Исфандёри муборизро бояд шинохт
Исфандёр таваллуд, тақрибан соли 1825-1827 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Сипаҳсолори тоҷик, яке аз фаъолони муборизаи мардумони Осиёи Миёна бар зидди ҳукумати шоҳии Русия (асри 19).
Дар ибтидо сарбоз, панҷоҳбошӣ, панҷсадбошӣ, ҳокими қалъаҳои Чодак, Косон, Сўх, Чуст ва Ашт буд. Дар овони ҷавонӣ дар шаҳрҳои Қўқанд, Намангон ва Тошканд оҳангарӣ мекард ва барои артиши Қўқанд силоҳҷангӣ месохт. Исфандёр аз рўи нақлу ривоятҳо дар маъракаҳои гўштингирӣ, вазнбардорӣ ва бузкашӣ пайваста иштирок карда, ғолиб меомад.
Аз 22 солагӣ дар хонигарии Қўқанд ходими ҳарбӣ буд. Чанд мудат ба ҳайси навкари ҳокими Тошканд Азизхоҷаи Парвоначӣ фаъолият дошт. Мувофиқи маълумоти «Таърихи Фарғона», Исфандёр дар ҷанги амир Насруллоҳ ва хонаи Қўқанд Шералихон (1845) ва дар шўриши шаҳри Тошканд (1847) иштирок намудааст. Қобилияти ҷангии Исфандёрро хонаи нави Қўқанд Худоёрхон ба назар гирифта, ўро ба вазифаҳои баланди ҳарбӣ муваззаф кард.
Солҳои 50-60-уми асри 19 артиши Рус ба ҳудуди хонаи Қўқанд, аз ҷумла шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Ҷиззах, Чимкент, Тошканд ҳуҷум кард. Исфандёр ҳамроҳи сарлашкар Олимқул дар ҳимояи ин шаҳрҳо иштирок карда, қаҳрамонӣ нишон дод. Дар се набард генерал М. Г. Черняевро шикаст дода, қисман аскарони русро асир ва безарар гардонид.
Соли 1869 бо фармони хони Қўқанд-Худоёрхон ҳокими қалъаи Афросиёби деҳаи Ашт таъйин гардид. Баъди ба Русия тобеъ гардидани хонигарии Қўқанд (1875) ва болоравии андозҳо 19 ноябри 1875 мардум таҳти сарварии Исфандёр алайҳи ҳукумати Русия шўриш бардошт.
20 ноябр Исфанёр бо дастаи тақрибан 800-нафара, дар назди қалъаи Афросиёб бар аскарони артиши рус ғолиб омад. Мубориза 2 рўз давом карда, тақрибан 140 нафар сарбози рус маҷрўҳ ва ҳалок шуданд. 15 декабр набарди дуввуми Исфандёр ба муқобили русҳо ба амал омад. Аксари муҳофизону ҳамроҳони Исфандёр дар муборизаи зидди артиши рус (роҳбарашон М. Д. Скобелов) ҳалок шуданд. Исфандёр баъди аз даст додани қалъа ба дастаи Абдураҳмони Офтобачӣ ва Пӯлодхон пайваст ва дар ҳимояи шаҳри Андиҷон бар муқобили артиши Рус иштирок кард.
24-уми январи 1876 дар шаҳри Андиҷон Исфандёр ва тарафдоронаш ба дасти русҳо ба дор овехта шуданд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2019. Ҷ.8. – 655-656. Муаллиф: Б. Темирзода.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ