Ин бахтам агар будӣ, бемор намегаштам…
Қозӣ Нуриддин Муҳаммади Исфаҳонӣ ал – Шаҳир ба Қозӣ Нур. Аз фузалои мунаққаҳи олимартабаи рўзгор аст. Вай ба бародараш Қозӣ Муиззиддин аз шогирдони Хоҷа Афзалиддин Муҳаммад Таркаи Исфаҳонӣ буданд. Дар миёни мардум машҳур ба Қозӣ Ҳимор буда. Тақии Авҳадӣ навишта, ки истиҳқоқи бародараш ба ин лақаб зиёда бар худаш буд. Ва гуфта , ки вайро дидаам, саъйи бисёр мекард, то як мисроъ мегуфт, аммо чунон мисрае буд, ки гунҷоиши ҳазор сол фикр дошт. Вафоташ дар санаи алф / 1591 – 92 буда.
Вайрост:
Ба дарди рашк мани мубтало чӣ мекардам,
Агар Худой намеофорид ҳиҷронро ?
*****
Шуълае з – оташи дўзах нафурўшам ба биҳишт,
Натавон буд агар бо дили ғамнок он ҷо.
*****
Ҷойи тараҳҳум аст ба ман, к – аз чунин ишқ,
Мехоҳам аз ту он чи, дар обу гили ту нест.
*****
Ба мо, бечорагон, мапсанд ин зулму макуш моро,
Ба шамшере, ки аз вай бўйи хуни дигарон ояд.
*****
Рафтам, бинолам аз ситамаш, боз тан задам,
Ханҷар бар ў кашидаму бар хештан задам.
*****
Гуфтӣ, ки фалон ҳаргиз аз ҳоли ту мепурсад ?
Ин бахтам агар будӣ, бемор намегаштам.
*****
Намедонам, чӣ ношоиста аз ман дар вуҷуд омад,
Ки ноқусам зи даст афтаду зуннор аз миён гум шуд ?!
*****
Мае, ки аз даҳани шиша чун фурў резад,
Лаби пиёла занад аз ҳарораташ табхол.
*****
Пеш аз ин нолидаам аз дарду акнун хомӯшам,
К- ин на он дард аст, к –аш дармон ба фарёде кунам.
*****
Ҳар устухон, ки дар тани мо буд, об шуд,
Алмос бар ҷароҳати мо беш аз ин мазан.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Саноат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.