаҳну забонаш дар ҷаҳон беиқтибос аст.

Дар шаҳомат бе рақобат, дар рафоқат беқиёс аст,

Хоки поки бегазанди Тоҷикистон аст Помир.

Лаъли тобон аст Помир!

Зиндадори лаҳҷаву лаҳни ниёкон аст Помир,

Занду Позанду Авастои фарафшон аст Помир,

Сарвати хуршедии лаъли Бадахшон аст Помир!

Пайкари шаъну шукӯҳи Тоҷикистон аст Помир!

Рӯҳи Инсон аст Помир!

__________

Иқтибос аз шеъри “Помир”-и муаллиф, ки соли 1972 иншо шудааст.

 

ШАҲРИЯ АҲТАМЗОД

Ман модараму зи нолиши ҷон гирям,

Бар гулкафанони пур зи армон гирям.

Бинам,бачамо, гӯяду фарëд занад

Ҳамроҳ ба Модари Бадахшон гирям.

 

 

БУЗУРГМЕҲРИ БАХОДУР. Бадахшонро намебахшам!

Барои тахт ё махзан Бадахшонро намебахшам,

Умедатро бикан душман, Бадахшонро намебахшам.

Фазоро тира мехоҳӣ, ҳаворо хира мехоҳӣ,

Шавад чашми ту норавшан, Бадахшонро намебахшам.

Бароям санги сахташ нарм аз болини қу бошад,

Қасам бар нармии савсан, Бадахшонро намебахшам.

Қасам бар қуллаи Исмоили Сомонии [1] миллат,

Қасам бар парчами Меҳан, Бадахшонро намебахшам.

Қасам бар партави Хуршед, шабро мекунам инкор,

Фурӯзон оташи гулхан, Бадахшонро намебахшам.

Қасам бар нолаи Ому, ки он сӯ ҳам Бадахшон аст,

Дили озурдаро нашкан, Бадахшонро намебахшам.

На сангар хоҳам аз сангаш, фараҳ хоҳам зи фарҳангаш,

Қасам бар маънии будан, Бадахшонро намебахшам!

Маро ҳар санг саҷҷода, маро ҳар сарв сарвода,

Бадахшон аз манӣ, аз ман, Бадахшонро намебахшам!

___________________

[1] Яке аз бландтарин қуллаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 

 

НУҚРА СУННАТНИЁ. БАДАХШОНӢ

 

Ба рӯи санг бигзорад намозашро бадахшонӣ,

Ба чашмам доғи ҳар сангаш намояд нақши пешонӣ.

Зи оби новадонаш бишнавам пайғоми пайғамбар,

Лаби ҷар чолёбашро гуморам тахти султонӣ.

Барорад об аз чашму биёрад хок дар мижгон,

Ба фарқи хора сабзонад ҳинову усмаву райҳон.

Дуторашро занад нохун чу Зӯҳра дар бари гардун

Ба санги тахт густурда барои меҳмонаш хон.

Ба арзон мебаранд аз ӯ агарчи лаъли яздонӣ,

Чӣ қиммат меканад, аммо бари кӯҳу камар ҷоне.

Бубин то қуллаҳо роҳаш баровардаст бо ханҷор

Барои хӯшаи гандум, барои пораи ноне.

Ба мисли тоқии шуғнӣ бари як қӯллае чанбар

Кунун ҳам деҳаи хурде зи аҳди Нуҳи пайғамбар.

Зи боми хонааш чашми дарича сӯи гардун боз,

Кунад равшан маконашро шабонгаҳ нури як ахтар.

Нанолад лек аз бахту надорад шиква аз гардун,

Ба оби чашмааш шӯяд ғубори дил бадахшонӣ.

Миёни хонаи сангӣ, ба даври оташи қудсӣ,

АДОЛАТРО, МУҲАББАТРО, ҲАҚИҚАТРО КУНАД БОНӢ!!!