Хуб аст, агар бидонем. Шасту панҷ мукофоти Байналмилалӣ ва унвонҳои фахрии Пешвои миллат

Эмомалӣ РаҳмонАнгезаи ин матлаб маводе шуд, ки чанде пеш дар бораи 50 унвон ва мукофотҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фейсбук ба чархиш омад. Ҳамкорамон аз шуъбаи Медиатекаи Президенти Тоҷикистон Бунафша Раҳмонова ин матлабро қиёс кард ва ба хулоса расид, ки Пешвои миллат на 50, балки 65 ҷоиза ва унвони байналмилалӣ доранд, ки ба тартиби зер аст:

 

  1. Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер
  2. Ордени нахустини алмосдори «Ситораи сарпараст» (29.03.2005);
  3. Ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд» (28.04.2005);
  4. Ордени Шӯрои олимпии Осиё (08.04.2009);
  5. Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷири заррини Латвия;
  6. Ордени Ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (15.09.2009);
  7. Ордени байналмилалии «Моҳи нав (Ҳилол) ва ситора» (19.05.2011);
  8. Ордени Президенти Туркманистон Битараплик (Бетарафӣ) (23.08.2012);
  9. Ордени Ҷумҳурии Сербия
  10. Ордени княз Ярослав Мудрий (Ҳаким, Оқил, Донишман), дараҷаи 1 (03.12.2008);
  11. Медали ҷашнии «Даҳсолагии Остона» (Қазоқистон)
  12. Медали тиллоии академик А.М.Терпигорев (16.11.2011);
  13. Медали “60 – солагии ЮНЕСКО” (20.08.2013);
  14. Медали тиллои Кумитаи олимпии Чин
  15. Медали тиллои ЮНЕСКО (05.05.2009)
  16. Медали тиллоии давлати Миср
  17. Медали тиллои «Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо»;
  18. Медали тиллои Кумитаи Олимпии Хитой
  19. Мукофоти сулҳи Созмони Милали Муттаҳид (соли 2007);
  20. Мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии Федератсияи Россия – медали тиллоӣ;
  21. Мукофоти олии давлатии Украина – орден «Барои хизматҳо» дараҷаи 1 (15.12.2011);
  22. Мукофоти Давлати Кувайт ордени “Муборак Алкабир”;
  23. Мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев (12.07.2012);
  24. Мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ” (Ордени Подшоҳӣ);
  25. Мукофоти олии Федератсияи Россия, Ордени Александр Невский (26.02.2017);
  26. Мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Россия – Медали тиллоии ба номи Николай Блохин;
  27. Мукофоти олии давлатӣ- Нишони Покистон
  28. Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср»
  29. Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (соли 2007);
  30. Президенти фахрии Федератсияи Самбои Осиёи Миёна
  31. Унвони Шаҳрванди фахрии пойтахти Қирғизистон
  32. Шаҳрванди фахрии Шанҳойи музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии халқии Чин
  33. Унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри ХХI (18.08.2011);
  34. Профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Л.Н.Гумилёв
  35. Профессори фахрии фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ
  36. Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кўҳии Урал (соли 2009);
  37. Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов (соли 2009);
  38. Профессори Донишгоҳи миллии кўҳкории Украина
  39. Профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан
  40. Профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон
  41. Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Беларус
  42. Профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия
  43. Профессори фахрии Донишгоҳи нафтию техникии Уфа (соли 2015);
  44. Профессори фахрии Маркази аврупоии таҳқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел)
  45. Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Шанҳойи Ҷумҳурии халқии Чин
  46. Доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон
  47. Доктори фахрии Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қуния
  48. Доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия (соли 2009);
  49. Доктори фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия;
  50. Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко (11.12.2008);
  51. Дорандаи калиди рамзи тиллои шаҳри Умнон ва унвони олии Шаҳрванди фахрии шаҳри Умнони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун (09.12.2017);
  52. Ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия;
  53. Медали тиллоии арҷгузорӣ ба Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ)-и ЮНЕСКО;
  54. Медали тиллоии Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб (16.07.2007);
  55. Медали тиллоии ҷашнӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино (05.11.2022);
  56. Медали тиллоии Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият (04.08.2004);
  57. Мукофоти байналмилалии Пётри Кабир (соли 2002);
  58. Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон, Ордени “Эл Юрт Ҳурмати” (16.08.2018);
  59. Ордени “Достиқ” дараҷаи аввал (04.10.2002);
  60. Ордени “Се ситора” (Латвия, 09.07.2009);
  61. Ордени “Фаросат” (14.03.2018);
  62. Ситораи ёқути “Миротворетс” (25.06.2007);
  63. Профессори ифтихории Донишгоҳи Синсзияни Чин (соли 2010);
  64. Профессори ифтихории Донишкадаи Давлатии иқтисод ва Идораи Туркманистон (соли 2012);
  65. Доктори ифтихории Донишгоҳи Қоҳира (соли 2022);