«60 соли музаффарияту бурдборӣ»

Ин китоб соли 2023 ба табъ расидааст ва ба 60-умин солгарди таъсисёбии муассисаи давлатии «Мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев» бахшида шудааст.

Дар сарсухани китоб омадааст, ки дар партави ташаккулёбии инсони комил, накши ҳунарҳои нафиса, аз ҷумала, ҳунари мусиқӣ аз бузургтарин омили маърифатӣ- маънавӣ дар зиндагиномаи инсон ба шумор меравад. Санъати мусиқӣ ин тоҷи сари ҷамъи ҳунарҳои дунё шинохта шуда, барои санъати сухан ҳамчун зару зевар дар хидмат мебошад.

Хунари мусиқӣ дар ҷараёни амалии хеш пеш аз ҳама таъсиррасониашро ба нозукиҳои ҳиссёт равона месозад. Ҳиссётҳо бошанд, дар навбати худ хеле барвакт, яъне аз батни модар сарчашма гирифта, мунтазам ба камолёбии кӯдакон ҳиссагузор мегардад, Инчунин ба инобат бояд гирифт, ки ҳиссётҳо нисбати сухани воло хеле барвақт дар вуҷуди инсон пайдо мешаванд.  Дар ин хусус Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) чунин гуфтааст:

Кӯдак аввал чун бизояд ширнӯш,
Муддате хомӯш бошад, ҷумла гӯш…

З-он, ки аввал самъ бояд нутқро,
Сӯи мантиқ аз раҳи самъ андар-о…

Китоби “60 соли музаффарияту бурдборӣ” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.