Ёде аз Мавҷигул дар даҳумин соли реҳлаташ
Сиву се сол пеш “Занони Тоҷикистон”-маҷаллаи бонувони кишвар шояд бори аввал бо ду шеър ва лавҳае ба хонандагонаш Маҷигулро шинос кард. Мебоист акнун ин духтари хушсимое, ки дар олами шеър дунёи худро меҷуст, пайваста бо шеърҳои тоза меҳмони ин маҷалла ва нашрияҳои дигар мешуд. Аммо умри ӯ дароз набуд. Соли 2011 тарки олам кард, вале дар ёди дӯстон якумр бо ҳамон чеҳраи зебову лаҳни нотакрори гуфтор бимонд.
Мақолаи Наргис Расулова ва ду шеъри Мавҷигул Зардодхоноваи марҳумро, ки 33 сол пеш чоп шуда буд, меорем ва бо як каф дуо руҳи азизашро шод мекунем.
Мавҷи гул – мавҷи шеър
Саҳве намекунем, агар бигўем, ки дар он синф ҳама шеъртабъ буданд. Ҳама дилбохтаи шеър. Агар яке шеърро хуб бихонад, дигаре онро худ иншо менамуд. Ба ҳамдигар бо шеър саволу ҷавоб мекарданд. Рафту касе побанди коҳилӣ сустхониро пеша кунад, тамом. Худи ҳамон рўз барояш «қасидаи мадҳие» иншо мегардид. Шеърҳояшон порчаҳои манзумаи шогирдонае буданд, ки якеро вазн набошад, дигаре аз қофия маҳрум буд. Вале ҳарчӣ бошад ҳам, мекўшиданд то дурдонаҳои ганҷинаи дилро якояк ба риштаи назм бикашанд. Дар байни онҳо духтараки шўхчашму ситорагарме низ шеър мегуфт. Гуфтаҳояш нисбат ба шарикдарсон қадре равону хушоҳангтар буданд. Ў пайваста шеър мегуфт, вале чун пештара барои ҳазлу шўхӣ не, дигар, ҷиддӣ буд.
Кӣ бошад ин духтари шеърдўсту шеъргў? Кист оне, ки ҳамчун мавҷи гул ба муаттар намудани димоғу аз сина рабудани дилҳо камар бастааст?
Ў Мавҷигул буд. Оре, Маавҷигул, Мавҷигуле, ки шарикдарсон ба шўхи «мавҷи шеър» – аш мегуфтанд.
Вақте ки дўстдорони адаб маҳфили худро барпо карда, ба навиштаҳои навқаламонаю самимонаи худ онро биёростанд, Мавҷигул ҳам иштироки фаъолонаи худро дар он оғоз намуд. Он чӣ аз хома ба рўи саҳфа мерехт, пешкаши аъзоёни маҳфил мекард. Шеърҳои навшогирдонааш дар газетаи девории мактаб ва саҳифаҳои газетаи «Бадахшони советӣ» нашр гардид. Мисли оне, ки устои кулолгар аввалин кўзаи сохтаи щогирдашро ба даст гирифта, камию кости онро бифаҳмад ва кўзаро боз каме сайқал бахшояд, шоир Ширин Бунёд шеърҳои ўро таҳрир намуд, маслиҳатҳо дод ва дар ин роҳ устувор буданашро таъкид намуд.
Таҳсил ҳам ба охир расид, ки он анҷоми ташвишҳои кўҳану оғози ташвишҳои нав буд. Мавҷигул гўё аз боми хона ба дили он фуруд омад. Помир ба оғўши Душанбе супурдаш. Ў шомили факултети филологияи тоҷики УДТ ба номи В,И, Ленин гардид. Акнун масъулият барояш як бар даҳ афзуда буд. Пайваста ҷустуҷў мекард, мекўшид то ба суоли устодон ҷавоби пухтаву муносиб бигўяд. Ҳамчунин дар маҳфили «Адибони ҷавон» -и факултет шеъргўияшро идома медод.
Ман ўро дер боз мешинохтам, вале ғоибона. Дар сурате, ки дар як факултет мехонему дар як хобгоҳ зтиндагӣ мекунем, чӣ тавр ту ўро намедонӣ? – тааҷҷуб мекарданд дугонаҳоям. Шояд бо ў бисёр вохўрда, вале нашинохта бошӣ, ягон рўз нишонат медиҳам.
Вале ман худ ўро шинохтам. Оиди ҳусни ботиниву зоҳирӣ байни донишҷўён баҳси пуршиддат ба миён омада буд. Духтари хандонрўе, ки рухсораҳои аз шарм гулгунгаштааш боз ҳам зеботар нишонаш медод аз ҷо бархоста чанде ҳарф зад ва дар хотимаи суханаш байти шоирро таъкид намуд:
Таъна бар ман мазан бар сурати зишт,
Эй тиҳӣ аз фазилату инсоф!
Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,
Кор шамшер мекунад, на ғилоф.
Аз оҳангу самимияи гуфтораш пай бурдам, Мавҷигул ўст. Духтари ҳампаҳлўям низ фикри маро тасдиқ намуд. Баъдтар ҳамдигарро аз наздик шинохтем. Тавассути шеърҳои ў ман Боми Ҷаҳонро сайр менамудаму бо мардуми оддиву меҳнатдўсти он ҳамсўҳбатӣ мекардам.
– Имшаб шеъре навиштам – хушҳолона нидо мекунадам ў, канӣ як гўш кун.
Модарам дар тўрбофӣ фикри олӣ мекунад
Ёдгорӣ баҳри мо зарфи сафолӣ мекунад.
Гоҳ норозӣ, гаҳе болад зи кори духтараш
Роз бар ҳамсоязан аз турфа ҳоле мекунад.
Саргарми шеърхонӣ лаҳзае худро дар оғўши зодгоҳаш тасаввур намуд. Дар ҳаёлаш ҳама гирд омада, кулолгарӣ мекунанд.
– Ин тавр не, духтарам, чунин бикун, – роҳи корро нишон медиҳад модар. Боз ҳам хубтар сайқал бидеҳ.
…Ва Мавҷигул зери чашм як ба дастони модар нигоҳ мекунаду як ба дастони худ. «Канӣ, кўзаи кӣ нозуку хушрўтар аст. Кўза дар зери ангуштони маҳини духтарак шакли худро гирифтан мегирад. Чархи кулолгарӣ ҳамоно гирдгардон аст: чарх мезанаду чарх мезанад…
Шеър писандам омад. Акнун дар пеши назари ман духтаре меистод, ки боз якчанд ҳунарҳои зеборо дорост. Дар шеър ҳам кулолгарӣ бояд. Суханҳои зебо обу гилеро мемонад, ки мўҳтоҷи сайқал додан буда, маҳз ба туфайли маҳорату заҳмати бешумор шакли худро мегиранд.
Мавҷигул соҳиби дили ҳассосу табъи нозукест. Шеърҳои равону саршори муҳаббаташ шаҳодати онанд. Аз ниёгонамон ашъори Ҷалолиддини Румиву Ҳофизро бештар мепарастад.
– Онҳо водор месозанд, ки то як поси шаб Ҳофизу румихонӣ кунам ё худ ҳанўз субҳ надамида бархезаму китоб дар даст гирам.
Дар шеъри «Чарх»- аш Мавҷигул менависад:
Менишинам дар сари чархи куҳан,
Ришта мерасам дар он нарму нафис,
Ғиж-ғижи чархам бигўяд баҳри ман:
Риштаи дилҳо ба ҳам пайваста рес.
Хомаи шоир сўзан ва байтҳои ў риштаҳои нозуканд, ки аз рагу пайванди ҷону дили ў бурун меоянд. Шоираи ҷавон дар нияти он аст, ки ба ҳамин риштаҳо дилҳоро ба ҳам пайвандад, то одамонро ҳамеша дилу ҷон ба ҳам сириштаву якҷо бошад.
Муаллиф: Наргис Расулова
Шоҳиди ишқ
Хонаи ободи ту обод бод,
Хонаи умеди ту бунёд бод.
Меравам ман, меравам бебозгашт,
Хотират бо ёди дигар шод бод.
Чун биёбӣ бахт бо ёди дигар
Нахли бахти умри ту шамшод бод.
Дар вафодорӣ агар Хусрав нашуд
Дар вафою орзу Фарҳод бод.
Ёди манро то ба хотир н-оварӣ
Хотират аз қайди ман озод бод.
Шоҳиди ишқи ману ту шаҳчинор
Баргҳои шаҳчинорат ёд бод.
Аз рашк ҳамесўзам…
Бо ишқ дилам зебо дар ҳусн на зебоям
Дар роҳи ҳаёти худ роҳи ту ҳамепоям.
Гул чида ба ёди ту монда чу ба зулфи хеш
Ман мўи парешонро бо ёди ту ороям.
Ин хонаи ту бозор, ин хилвати ман ғамзо
Сўйи ту ҳамехоҳам сўи ту намеоям.
Ҷонони туро ҷонон ман ошиқи ту ҳайрон
Аз рашк ҳамесўзам аз рашк наосоям.
Бозчоп аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”. – 1988. – №6. – С. 12.
Таҳияи Марзия Зардодхонова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.