Дастнависи ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз бо қалами Мулло Муҳаммади Саҳҳоф
Нусхаи мазкур таҳти рақами инвентарии 1912 дар шуъба нигаҳдорӣ мешавад. Ин нусха мукаммал буда, аз анвоъи ғазал, дубайтӣ, маснавӣ, мухаммас, қитъа ва рубоиёт ва инчунин аз 229 варақ иборат мебошад. Бояд зикр намуд, ки муқаддима ва оғози китобҳои кӯҳан ҳамааш бо номи “بسمله” шурўъ мешуданд, зеро дар он замон талабот ва шакли китоб нависӣ ҳамин гуна амалро тақозо мекард .
Аввалу оғози китоб бо номи ҳамон мисраъҳои шеърии Хоҷа Ҳофиз оғоз мешавад:
الا یا ایها الساقی ادر کأساً و ناولها
که عشق آسان نمود اول ولی افتاد مشکلها.
Анҷоми матн бошад ин гуна:
نی دولت دنیا بستم می ارزد،
نی لذت شادی بالم می ارزد.
نی هفت هزارساله شادی جهان،
این محنت یکدو روزه غم میارزد
Ғазалҳо дар ду сутун китобат шуда, дар ҳар як саҳифа 11 сатр ҷой дода шудааст. Навъи хат насталиқи зебо ва хоно буда, навъи коғаз қўқандӣ мебошад.
Тамоми ашъори шоир дар дохили ҷадвали рангаш қирмизӣ ва байтҳои охири ҳар ғазал ва дигар анвои шеърӣ низ бо ранги сурх навишта шудааст.
Котиб дар анҷомаи нусха санаи китобати нусхаро соли 1257 ҳ/қ. баробар ба соли 1841 мелодӣ мебошад, зикр намудааст.
Матни колофон чунин аст:
تمت الکتاب شد بتوفیق خدای لاینام این کتابت روز چهارشنبه تمام سنه 1257
Дар бадрақаи оғози китоб салоти шариф, ки мусаммо ба Салоти танҷино ва дар саҳифаи баъдӣ як рубоӣ ва ҳадиси Пайғамбар (с) навишта шудааст. Дар бадрақаҳои охири нусха низ якчанд шеърҳо аз муаллифони номаълум оварда шудааст. Дар варақи 68-ум як қитъа ва як ғазал ба шоир Убайдӣ, инчунин дар ҳошияи варақи 174-ум низ порчаҳои шеъре, ки ба Хоҷа Ҳофиз марбут нест, китобат шудааст.
Даффатайни нусха ранги сурху ҷигарӣ дошта, турунҷ ва ду сартурунҷ дорад, инчунин бо нақшу нигори зебо оро дода шудааст. Дар сартурунҷҳо номи Мулло Муҳаммади Саҳҳоф ҳаккокӣ шудааст.
Аз аввал то охири нусха назар андохта, ягон мўҳре ба чашм нарасид. Вазъи нусха хуб аст ва ба таъмири ҷиддӣ ниёз надорад.
Андозаи нусха 26,6х 15,4 см. буда, андозаи матн 17,9х 10,1 см. мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи ташаббуси ғамхоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангие, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондаанд, кормандони шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ҳамасола теъдоди чунин китобҳоро ба воситаи тарғибу ташвиқ ва ҷалби соҳибони нусхаҳо вобаста ба имконот, афзуда истодаанд. Аз ҷумла, Ҳукумати кишвар дар ин самт пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар оянда ин падидаро боз ҳам инкишоф хоҳад дод.
Хушбахтона имрӯзҳо, тибқи ин барномаи қабул шуда дар Китобхонаи миллӣ зиёда аз 2700 китобҳои дастхат аз асрҳои XIII то аввали асри XX ва инчунин тақрибан 2500 китобҳои чопи сангӣ ҷамъоварӣ шуда, дар махзанҳои махсуси шуъба маҳфуз дошта шудааст.
Зайдуллоҳи АБДУЛЛОҲ,
шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир.