Ёди Абдулло Қодирии Мумтоз баъди 15 соли даргузашт
15 сол пеш дар чунин рӯзе Абдулло Қодирии Мумтоз, яке аз бузругтарин таронанависони тоҷик аз олам гузашт. Ӯ 1 январи 1936 дар маҳаллаи Сариосиёи Поёни шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда буд. Дар муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Маориф», Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ифои вазифа намудааст. Муддате сардабирии шуъбаи табъу нашри Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии ҷумҳуриро бар уҳда доштааст.
Ҳанӯз аз давраи дар дабистон таҳсил карданаш ашъори ӯ дар маҷаллаву рӯзномаҳо мураттабан интишор ёфтаанд. Аз аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба ашъори ӯ тадриҷан оҳангсозон ва овозхонони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва ҳамчун шоири таронанавис машҳур гаштааст. Солҳои охир таронаҳои ӯро на танҳо ҳунарпешагони тоҷик, балки овозхонони машҳури Ӯзбекистон – Тамарахонум, Илёс Маллаев, Юлдуз Усмонова, Қароқалпоқистон – Гулшод Отаҷонова, Туркманистон – Бобомурод Ҳамдамов, Она Қулиева, Озарбойҷон – Пӯлод Булбул-оғлӣ, Афғонистон – Аҳмад Зоҳир, Сорбон, Хаёл, Афсона, Аҳмад Наими Пӯпал, Покистон – Аҳмадхон, Эрон – Сулӣ, Меҳрдоди Козимӣ, Амрико – Саттор ва Милод тараннум мекунанд.
Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Риштаи тасвир» (1979), «Хандаи субҳ» (1982), «Боргоҳи ишқ» (1983), «Чамани хаёл» (1985), «Оби нуқра» (1986), «Айёми гул» (1989), «Гулшани роз» (ба ҳуруфи форсӣ, 1992), «Баҳои ҷон» (1993), «Сабзаи мижгон» (2000), «Сукути гиряҳо» (2004), «Меҳроби сухан» (2004) ва ғайра ва дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.
Ғайр аз ин, ҳамроҳи Ноёбшоҳи Зуробек як силсила очерк навиштааст, ки дар китоби «Саодати омӯзгор» (1987) гирдоварӣ ва чоп шудаанд.
Шеъру таронаҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ мунташир гардидаанд.
Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ, «Ветерани меҳнат» (1998).
Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
24 майи соли 2009 аз олам даргузашт.
Ёдаш гиромӣ бод.
Ин у шеър аз ӯст.
ВАТАН
Ватанам нури басар, ҷони ман аст,
Ватанам шўҳрати даврони ман аст.
Нест хуштар зи Ватан ҷои дигар,
Ватанам равзаву ризвони ман аст.
Меҳраш омехта андар рагу хун,
Ватанам қудрати дармони ман аст.
Ватанам оинаи роҳнамост,
Ватанам бахти дурахшони ман аст.
Ҳастии худ ба раҳаш сарф кунам,
Ба фидояш сару сомони ман аст.
Дар вафо, ҳамчу қасам, мустаҳкам,
Ба Ватан ваъдаву паймони ман аст.
Чун наболам зи саодат, ки Ватан,
Чашмаи нағмаву илҳоми ман аст.
Гар адў қасд кунад, синаи ў.
Ҳадафи дашнаву пайкони ман аст.
Нашъае обу ҳавояш бидиҳад.
Меҳри ў дар дили ҷўшони ман аст.
Бо Ватан зиндаву поянда манам.
Ватанам нури басар, ҷони ман аст.
НАВРЎЗ
Наврўзи чеҳрахандон дебои сабз дар бар,
Аз лолаву бунафша бар сар ниҳода чанбар,
Омад ба мулки тоҷик бо файзу ҳусни дигар,
Бодо муборак имрўз.
Аёми неки Наврўз!
Бикшод тоб сунбул, чун ёр зулфи мушкин,
Дар боғ ҷилва бинмуд аз боди субҳ насрин,
Гулгашт шуд муаттар аз накҳати раёҳин,
Булбул ба васфи Наврўз,
Ово намуд то рўз.
Шуд ҷўр нои чўпон бо сози марди деҳкон,
Мавҷи суруди меҳнат рафта ба авҷи кайҳон,
Ҳар сўй ҷўши кор аст аз ғайрати далерон,
Дар ин диёри фирўз,
Ид аст, иди Наврўз.
Хуршед босахо гашт, борид абр борон,
Гулхандаи замин шуд рӯзи нави баҳорон.
Гуфто ба шавқ деҳқон: «Ҳосил шавад фаровон,
Аз нақши пои Наврўз,
Олам бишуд дилафрўз!»
Таҳияи Ганҷина Имомназарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.