Дар мизи гирди Китобхонаи миллӣ саҳми занонро дар рушди илм баррасӣ карданд

Салима Раҷабзода

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Шӯрои бонувони Китобхона ҳамоиши “Саҳми занон дар рушди илм” доир шуд. Дар он намояндагони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳрдории  Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Муассиса  ва рӯзноманигорон дар он ширкат варзиданд.  

Муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ, Салима Раҷабзода, ки маҳфилро ҳусни оғоз бахшид, иброз дошт, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол гардонидани нақши занон дар корҳои идории давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат муайян гардидааст.

Ў як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ”Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд  бародоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар ду марҳила (барои солҳои 2007-2016 ва солҳои 2017-2022), Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро , ки қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, ёдовар шуд .

Салима Раҷабзода ҳамчунин ёдовар шуд, ки  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” қабул карда шуд. Муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки барномаи мазкур доир ба мақом ва манзалати занон дар ҷомеа ва фаъолгардонии нақши онҳо дар соҳаҳои гуногун ва малакаи зеҳнии бонувон мебошад. Яке аз омилҳои таъсиррасону болоравии мансабии занон дар сатҳи донишу малакаҳои корӣ дида мешавад. Инчунин рушди истеъдоду маҳорати роҳбарӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, маърифату фарҳанги баланди муошират, суханварӣ, поктинатӣ, ахлоқи ҳамидаро аз муҳимтарин хислатҳои роҳбарӣ унвон кард.

Зарина АбдулманонзодаЗарина Абдулманонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, гуфт тибқи супоришҳои дар паёмҳои қаблӣ ироагардида танҳо дар ду соли охир ду санади муҳим-Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 қабул гардиданд. Ҳадафи асосии онро Абдулманонзода фароҳам овардани замина ва шароитҳои зарурӣ барои ба пуррагӣ зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори ҷомеа медонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти то ба 30 дарсад расондани теъдоди хидматчиёни давлатӣ ва то ба 25 дарсад расондани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, ҷалби занон ба раванди қабули қарорҳо ва пешбарӣ намудани занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои зарурӣ андешида шудаст, афзуд дар охири суҳбаташ Зарина Абдулманонзода.

саҳми занонМо ифтихор дорем, ки зани тоҷик дар ҳақиқат дар ҷомеа як ҷойгоҳи махсус дорад. Имрўз таҳти роҳбарӣ ва ғамхориву дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфузи бонуи тоҷик дар кишвар эҳсос мегардад. Бонуи тоҷик вазир аст, роҳбар аст, раиси ноҳия аст, дар ҳама сатҳо фаъолият дорад. Ин аз фармони тақдирсоз, яъне Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар чомеа аз 3-юми декабри соли 1999 маншаъ мегирад, иброз дошт Зарина Зуҳурзода, сардори  Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳри Душанбе

Аз рўзи ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданашон роҳбари давлат, бобати дастгирии занон санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расонданд. Аввалин вазири маориф баъди сарвари кишвар интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон бонуи босавод Бозгул Додхудоева буд, ки тавонист дар мушкилтарин солҳо ин бахши муҳимро сарпарастӣ кунад.

Муҳиба Мамадҷонова, сарходими  илмии Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ баргузории ин гуна чорабиниҳоро бо унвони “Саҳми зан дар рушди илм ” аз ибтикорҳои хуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи милли илмҳои Тоҷикистон  донист.

саҳми занонФарзона Мирзоева, сардори Маркази «Забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ»-и Китобхонаи миллӣ  зимни суҳбаташ дар мизи гирд гуфт ҳамасола 11 феврал бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид  Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм эълон гардидааст. Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар соҳаи илм рамзӣ буда, ҳадаф аз он эътирофи саҳми занон дар рушди илм ва корҳои илмии онҳо, ҷалби онҳо ба соҳаи илм, ҷалби тавваҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи занону духтарон, дастрасӣ ба илм, баробарҳуқуқии гендерӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар ин самт арзёбӣ мегардад.

Фарзона Мирзоева афзуд: Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони кишвар дар баробари мардон номуси ватандорӣ, ватандӯстиро бар дӯши худ гирифта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат кору фаъолият менамоянд. Гарчанде имрўз занону мардон дар ҷомеаи мо баробарҳуқуқанд, аммо масъулияти занони тоҷик нисбати мардон бештар аз пештар аст. Чун зани тоҷик қабл аз оне, ки ба илм сару кор гираду олим шавад, қабл аз ҳама ўро месазад, вазифаи ҷонии худ, ки дар хонавода бар дўши ўст, иҷро намояд. Масалан, зани тоҷик қабл аз ҳама бояд ба ҷамъугири хона, шустушў, руфту рўб, пухту паз, тарбияи дурусти фарзандонро бар ўҳда дорад. Дар давлатҳои ғарб чунин уҳдадориҳои занону мардон чӣ дар хона ва чӣ дар коргоҳ баробаранд. Аммо бар замми ин ҳама нигоҳ накарда, занони мо кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз сафи мардон қафо набошанду дар ҷодаи илму маърифат пайроҳа меҷўянд, гарчанде  ин ҳама масъулияти бузургро тақозо менамояд. Ҳамаи ин масъулияти зиёди зани тоҷикро Пешвои маҳбубамон ба инобат гирифта, нисбати занону бонувон таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд.

саҳми занонШукр мекунем, ки имрӯзҳо даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба тасвиб расида, иҷроиши он таҳти назорати бевоситаи  Пешвои миллатамон мебошад. Мо аз он ифтихормандем, ки Ҷаноби Олӣ дар ҳар як баромади худ нисбати нақши созандаву ободкор доштани занон эътимод ва боварии комил дошта, мудом мо занону модаронро пуштибонӣ мекунанд,-гуфт ӯ.

Дар охир миёни иштирокчиён дар доираи мавзӯи ҳамоиш табодули афкор сурат гирифт.

Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.