Юсуф Акбарзода: Соҳиби ин забон кист?
Посухи ин суолро метавон аз китобе бо ҳамин ном дарёфт, ки ба қалами донишманди маъруфи тоҷик марҳум Юсуф Акбарзода навишта шудаву соли 2009 Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон нашр кардааст.
Доктор Алиасғари Шеърдӯст, Сафири пешини Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгуфтор ба китоб навиштааст:
Сарзамини Мовароуннаҳр аз даврони қадим қаламрави густариши забони форсӣ маҳсуб мешуд ва дар ин қаламрав дар қарни IV ҳиҷрӣ (X мелодӣ) давлати Сомониён ба эҳёи забону адаби форсӣ пардохт ва Бухоро, ки аз марокизи муҳимми илмӣ ва адабии Фарорӯд буд, ба гаҳвораи забони форсии нав ва шеъру адаби форсии даврони исломӣ табдил ёфт. Забони форсӣ дар замони Сомониён ба ҳадде дар мудирияти давлат ва зиндагии ҷомеаи қуруни вусто таъсир дошт, ки дар даврони пас аз Сомониён то авоили қарни XX мелодӣ бо вуҷуде ки намояндагони ақвоми ғайриэронӣ салтанат карда буданд, забони форсӣ ба унвони забони мудирияти давлат ва забони илму фарҳангу адаби он даврон ривоҷ дошт.
Зимни баҳсҳои забоншинохтӣ дар даҳаҳои дувуму севуми қарни XX милодӣ бисёре аз мавзуоту мушкилоти забони адабии тоҷикӣ матраҳ гардид ва забони форсии Тоҷикистон «забони тоҷикӣ» хонда шуд ва тасмим гирифта шуд, ки лаҳҷаҳои Бухоро ва Самарқанд ба унвони пояе барои забони адабии тоҷикӣ пазируфта шавад. Ва баъд аз он таҳти фишори ҳукумати марказӣ хатти форсӣ ибтидо табдил ба хатти лотинӣ шуд ва пас аз даҳ сол аз хатти лотинӣ ба хатти сирилики русӣ мубаддал шуд. масили марбут ба имло ва сабки забони адабии муосири тоҷикӣ низ дар доираи ҳамин тасмимгириҳои баррасӣ гардид. Илова бар ин, забони тоҷикӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ мисли соири забонҳои милли мардумони шӯравӣ таҳти таъсиру нуфузи забони русӣ қарор гирифт, то ҳадде ки боиси дигаргуниҳое дар низоми сарфу наҳв ва сабки забони адабии муосири тоҷикӣ гардид.
Китоби ҳозир таҳти унвони «Соҳиби забон кист?» маҷмӯаи мақолоти оқои Юсуф Акбарзода дар бораи вазъи забони тоҷикӣ,тасвиби Қонуни забон ва риояти ин қонун, ислоҳи забони адабии тоҷикӣ, мавзуоти имло ва сабки забони тоҷикӣ ва ғайра аст, ки дар авохири замони шӯравӣ ва авоили даврони истиқлоли миллии Тоҷикистон дар матбуоти гуногуни Тоҷикистон ба табъ расида буд ва то ҳудуде нишонгари назароту афкори милли равшанфикрони тоҷик дар он даврон аст.
Оқои Юсуф Акбарзода асосан муҳаққиқи адабиёт аст ва дар мақолоту кутуби вай, ки дар даврони шуравӣ таълиф шуда, масоили мухталифи адабиёти тоҷикӣ, ба вежа шеъри муосири тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Вай тайи муддати чандин сол дар шӯъбаи адабиёти муосири тоҷикӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон ба таҳқиқи адабиёти навини тоҷикӣ машғул буд ва сипас фаъолиятҳои илмии худро дар Кумитаи истилоҳоти Академияи улуми Тоҷикистон идома дод.
Ҳаводиси даврони ахири Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷунбишҳои истиқлолталабӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ ва раҳо кардани забону фарҳанги миллии тоҷикӣ аз султаи забону фарҳанги русӣ ва бозгашт ба сухани фарҳангии пешин вайро во дошт, то ба масоили тоҷикӣ рӯ оварад.
Аз он ҷое ки нашри гуна маҷмӯаҳо моро бо вазъияту шароити забон ва хатту имлои тоҷикӣ ва баҳсҳои перомуни онҳо, ки дар байни солҳои ахири қарни XX ва оғози қарни XXI мелодӣ вуҷуд дошт, ошно месозад, лизо инҷониб ҷиҳати огоҳии бештари хонандагон ва шинохти саҳеҳтари донандагон аз масоиле, ки перомуни забону хатти тоҷикӣ вуҷуд дошт, ба нашри он мубодират намуд. Умедворам то ин асар вофии мақсуд ва ҳадяи дигаре бошад ба муҳаққиқону алоқамандони се кишвари форсизабон ва ҳамаи эроншиносон дар ҳамаи нукот.
Доктор Алиасғари Шеърдӯст, Сафири пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон.
Хонандагон китоби Юсуф Акбарзода “Соҳиби ин забон кист?”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Зуҳро Норова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи нигаҳдории китоб.