Душанбе! Ту шаҳри орзуҳои моӣ…
Маҳз даврони соҳибистиқлолӣ ба таърихи зиндагии миллати тоҷик дастовардҳои беназирро ҳадя сохт, ки мо дар ҳар як гӯшаи ин давлати соҳибистиқлол дида метавонем. Хосатан дастовардҳои шаҳри Душанбе дар давоми 30-соли истиқлолият беназиранд, дурахшонтарин айёме, ки пойтахти давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ муррифиву шинохта кард, маҳз даврони истиқлолият аст.
Албатта, лозим ба ёдоварист, ки дар ин радиф саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоён аст. Қабули як қатор барномаҳои рушди давлатӣ барои зебову дилрабо намудани шаҳри Душанбе имрўз боис гашт, ки аз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун яке аз шаҳрҳои зеботарини дунё ном баранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарпарастии Пешвои миллат давоми 30 соли охир талош намуд, ки аз гӯшаву канори олам барои сарсабз гардонидани ин гӯшаи диёр гулу буттаҳо ва ниҳолу дарахтони сояафканро харидорӣ намуда, дар ҳар як нуқтаи шаҳр гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатӣ ташкил намоянд ва ин оҳиста-оҳиста боиси он гашт, ки дар ҳудуди чор ноҳияи шаҳри Душанбе боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба истифода дода шавад, ки сокинону меҳмонон ва сайёҳон аз он баҳраманд гарданд.
Имрўз мо гуфта метавонем, ки шаҳри Душанбе дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ роҳи сатсолаеро тай намуд. Инчунин ҳар як фарди сокини Душанбешаҳр ифтихор аз он доранд, ки бошандаи шаҳри зебову диданӣ ҳастанд. Сол то сол пешравию шукуфоии ин шаҳри дилрабо орзўи мо насли ватансоз аст.
Малика Абдуллоева
шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.