Каланбавии турк – муаллифи таълиқоте бар китоби «Фавоиду-з-зиёия»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ

китобИсмоил ибни Мустафо ибни Маҳмуд (1730, Галанба-1970, Истанбул), риёзидон, ҳандасадон, мантиқшинос, мутакаллим, фақеҳ ва усулии турк. Бо забони туркӣ ва англисӣ иншо кардааст. Аҷдоди Каланбавӣ ҳама аҳли илму фазл буданд.

Аз 9-солагӣ ба омўзиши илм шурўъ карда, ба Истанбул омад ва назди устодони машҳур дарс хонд. Устодони Каланбавӣ: Шайх Усмон ибни Мустафо ибни Иброҳими Ёсинӣ (фавт 1800), Муҳаммад ал-Амин ибни Юсуф ибни Исмоил ибни Абдуллатифи Азолӣ маъруф ба Ибни Муфтии Анатолӣ (1734-1834) ва дигарон.

Дар 33-солагӣ ба унвони «Мударрис», ки баландтарин мақоми таълимӣ дар ҷомеаи илмии Туркия буд, сазовор гашт. Аввали соли 1970 қозии Якешаҳр таъйин шуд ва охири ҳамин сол даргузашт.

Донишмандон – Халили Ақҳисорӣ, Муҳаммадамин ибни Усмони Заъфаронбўлӣ, Абдулваҳҳоб ибни Усмони Ёсинӣ, Алии Фикрӣ ибни Муҳаммадсолеҳ аз ҷумлаи шогирдони Каланбавӣ мебошанд.

Рисолаҳои Каланбавӣ дар мавриди алгоритм бозии шатранҷ, усули мунозара, ҷабру муқобала, ҳошияи навиштаи ў бар китобҳои Абулфатҳ «Таҳзибу-л-мантиқ» ва «Одоб» ва махсусан ҳошияи ў бар «Шарҳи Азудӣ»-и Ҷалолуддини Давонӣ арзиши баланди илмию методологӣ доранд. Каланбавӣ таълиқе бар китоби «Фавоиду-з-зиёия»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ низ навиштааст.

Аз хонадони Каланбавӣ Саййид Муҳаммадҷамолуддини Афандӣ (1848-1917) раиси маҷлиси вазирони давлати усмонӣ, Саййид Боҳо Каланбавӣ – яке аз пешгомони синамои Турк ва Ирол Каланбав –проффессори Колеҷи империалии Лондон машҳуранд.

Дар шаҳри Истанбул мадрасаеро ба номи ў гузоштаанд.

Аз Каланбавӣ 35 асари илмӣ боқӣ мондааст.

Бозчон аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 254.
Муаллиф: М. Шамсов.

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.